Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғд: Дар шаш моҳ 142 нафар худкушӣ кардааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бархе аз созмонҳои иҷтимоӣ бо мақомоти давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд оқибати хушунати хонаводагиро баҳс карданд.

Малика Мирзобаҳодурова, роҳбари маркази "Гулрухсор" дар маркази Суғд гуфт, таҷрибаи понздаҳсолаи онҳо нишон додааст, ки "хушунати хонаводагӣ рукнҳои оилаю ҷомеаро хароб карда, монеъ ба пешрафти ҷомеа мегардад."

Ин ҳамсӯҳбати мо дар идома афзуд, "хушунат дар хонавода оқибатҳои номатлуби хеле ҷиддӣ дорад, ки бад шудани муносиботи зану шавҳар ва аъзои оила, аз ҳам пошидани оилаҳо ва худкушии одамон аз ҷумлаи онҳост." Маркази занонаи "Гулрухсор" танҳо созмони иҷтимоӣ дар Суғд аст, ки барои даҳҳо занони хушунатдида паноҳгоҳи муваққатӣ додааст.

Зебуннисо Ҳодибоева, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумлаи он занҳоест, зарари ҷисмониву равонии хушунати оилавиро дидаву эҳсос кардааст. Шавҳари 37-солаи вай соли гузашта худкушӣ карду доғе бар дили пайвандонаш гузошт. Хонум Ҳодибоева мегӯяд, ки шавҳари марҳумаш зиёд шароб менӯшид ва ӯву фарзандонашро латту кӯб мекард.

Бино бар иттилои додситонии вилояти Суғд, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 142 сокини Суғд даст ба худкушӣ задаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 31 нафар зиёд аст. Соли ҷорӣ 43 нафар аз онҳое, ки қасди ҷони худро доштанд, наҷот дода шудаанд. Каримуллоҳ Сафаров, корманди шӯъбаи назорати тафтиш дар додситонии вилояти Суғд, гуфт, бештари ин одамонро низоъҳову ҷанҷолҳои оилавӣ барои даст ба худкушӣ задан водор кардааст ва бепарвоии атрофиён, ки аз ҳоли ҳам хабар надоранд ва дар ҳолатҳои буҳронӣ ба ҳам дасти ёрӣ дароз намекунанд.

Ӯ афзуд, коҳиши хушунати хонаводагӣ бо талоши дастҷамъии ҳама аъзои ҷомеа ба даст меояд. "Танҳо нозирони минтақавии милиса, ки дар Тоҷикистон ба ҳар 13 ҳазор як нафар рост меоянд, ба ислоҳи вазъ қодир нестанд",-мегӯяд Сафаров.

Иштирокдорони нишасти Хуҷанд ҳамчунин омода кардани ҷавонон ба оиладорӣ, омӯзиши касб, пешгирӣ аз никоҳҳои барвақт ва боло бурдани сатҳи саводи динии ҷавононро аз чораҳои муассир дар коҳиши хушунати хонаводагӣ донистанд. Матлабе, ки зоҳиран дар ҳама нишастҳо баён мешавад, аммо татбиқ ё амалӣ кардани он ба кундӣ пеш меравад.
XS
SM
MD
LG