Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, дар ин охирҳо шикояти мардон аз бадрафтории занҳояшон назар ба солҳои гузашта бештар шудааст.

Бар пояи иттилои расмӣ, агар дар давоми чор соли пеш, танҳо 50 мард барои хушунат шуданашон аз тарафи занҳо шикоят бурда бошанд, дар 9 моҳи соли ҷорӣ 32 мард барои хушунат шудан аз ҷониби занҳо шикоят бурдаанд.

Баҳриддин, сокини 56-солаи шаҳри Душанбе аз зумраи мардҳоест, ки ду моҳе қабл барои зери хушунат қарор гирифтанаш аз ҷониби завҷааш ба додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт шикоят бурдааст. Баҳриддин, рӯзи ҷумъаи 28-уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, соҳиби 3 писар буда, ҳамсараш 45 сол дорад. Ба нақли ин мард, ӯ ду сол инҷониб аз ҷониби занаш зиёд таҳқир мешавад. Ҳамсараш ӯро ба хона роҳ намедиҳад. Бинобар ин, вай бо бурдани шикоят ба мақомот аз болои занаш, “ҳуқуқҳо”-и худро дар хона дубора барқарор кардааст.

Баҳриддин усто шуда кор мекунад ва мегӯяд, даромадаш ҳам чандон бад нест, чун моҳона то наздики 2 ҳазор сомонӣ маблағ дарёфт мекунад. Ба гуфтаи ин мард, қаблан онҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекарданд ва ҳаёти орому осудае доштанд. Аммо пас аз кӯчидан ба шаҳри Душанбе дар ҳамсоягии хонаи хушдоман, зиндагиаш хароб шуд. Вай мегӯяд, зери фишори ҳамсару хушдоману хоҳарарӯсаш монд ва рӯзаш сиёҳ шуд. Аз рӯи фишорҳои ҳамсараш чунин менамояд, ки ӯ мехоҳад аз шавҳар ҷудо шуда, хонаи бо пули ҳамсар харидаро азхуд кунад.

Вай мегӯяд: “Аз ҷониби ҳамсарам мавриди латукӯб қарор нагирифтаам, аммо ҳамеша мавриди фишорҳои равонӣ қарор мегирам. Доим "ин хонаи ту нест баромада рав", мегӯянд. Дашномҳои қабеҳ медиҳад. Вақте аз кор бармегардам, дари хонаро намекушоянд ва соатҳо пушти дар мемонам. Ин корашон маро то ба ҳадде расонд, ки мехостам даст ба худкушӣ занам. Аммо як ҳамсояи наздикамон маслиҳат дод, ки ба мақомот муроҷиат кунам”.

Ба нақли Баҳриддин, ӯ борҳо аз тарафи бародарони занаш латукӯб шудааст. Вай бо алам мегӯяд, дар дохили хона як маротиба аз ҷониби бародарони занаш ба қавле “шатта” хӯрдааст, вале маротибаи дигар, ки дар назди бино қарор доштанд, ҳамсоя ӯро аз лату куби бародарони занаш наҷот додааст.

Ҳамсӯҳбати дигари мо, ки шарм медорад аз хушунат шуданаш ба мақомот шикоят барад, марди 43-сола буда, мегӯяд ду духтар ва се писар дорад. Ботирхон Исмоилов, сокини шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоли ҳозир дар ҷое кор намекунад. Ӯ қаблан дар яке аз бозорҳои шаҳр аробакашӣ мекард, вале бо иллатӣ пайдо шуданри дарди камар дигар имкони анҷоми корҳои вазнинро надорад. Ӯ мегӯяд, ягон ихтисоси дигаре надорад, ки кор карда худро аз ҷаҳолати занаш халос кунад.

Азбаски ҷангу ҷанҷолҳои ҳамсари Ботирхон бештар ба хотири вазъи бади молӣ дар хонаводааш аст, мегӯяд, дар авҷи ҷанҷолу харшаха бонуи хона худро дошта натавониста, ҳар чизе дар наздаш бошад, бар сараш ҳаво медиҳад. Ботирхон мегӯяд, борҳо аз гиребонам гирифта, муносибати зишт карда ва чанд маротиба аз қаҳри он, ки "ту пул намеорӣ", пиёла ё косаи дар пешаш бударо ба сараш ҳаво додааст. Дар пайи ин хушунати ҳамсараш, Ботирхон аз ноҳияи сараш зарби сахт хӯрдааст.

Марҳабо Зунунова

Марҳабо Зунунова

Таҳлилгарону ҷомеашиносон низ мегӯяд, яке аз сабабҳои аслии хушунат шудани мардҳо аз ҷониби занҳо вазъи бади иқтисодист. Марҳабо Зунунова, ҷомеашинос ва раҳбари ташкилоти “Никоҳ ва оила”, рӯзи 28-уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бекорӣ, бепулӣ, маоши кам ва гаронии нархи маҳсулот дар бозор, дар баъзе хонаводаҳо боиси хушунат шудани мардҳо аз ҷониби занҳо мегардад.

Вай мегӯяд, бахусус хушунати равонӣ аз ҷониби занҳо ба мардҳо аз сабаби вазъи бади иқтисодӣ аст: “Аксари занҳо аз мард талаб мекунанд, ки хостаҳои онҳоро бароварда кунад. Вақте мард кор намекунад ё ҷои кори хуб надорад, албатта ин боиси асабонияти занҳо мешавад. Аммо мардҳо низ на ҳамеша имкон доранд, ки талаботи занро қонеъ кунанд. Зеро пайдо кардани кори хуб ё даромади зиёд мушкил аст”.

Масъулони дигар созмонҳои ҷамъиятӣ низ инро тасдиқ мекунанд, ки баҳсҳои пуливу молӣ низ боиси афзоиши ҷанҷолҳои хонаводагӣ мешавад ва дар чунин ҳолат, агар мавқеи зан беҳтар ва мустаҳкамтар бошад, ҷаҳлашро ба шавҳар мерезад.

Хабари афзоиши ҳодисаҳои хушунат шудани мардҳо аз ҷониби занҳо дар ҳоле садо медиҳад, ки умдатан дар хонаводаҳо занҳо қурбони бадрафториву азият мебошанд. Тибқи омори 9 моҳи соли ҷорӣ, ҳар рӯз 25 нафар қурбони хушунат мешавад ва 5 нафари онҳо мардҳоянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG