Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Буридани бинӣ ва лабҳои як зан аз сӯи шавҳараш дар Ҳирот, бори дигар сабаби афзоиши нигарониҳо дар робита ба вазъияти занон дар Афғонистон гардидааст.

Ситора зани ҷавоне аст, ки шавҳараш бинӣ ва лабони ӯро ба он хотир бурид, ки аз тақозоҳои номашрӯи ӯ сар боз зад. Шавҳари Ситора, ки ба маводи мухаддир мӯътод будааст, пас аз шиканҷаи ҳамсараш дар вилояти Ҳирор, фирор кардааст. Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, ки ҷои будубоши ҳамсари Ситораро шиносоӣ карда ва ба манзури боздошти ӯ, рӯзи сешанбе амалиётеро ба роҳ андохтааст.

Наҷиб Дониш, муовини сухангӯи ин вазорат дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт: "Пулиси вилояти Ҳирот ду танро дастгир кард, ки ин афрод ба эҳтимоли зиёд аз ҳамсари Ситора ҳимоят мекарданд. Мукофоте барои дастгир кардани ӯ дар назар гирифта шудааст. Маҳали будубоши ин шахс аз сӯи пулис шиносоӣ шуд. Қарор аст пулис амалиётеро роҳандозӣ кунад ва талоши мо ин аст, то ин афрод ҳар чӣ зудта дастгир шаванд." Оқои Дониш мушаххас насохт, ки шавҳари Ситора дар куҷо пинҳон шудааст.



Ситора, зане, ки лабу бинии ӯ аз сӯи шавҳараш бурида шуд, рӯзи сешанбеи 17-уми декабр барои муолиҷа ба Туркия фиристода шудааст. Дар нишасти рӯзи душанбеи шӯрои вазирони Афғонистон низ дар мавриди муолиҷаи Ситора баҳс шуда буд ва ба вазорати умури дохилии ин кишвар дастур дода шуд, ки дар зудтарин фурсат ҳамсари Ситораро дастгир кунанд. Пеш аз ин, вазорати мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон эълом карда буд, ки ҳазинаи муолиҷаи Ситораро ба ӯҳда мегирад.

Дар идомаи хушунатҳо алайҳи занон дар Афғонистон, як духтари ҳафтдаҳсола дар вилояти Сарипул мавриди таҷовуз қарор гирифт. Се тан ба иттиҳоми таҷовуз ба ин духтар дастгир шудаанд ва пулис гуфтааст, ки афроди боздоштшуда ин духтарро ба таври дастаҷамъӣ таҷовуз кардаанд.

Дар ҳодисаи дигар, дар вилояти Бодғиси ин кишвар, дар натиҷаи хушунатҳои хонаводагӣ як мард хонумашро бо тир ба қатл расонидааст. Сухангӯи волии Бодғис рӯзи сешанбе ба радиои "Озодӣ" гуфт, як зани сӣ сола дар ноҳияи Камароби ин вилоят аз сӯи шавҳараш ба қатл расид ва худ аз маҳал фирор кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG