Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳоле, ки мавсими Ҳаҷ наздик мешавад, хабарҳо аз сирояти вируси MERS, ки табибон то кунун дар муолиҷаи он оҷиз мондаанд, дар баъзе аз кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс мунташир мешаванд.

Дар робита ба паҳн шудани вируси MERS дар кишвари Арабистони Саъудӣ, Иморати Муттаҳидаи Араб ва кишварҳои атрофи он, вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон ба шаҳрвандонаш бо нашри як муроҷиатнома ҳушдор додааст, ки аз сафар ба ин кишварҳо аз эҳтиёт кор бигиранд.

Дар ин муроҷиатномаи вазорати хориҷаи Қирғизистн, ки рӯзи 26-уми май нашр шуд, омадааст, ки ҳангоми сафар ба Иморати Муттаҳидаи Араб ва кишварҳое, ки вируси MERS ба қайд гирифта шудааст, барои пешгирӣ аз он маълумоти кофӣ ба даст оранд ва дар ҳолатҳои зарурӣ фавран ба ниҳодҳои дахлдор муроҷиат кунанд.

Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандони зиёди Тоҷикисон ҳам бо масоили тиҷоративу сайёҳӣ ба кишвари Иморати Муттаҳидаи Араб бештар мераванд ва мавсими сафари Ҳаҷ ҳам наздик мешавад. Имсол дар назар аст аз Тоҷикистон ҳудуди 6000 ё бештар аз он зоирон ба Саъудӣ барои адои фаризаи Ҳаҷ сафар кунанд.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, дар чанд моҳи ахир дар Имороти Муттаҳидаи Араб ду нафар, аз ҷумла шаҳрванди 64-солаи ин кишвар ва табиби филиппинӣ аз вируси MERS ба ҳалокат расидаанд. Аз аввали соли ҷорӣ дар Имороти Муттаҳидаи Араб табибон дар 40 нафар вируси MERS-ро ташхис кардаанд.

Чанде қабл Маркази назорати бемориҳои гузарандаи Амрико эълон дошта буд, ки дар он кишвар дар бадани ду нафар ин вирусро ба қайд гирифтаанд. Аммо ҳардуи он ба гуфтаи ин марказ, аз кишвари Арабистони Саъудӣ ба Амрико рафтаанд.

Вируси MERS аз ҷумлаи вирусҳое ба шумор меравад, ки бемории ба зуком монандро ба бор дорад ва аз соли 2012 инҷониб дар бадани одамон ба қайд гирифтаанд. Аммо то ҳол табибон давои зидди ин вирусро пайдо накардаанд ва 50 дарсад беморони ба ин вирус мубталошуда ҷон ба саломат намебурдаанд. Аз рӯи таҳқиқи олимон, ин вирус аз уштур дар нимҷазираи Арабистони Саъудӣ ба одамон гузаштааст.

Аввалин маротиба ин вирусро дар Арабистони Саъудӣ дар сентябри соли 2012 ба қайд гирифтаанд ва то ҳол беш аз 473 нафар ин вирусро ба худ гирифтаанд, ки 13 нафари онҳо ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳоло ин вирус ғайр аз Арабистону Аморат дар 12 кишвари дигар, аз ҷумла Фаронса, Олмон, Урдун, Қатар, Италия Бритонияи Кабир, Миср, Лубнон Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва чанд кишвари дигар ба қайд гирифта шудааст.

Вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон ба шаҳрвандоше, ки ба Имороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саъудӣ ва дигар кишварҳое, ки вируси MERS ба қайд гирифта шудааст сафар мекунанд, ҳушдор додааст, ки дар бораи пешгирии ин беморӣ маълумоти бештар гиранд ва ҳамчунин аз уштурсаворӣ канорагирӣ кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG