Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия ва Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар нишасти хабариашон дар масъалаи Украина изҳори назар накарданд.

Дар нишасти матбуотии Валентина Матвиенко ва Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки шоми 12 март пас аз музокироти ҳайатҳо ва нишасти Кумиссиюни байнипорлумонии Русия ва Тоҷикистон дар Бӯстонсарони ҳукуматӣ дар шаҳри Душанбе сурат гирифт, суоле дар робита ба қазияи Украина аз тарафи як хабарнигори рус шуд, аммо хонум Матвиенко ва ҷаноби Убайдуллоев онро бидуни посух гузоштанд.

Валентина Матвиенко дар ин нишаст сафараш ба Тоҷикистон, музокироти ҳайатҳо ва нишасти кумиссиюни байнипорлумониро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба муҳим хонд. Хонум Матвиенко ҳамкории манотиқи Русия бо Тоҷикистонро дар афзоиши табодули коло миёни ҳар ду кишвар зарурӣ донист. Ба гуфтаи вай ,дар нишасти кумиссиюни байнипорлумонӣ пешниҳодоти ҷониби Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф ҷонибдорӣ шуданд.

Ба навбаи худ Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ низ гуфт, ки сафари Валентина Матвиенко сафҳаи наверо дар муносиботи Тоҷикистону Русия боз хоҳад кард ва ба рушди ҳамкориҳо мусоидат хоҳад кард. Ҷаноби Убайдуллоев аз нақши Русия дар сохтмони ниругоҳи Сангтӯда -1 ёдоварӣ кард ва гуфт, ки ин иқдоми ҷониби Русия то андозае ба ҳалли мушкили бебарқӣ дар кишвар кумак кардааст. Вай изҳори умедворӣ кард, ки дар оянда низ ҳамкориҳои Русия бо Тоҷикистон дар арсаи энержӣ тақвият меёбад.


Валентина Матвиенко гуфт, ки ширкатҳои русӣ омодаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар соҳаи энержӣ ҳастанд ва дар оянда ҳамкориҳо дар ин бахш миёни Русия ва Тоҷикистон идома пайдо мекунад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев аз забони русӣ ба унвони забони муоширати байни миллатҳо ном бурд ва гуфт, ки Тоҷикистон ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ медиҳад. Дар Тоҷикистон 166 мактаби русӣ ва ҳудуди 1 500 синфхонаи русӣ амал мекунад. Валентина Матвиенко дар ин робита ба фаъолияти Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Русия ишора кард ва тарбияи мутахассисони забони русиро барои манотиқи Тоҷикистон муҳим донист. Ҳамзамон хонум Матвиенко гуфт, ҷониби Тоҷикистон аз Русия дархост кардааст, ки 400 муаллими забони русӣ ба ин кишвар фиристад. Ба гуфтаи вай, ҳоло масоили шарту шароити фаъолияти ин муаллимон дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.


В.Матвиенко: "Дар Русия 1,3 миллион тоҷик кор мекунанд"

Валентина Матвиенко дар нишасти кумиссиюни байнипорлумонии Тоҷикистон ва Русия дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, дар масъалаи муҳоҷират бояд аз табодули рақамҳо ба амал гузашт. Ба гуфтаи хонум Матвиенко, мақомоти Тоҷикистон шумораи муҳоҷирони кории ин кишвар дар Русияро 800 ҳазор мегӯяд, аммо Русия шумори онҳоро 1 миллиону 300 ҳазор нафар мешуморад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 12 март дар мулоқот бо Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия дар шаҳри Душанбе гуфт, Душанбе хостори бархӯрди мутамаддин дар масъалаи муҳоҷират мебошад.Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ, палати болоии порлумони Тоҷикистон гуфт, "мо ҷонибдори бархӯрди мутамаддин ба масоили муҳоҷират ҳастем."

Хабарнигори радиои Озодӣ аз маҳалли Бӯстонсарои ҳукуматӣ иттилоъ медиҳад, ки ин лаҳзаҳо мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Валентина Матвиенко дар сатҳи ҳайатҳои ҳар ду кишвар идома дорад.

Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, "Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ташрифи расмии Валентина Матвиенко ба Тоҷикистон истиқбол карда ва ин сафарро фоли нек хонд."

Ҷаноби Убайдуллоев, бар густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Русия таъкид карда ва дар ин робита ба равобити байни порлумонӣ, тақкиму тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталиф, ба хусус иқтисодиву тиҷорӣ, фарҳангӣ, умури муҳоҷират ва ҳимояи ҳуқуқ манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ишора кард.


Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни тақдир аз ҳамкории Русия бо Тоҷикистон дар заминаи бунёди ниругоҳи Сантӯда -1 афзуд, ки ҷониби Тоҷикистон чанд пешниҳоди дигар дар масъалаи бунёди нирӯгоҳҳо дар қаламрави ин кишвар ба ҷониби Русия ироа кардааст, ҳоло дар дасти баррасӣ қарор доранд. Ҷаноби Убайдуллоев, ибрози умедворӣ кард, ки Русия дар иҷрои ин тарҳҳо кумаки худро ба Тоҷикистон дареғ нахоҳад дошт.

Қарор аст, пас аз музокироти тарафҳо нишасти кӯтоҳи матбуотӣ бо хабарнигорон баргузор шавад.

Валентина Матвиенко вориди Душанбе шуд

Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия чанд лаҳза пеш дар раъси як ҳайати парлумонии он кишвар вориди шаҳри Душанбе шуд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ки дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе Валентина Матвиенкоро Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон истиқбол гирифт. Тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе, Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия дар раъси як ҳайати маҷлиси болоии парлумони он кишвар рӯзҳои 12-13 март аз Тоҷикистон боздид мекунад.

В.Матвиенко: Русия сармоягузори аввали Тоҷикистон аст

Валентина Матвиенко қабл аз сафараш ба Тоҷикистон дар Маскав ба хабарнигорон гуфт, ҳадафи сафари ӯ мусоидат ба рушди минбаъдаи мушорикати стратегии Русияву Тоҷикистон аст. Ӯ бо ишора ба инки тиҷорат байни ду кишвар ба 1,2 миллиард доллар расидааст, афзуд: "Русия бузургтарин сармоягузори хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон шинохта мешавад. Саҳми мо дар маҷмӯи сармоягузориҳои мустақим ба ин кишвар 50 дарсадро ташкил медиҳад."

Валентина Матвиенко гуфт, бо мақомоти тоҷик масъалаи танзими ҳамкориҳо дар риштаи муҳоҷиратро низ баррасӣ хоҳад кард. Ӯ гуфт, бо тасвиби созишномаи муҳоҷират миёни Маскаву Душанбе ҷараёни ҷалби шаҳрвандони тоҷик барои кор дар Русия шакли муназзам мегирад. Матвиенко ҳамин тавр, аз афзоиши таваҷҷӯҳ ба омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард ва гуфт, "мо мехоҳем дар ин амр саҳми амалӣ гузорем ва ба мактабҳои Тоҷикистон чанд ҳазор китоби дарсӣ ва дастурамалҳо ба забони русӣ диҳем. Мутаассифона, мактабҳои русии Тоҷикистон камбуди мавод ва китобҳои дарсӣ ба забони русӣ доранд. Ва мо худро муваззаф меҳисобем, то дар рафъи ин камбуд кумак расонем."

Барномаи сафари Матвиенко

Дафтари матбуоти Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 11-уми март дар шарҳи барномаи сафари Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия гуфт, ки "хонум Матвиенкоро баъд аз зуҳри рӯзи чоршанбеи 12 март, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ ва шаҳрдори Душанбе ва дигар шахсиятҳои давлатӣ истиқбол мегиранд."

Ба иттилои ин манбаъ, дар рӯзи аввали сафар, Валентина Матвиенко бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе дидору гуфтугӯ ҳоҳад кард. Сипас, дар фарҷоми ин мулоқот ба бархе аз намояндагони порлумонии Русия ва Тоҷикистон медоли "Барои таҳкими робитаҳои байнипорлумонӣ" эҳдо мешавад.

Ҳамчунин нишасти матбуотии раиси маҷлиси болоии парлумони Русия бо хабарнигорони расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ низ дар назар аст.

Аммо бино ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси Миллӣ, хонум Матвиенко дар рӯзи дуввуми сафари худ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумон дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Ин манбаъ меафзояд, ки ҳамчунин Валентина Матвиенко бо ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мулоқот хоҳад кард ва аз Маркази бунёди "Русский мир" ва бинои донишгоҳ дидан хоҳад намуд. Қарор аст, ки дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия пас аз суханронӣ ба хонум Матвиенко унвони доктори фахрии ин донишгоҳ тақдим гардад.

Ҳамчунин интизор меравад, ки Валентина Матвиенко дар нимаи дуввуми рӯзи панҷшанбеи 13-уми март аз қароргоҳи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон дидан карда ва бо ҳайати афсарони ин пойгоҳ дидору гуфтугӯ намояд.

Валентина Матвиенко (Тютина) 65 сол дошта, соли 1949 дар қаламрави Украинаи кунунӣ ба дунё омадааст. То соли 1991 дар мақоми раҳбарии ҳизби ҳокими вақти коммунист ва парлумони СССР кор мекард. Аз соли 1991 то 1998 дар кори дипломатӣ буд ва то мақоми сафири Русия дар Юнон расид. Соли 1998 ба симати муовини сарвазир таъин шуд. Аз соли 2003 то 2011 волии Санкт-Петербург буд. Соли 2011 раиси Шӯрои Федератсия - маҷлиси болоии парлумони Русия интихоб шуд. Узви ҳизби ҳокими Русияи воҳид аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG