Пайвандҳои дастрасӣ

Аз ваҳшати видеоӣ то бемории равонӣ. Фосила -- чанд нигоҳ.


Пизишкон мегӯянд, намоиши бераҳмӣ ва зӯроварӣ дар интернет ва телевизион танҳо дар назари аввал гӯё безарар аст, аммо ба мағзи одамон, махсусан наврасон, осеби ҷиддӣ мерасонад.

Бо фарёди ҷонкоҳ Шариф аз хоб бедор мешуд. Вай кобус ё хобҳои вафшатовар медид. Вазъаш ба андозае бад шуд, ки наздиконаш ин ҷавони 20-соларо назди мулло бурданд, то бо хондани сураву ояҳо аз Қуръон ва ё ба таъбири мардумӣ «дам кардан», таъсири "сиёҳиву бало"-ро аз ӯ дур кунанд. Ин "табобат" ба сокини ноҳияи Ҳисор то андозае таъсир кард, ки ӯ андаке оромӣ ёфт.

Тарсу ваҳшату бехобӣ баъди он ба сари Шариф омад, ки ӯ нохост дар шабакаи "Одноклассники" видеои ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро дид, ки чӣ гуна сари як асири худро бераҳмона мебуранд ва хун аз гардани ӯ фаввора мезанад. Шариф ҳоло ҳам хобҳои ваҳшатнок мебинад, вале камтар: «Масалан, дар ҳамон ҳодисаҳое, ки дар Сурияву Ироқ мегузаранд, ба мисли қатлу куштор. Ман худам хоб дидам, ки ҳаму сарбурие, ки «муҷоҳидон» дар Сурияву Ироқ, омада дар Тоҷикистон мекунанд.»

Видеое, ки Шариф тамошо кард, ҳоло ҳам азобаш медиҳад, мехоҳад онро аз хотирааш пок кунад, вале наметавонад. Ба гуфтаи равоншиносони бритониёӣ, Шариф аломати бемории равониеро дорад, ки ба он асосан собиқадорони ҷанг ва баъзан табибон, ё онҳое гирифтор мешаванд, ки бо чашмони худ ва аз наздик саҳнаи риққатовари марг ё фоҷиаи инсониро дида бошанд. Бемории мазкурро равоншиносон «афсурдагии пас аз зарбаи равонӣ» меноманд ва таҳқиқи нави Пем Рамсден, равоншиноси Донишгоҳи Бредфорди Бритониё нишон додааст, ки дар баъзе инсонҳое, ки аксу видеоҳои қатлу хунрезиро дидаанд, аломатҳои ин беморӣ зуҳур мекунад.

Нишонаҳои ин беморӣ аз изтироб, бехобӣ, афсурдагӣ ва такрори кобус аст. Таҳқиқи Пам Рамсден дар миёни 189 нафар муайян кардааст, ки аз ҳар 5 нафар як нафари онҳое, ки ё дар телефони мобил ё планшету компютер акс ё видеои хушунату хунрезиро дидааст, яке аз аломатҳои бемории «шикасти равонӣ»-ро дорад.

Дар Тоҷикистон айни вазъро дидан мумкин аст, ҳарчанд таҳқиқе дар ин замина анҷом нашудааст, вале мушоҳидаҳои равоншиносон баёнгари ҳоланд. Маҳмадулло Давлатов, профессор ва равоншиноси маъруфи тоҷик, ки дар солҳои баъд аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба даҳҳо қурбонии «зарбаи равонӣ» кӯмак кардааст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба «Маркази ёрии психологӣ»-и онҳо дар Душанбе даҳҳо нафар муроҷиат мекунанд, ки ҷангу хунрезиро надидаанд, балки аз тамошои навор дар олами маҷозӣ осеби равонӣ дидаанд:

«Чӣ хурдсолон, чӣ калонсолон ва чӣ наврасон бевосита зери таъсири ингуна наворҳои даҳшатнок мондаанд. Албатта, ин хусусияти фардиро дорад ва хосатан мо мушоҳида мекунем, ки ҷавонон ва наврасон бештар ба кафедраи психология (Донишгоҳи миллӣ) муроҷиат мекунанд,» -- мегӯяд профессор Давлатов.

Васеъ паҳн шудани ингуна навору аксҳо чӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва истифодаи онҳо дар телевизион мушкилоти равонии бахусус ҷавононро афзудааст. Видеои сарбурии ҷаллодони гурӯҳи Давлати исломӣ, одамони дар салиб чормехшуда, сарҳои болои ҳам чида дар телефонҳову планшетҳои ҷавонон аз даст ба даст мегузаранд. Сулаймон Раҳимов, сокини ноҳияи Кӯлоб худаш ҳам ингуна видеоҳоро дидааст ва мегӯяд: «Ҳамин хел шудагӣ аст, ки тамошо мекунанд, агар каллаашро бурида истода бошанд, парво надоранд. Дар телевизион ҳам нишон медиҳанд, дар телефонҳо ҳам ҳаст.»

Куштори Фархунда

Куштори Фархунда

Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ҳам ба гуфтаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, хидмати хирсона мекунанд ва дар намоиши ингуна наворҳо саҳм мегузоранд. Корбарони Фейсбук чанде пеш телевизионҳои давлатиро танқид карданд, ки бо ҳадафи барангехтани нафрат нисбат ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" саҳнаҳои қатлу хунрезии ҷангҷӯёни ин созмон дар Ироқ ва Сурияро батакрор ва бе ҳеҷ гуна огаҳӣ пахш мекунанд. Саҳнаи қатли бераҳмонаи Фархунда, духтари афғон, ки дар тамоми телевизионҳои ғарбӣ кӯтоҳ ва зери "парда" нишон дода шуд, дар телевизионҳои Тоҷикистон бе «сензура» ва дар шакли комил намоиш ёфт.

Яке аз корбарони "Фейсбук" менависад: "Дар шабакаи аввал барномае ҳаст бо номи "Тоҷикистону озоду обод". Дар он наворҳоеро нишон медиҳанд, ки ваҳшатангезанд. Ба монанди сарбурии чандин одамон аз тарафи террористон. Ҳатто видоеи куштори Фархундаи бечораро пурра нишон доданд. Фикр намекунанд, ки ин наворҳоро дида кӯдакони хурдсол метарсанд ва бемории рӯҳӣ пайдо мекунанд."

Маҳмуд Кабирӣ

Маҳмуд Кабирӣ

Маҳмуд Кабирӣ равоншиноси тоҷик аст ва мегӯяд, ингуна видеоҳо, ки васеъ паҳн шудаанд, ба равони тамоми ҷомеа латма мезанад: «Бубинед дар хориҷа чӣ гуна боақлона рафтор мекунанд ва дар филмҳо ва ё барномаҳо менависанд, ки ин барномаро одамони кадом синну сол тамошо карда метавонанд. Чунки кӯдакон ин чизро як чизи маъмулӣ қабул мекунанд ва ҳамин чиз будаст гуфта, метавонанд, онро як рафтори намунавӣ барои худашон гиранд ва калонтар ки шуданд, барояшон ҷангу хунрезӣ чизи маъмулӣ ба назар расад.»

Профессори тоҷик Маҳмадулло Давлатов, тавсия медиҳад, ки падару модарон фарзандони худро аз ин гуна наворҳо дур нигаҳ доранд ва ҷавонон ҳам аз тамошои саҳнаҳои хунрезӣ ва зӯроварӣ парҳез кунанд, зеро барояшон оқибати бад дорад: «Худи ҳамин ҳодисаи руйдода такрор ба такрор бевосита пеши назарашон меояд.... ва ба хобҳои даҳшатнок боис мегардад. Аз ингуна хобҳои ваҳшатнок кӯдак осеби равонӣ ва ҷисмӣ мебинад. Масалан, мумкин аст, дар кӯдак лакнати забон пайдо шавад, сулфаҳои асабӣ пайдо шавад, кӯдакон дар бистари хобашон тар кунанд.»

Шарифи 20-сола ва ҳоло безор аз дидани наворҳои қатлу хунрезӣ барои комилан рафъ шудани осеби равониаш, бояд ба қавли худаш чанд дафъаи дигар пеши домулло равад. Вале ба гуфтаи Маҳмуд Кабирӣ, ин илоҷи дарди Шариф нест. Маҳмуд Кабирӣ мегӯяд, муроҷиати Шарифи 20-сола ба домуллоҳо барои рафъи оқибати равонии тамошои наворҳои ваҳшатангез шояд кори баде набошад, вале бо ин «тарзи классикӣ" шифои комил намеёбад:

«Дам кардану дуохонӣ 1400 сол воситаи табобати равонӣ буд. Албатта, таъсири худро мерасонад, инсон ором мешавад, нисбатан хуб мешавад, хотираашон тоза мешавад. Вале ин тарзи классикии ёрдами равонӣ аст ва мо бо тарзи муосир табобат мекунем. Дар ҳолати саривақтӣ муроҷиат кардан ба мутахассис ин осеби равонӣ ба хубӣ рафъ ва ё тоза карда мешавад. Дар ҳолати "куҳна" шудан ва ё нодуруст табобат кардан, ин беморӣ метавонад, назм ё ритми зиндагии инсонро ба ҳам занад.”

XS
SM
MD
LG