Пайвандҳои дастрасӣ

Коршинос: Русия бо пешниҳоди виза Тоҷикистонро ба ЕАЭС кашиданист


Русия, Беларус ва Қазоқистон аз муассисони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёанд

Русия, Беларус ва Қазоқистон аз муассисони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёанд

Бархе аз коршиносон пешниҳодҳои ахир барои ҷорӣ кардан низоми раводид миёни Русия ва Тоҷикистонро фишори Маскав барои шомил шудани Душанбе ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё донистанд.

Бархе аз коршиносони тоҷик мегӯянд, Русия бо пешниҳоди ҷорӣ кардани виза миёни ин кишвар ва Тоҷикистон мехоҳад, ки Душанберо барои ворид шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) маҷбур кунад. Ин иттиҳод аз сӯи Русия, Беларус ва Қазоқистон ташкил шудааст.

Рустам Самиев, коршиноси тоҷик, 6 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, агарчӣ ҳоло ин пешниҳод аз забони афроди алоҳида дар Русия садо медиҳад, вале дар асл овозест, ки аз гулӯи Кремл меояд. "Аз қабл ин пешбинӣ буд, ки тобистону тирамоҳи соли ҷорӣ давлату ҳукумати Тоҷикистон зери фишори иттилоотии Русия қарор мегиранд," -- афзуд ӯ.

Оқои Самиев мегӯяд, Тоҷикистон дар дуроҳаи хеле мушкил қарор гирифтааст, аммо "ворид шуданаш ба ин Иттиҳод иштибоҳи бузург хоҳад буд. Чунки баъд аз воридшавӣ Тоҷикистон ба кишвари ноустувортарини дунё табдил шуда, имкони ислоҳотро аз даст хоҳад дод."

Тайи даҳ рӯзи охир бори дувум аст, ки нашрияҳои Русия аз пешниҳоди ҷорӣ шудани низоми раводид миёни Тоҷикистону Русия аз сӯи афроди алоҳидаи ин кишвар хабар медиҳанд. Рӯзи шашуми июл нашрияи "Известия"-и чопи Маскав навишт, баъзе аз намояндагони Думаи давлатӣ ба раҳбарияти Хадамоти федеролии муҳоҷират ва марзбонии Русия пешниҳод кардаанд, ки ё муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказиро таҳти назорати шадид гиранд, ё бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон низоми виза ҷорӣ намоянд.

Валерий Рашкин

Валерий Рашкин

​Валерий Рашкин, ноиби аввали раиси Кумита оид ба миллатҳои Думаи давлатӣ ва Сергей Обухов, котиби Ҳизби коммунисти Русия ба "Известия" гуфтаанд, пешниҳоди онҳо дар ин шабу рӯзе, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар гӯшаҳои дунё фаъол шудааст, саривақтист. Ин ду нафар иддао доранд, ки аъзои ДОИШ метавонанд, ҳамчун муҳоҷири корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ вориди Русия шаванд.

Ҳоло сокинони Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбакистону Туркманистон бидуни дарёфти виза ҳаққи сафар ба Русияро доранд. Ва Валерий Рашкин ва Сергей Обухов мегӯянд, "ҳаштод дарсади муҳоҷирон дар Русия зодагони минтақаи Осиёи Марказиянд. Барои ворид шудан ба Русия танҳо шиносномаи дохилии онҳо кофист. Дар ин ҳолат марзбонҳои Русия на ҳамеша имкони мушаххас кардани дурустии он санадҳо ва узвияти муҳоҷирон ба ин ё он гурӯҳи террористиро доранд."

"Мо ба сокинони Осиёи Марказӣ эҳтиром дорем. Аммо террористон шонси бештар барои “харидан” ва ҷалби сокинони ин минтақаро ба гурӯҳҳои худ доранд," -- таъкид кардааст вакили Думаи давлатӣ Валерий Рашкин дар сӯҳбат бо "Известия".

Худойбердӣ Холиқназар

Худойбердӣ Холиқназар

Аммо Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, имкони ҷорӣ шудани виза аз ҷониби Русия барои Тоҷикистонро номумкин донист. Ӯ дар нишасти хабарии 6 июл дар Душанбе гуфт, "ин кор ғайриимкон аст, чун асос надорад".

Ба қавли оқои Холиқназар, "ҳарчанд асоси ин пешниҳод мавзӯи ҷалби ҷавонони тоҷик ба сафи ДОИШ гуфта мешавад, аммо, баръакс, 80 дарсади ҷавонони тоҷик дар қаламрави Русия аз ҷониби қафқозиҳо ба гурӯҳи ДОИШ ба дом меафтанд." Бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфт, ин гуна пешниҳодҳо поя надоранд ва Русия ба унвони шарики стратегии Тоҷикистон ба ин гуна сару садоҳо дода нахоҳад шуд.

Ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷорӣ кардани виза миёни Маскаву Душанберо кори ҳукумати ду кишвар дониста, ба сафорати Русия барои нашри мақолаҳои ҷанҷолбарангез дар ин замина нота ё ёддошти эътирозӣ супурда буд. Вазорат гуфт, ки нашри чунин матолиб ба рӯҳияи равобити дӯстонаи Тоҷикистону Русия созгор нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG