Пайвандҳои дастрасӣ

Нуралӣ Назаров, сокини шаҳри Душанбе, барои 186 бор нақзи қоидаи роҳ дар як соли охир айбдор мешавад. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ҷаримаҳои ӯ ба 40 ҳазор сомонӣ баробар шудааст.

Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Душанбе ба номи Нуралӣ Назаров хабар доданд, ки соҳиби мошини тамғаи Kia Sportage буда, тайи як соли охир 186 бор қоидаи роҳро нақз кардааст. Ба қавли онҳо, тамоми ин қоидавайронкунии Назаров тавассути дурбинҳои назоратии “Шаҳри бехатар” сабт шуда, дар маҷмуъ, ҷаримааш ба 40 ҳазор сомонӣ мерасад.

Ин сокини Душанбе баъди боздошташ аз сӯи Воҳиди махуси вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, тайи ин муддат аслан ба чароғакҳои роҳ “итоат накардааст”. Ӯ, ки дар барномаи “Сипар”-и Вазорати дохила ҳарф мезад, афзуд, “дар давоми як сол 186 чароғаки сурхро гузаштем. Чил ҳазор сомонӣ ҷарима шудем.”

Як маъмури Воҳиди махсуси вазорати умури дохилӣ низ дар барномаи “Сипар”, ки шоми 18 феврал тариқи Шабакаи аввал намоиш дода шуд, гуфт, “ҳангоми хидмат дар хиёбони Рӯдакӣ аз “Шаҳри бехатар” хабар доданд, то воситаи нақлиёт, рақами давлатиаш 5666 ВА 01, манъ карда шавад. Дар ин ҳолат санҷида шуд, ронандаи автомошинаи мазкур зиёда аз 186 қоидавайронкунӣ доштааст. Нисбат ба ронанда маводи зарурӣ тартиб дода шуд.”

Ба қавли ин маъмури Воҳиди махсус, ҳоло мошини Нуралӣ Назаров дар ҷаримагоҳи Бозрасии давлатии автомобилӣ қарор дорад.

Тарҳи “Шаҳри бехатар” моҳи ноябри соли 2013 бо 22 миллион доллар қарзи Чин ба фаъолият пардохт ва ба қавли мақомот, ҳоло тақрибан дар ҳама кӯчаву хиёбонҳои пойтахт дурбинҳояш кор мекунанд. Ҳамагӣ баъд аз ҳашт соати фаъол шудани дурбинҳои “Шаҳри бехатар” мақомот эълон карданд, 17 000 мавриди нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро сабт намудаанд.

Аммо насби видеокамераҳо дар кӯчаҳои шаҳр ба вокунишҳои манфие ҳам дучор омад. Як гурӯҳ харҷи ин барномаро беш аз ҳад хонда, гуфтанд, харҷи 22 миллион доллар барои насби 855 камера ба ин маънист, ки насби ҳар видеокамера барои буҷаи Тоҷикистон қариб 26 000 доллар тамом шудааст.

Ҳарчанд ронандагон дар оғоз аз он шикоят доштанд, ки ҷаримаҳои “Шаҳри бехатар” дар шароити Тоҷикистон сангин аст ва зарбаи сахте ба ҷайби қишри нодор мезанад, аммо ҳоло зоҳиран “илоҷ”-и корашонро ёфтаанд.

Масъулони БДА мегӯянд, маблағи ҷаримаро Кодекси маъмурӣ муайян мекунад ва барои ҳар як қоидавайронкунӣ ҷаримаи алоҳида пешбинӣ шудааст. Барои мисол, чароғаки роҳнаморо сурх гузаштан аз 7 то 10 нишондиҳандаи маоши ҳадди ақал ҷарима дорад, ки аз 280 то 400 сомонист.

Ба иттилои мақомот, бо “ёрӣ”-и дурбинҳои “Шаҳри бехатар” дар 11 моҳи соли гузашта 26 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG