Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҷанҷоли санҷиши бакорат дар Гурҷистон


Эътирози мухолифони санҷиши бокирагӣ дар Гурҷистон.

Эътирози мухолифони санҷиши бокирагӣ дар Гурҷистон.

Барои бисёриҳо дар Гурҷистони муҳофизакор, дӯшизагӣ ва ё бакорат то ҳол як бартарӣ унвон мешавад, аммо санҷиши бокирагӣ масъалаи дигар аст.

Намоиши сужае дар бораи санҷиши бокирагӣ аз тарафи дафтари пизишки додгоҳии Гурҷистон, ё экспетизаи судӣ, шӯреро дар ин кишвар ба по кард. Дар ин навор, ки аз тариқи телевизиони “Имедӣ” пахш гардид, раванди санҷиши бокирагӣ аз тарафи пизишкҳо тасвир мешуд. Гуфта шуд, ки солона дар ин дафтар то 200 санҷиши марбут ба дӯшизагӣ анҷом мешавад.




Фаъоли тарафдори ҳуқуқи занон Наталия Гвианишвилӣ мегӯяд, ки фурсати аз байн бурдани “суннати бокирагӣ, ки аз назари баъзе гурҷиҳо ҳамчун бартарии аслии ҳамсари оянда ва модари оянда талаққӣ мешавад, фаро расидааст.»
Фаъолон аз дафтари пизишки қонунӣ талаб кардаанд, ки ба ин таҷрубаҳо хотима бубахшанд ва ба рафтори шаҳвонии занҳо, ҳамон гуна, ки ба мардҳо арҷ гузошта мешавад, баррасӣ шавад.

Дар ҳоле ки дар навори телевизиони “Имедӣ” худи намояндагони экспертизаи додгоҳӣ сӯҳбат мекарданд, баъдан дар сомонаи онҳо хабари такзибмонанде нашр шуд, ки мегуфт, ин ниҳод ҳеҷ гоҳ ба касе шаҳодатномаи бокирагӣ намедиҳад ва санҷишҳо танҳо бар пояи иҷозаи додгоҳ ва дар заминаи парвандаҳои марбут ба ҷиноятҳои ҷинсӣ анҷом мешаванд. Дар навори шабакаи телевизионии “Имедӣ” гуфта мешуд, ки аксари духтарони ҷавонро модарҳо, ҳамсарони оянда ва модаршӯҳои оянда барои санҷиш оварданд. Санади шаҳодати бакорат аз 100 то 200 доллар арзиш доштааст.

Агар духтар аз санҷиш нагузашт, ин метавонад барои бекор кардани издивоҷ ва ҳатто аз духтар рӯй тофтани хешовандонаш асос шавад. Шаҳодати бокирагӣ барои ҷомеаи Гурҷистон то андозае муҳим шудааст, ки баъзе занҳо барои барқарор кардани пардаи бакорат ба ҷарроҳон муроҷиат мекунанд. Ин амалиёти гаронбаҳо дар остонаи маросими издивоҷ анҷом мешавад. Як ҷарроҳ қисса кардааст, ки ин гуна амалиётро бо хоҳиши як зани 40 сола анҷом додааст, ки мехост дар издивоҷи дуюм низ бокира бошад.

Мунтаақидон мегӯянд, ин равиш бадтар аз суннати барбаронаи намоиши бистари хунолуди арӯс дар шаби издивоҷ нест. Гурӯҳи дигарро ин воқеъияти ҷомеаи Гурҷистон нороҳат кардааст, ки аз як тараф бокира будани духтарҳоро, вале аз тарафи дигар мардҳоро ба робитаҳои барвақти ҷинсӣ ташвиқ мекунад.

Доктори илмҳои фалсафа Тата Сопурашвилӣ, ки дар намоиши эътирозии зидди шаҳодатномаи бакорат ширкат дошт, гуфт, нахустин робитаи ҷинсиро мардҳои ҷавон умдатан бо фоҳишаҳо таҷруба мекунанд.

Мухолифони санҷиши дӯшизагӣ бо ишора ба обрӯи Гурҷистон дар арсаи байналмилалӣ ва узвияти он дар Эъломияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи лағви табъииз алайҳи занҳо мегӯянд, ки ҳукумат набояд иҷозат бидиҳад, ки ниҳодҳои зери назари он ин гуна санҷишҳоро анҷом диҳанд. Гугулӣ Магарадзе, вазири адлияи Гурҷистон дар вокуниш ба сару садоҳо дар атрофи шаҳодати бокирагӣ, ин амалро ҳамчун як аломати “қафомондагӣ” интиқод кард.

Аксар ҷавонони Гурҷистон низ давидан аз паси шаҳодати бакоратро “аз ҳад беш” мешуморанд, вале дар бораи ҳифзи бакорат то издивоҷ назари мухталиф доранд. “Аз даст додани бакорат то издивоҷ наҷобати духтарро низ аз байн мебарад,” - гуфт як ҷавон дар Тбилиси. “Ин интихоби хусусии ҳар инсон аст ва ҳар кас бояд ба хости худ рафтор кунад, чизе ки ба худаш хушоянд аст."

А
ммо як марди ҷавон гуфт, “Ман ҳеҷ гоҳ ба духтаре, ки бакораташро гум кардааст, издивоҷ намекунам.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG