Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду сокини Ховалинг даъво доранд, ки ҳамдеҳаи онҳо чашмаи русторо аз худ карда боиси хушк шудани боғу заминҳои кишоварзӣ шудааст. Обу чашмасор дар Тоҷикистон моли давлат ва ҳамзамон моли ҳамаи сокинонест, ки дар мавзеи обгузар зиндагӣ мекунанд.

Ҷаббор Сатторов, сокини деҳаи Ҳазрати Султони ҷамоати Сари Осёи ноҳияи Ховалинг мегӯяд, ки чашмаи деҳ солҳо моли ҳама буд ва мардуми атроф аз он истифода мекарданд. Аммо баъдан як ҳамдеҳаи онҳо заминҳои атрофро харид ва чашмаро, ки дар қаламрави заминҳояш буд, аз худ кард. Сатторов мегӯяд, ҳамдеҳааш Маҳмадёр Давлатёров бузу гӯсфандашро ба ин замин даровард ва оби мусаффои чашмаро гилолуд кард. Ӯ мегӯяд, ки ҳоло дигар аз чашма об ҷорӣ намешавад, ва ниҳолҳое, ки ӯ бозаҳмат парвариш мекард, рӯ ба нестӣ овардаанд.

Вай гуфт: "Ба хотири чашма дар 48 гектар замин хоҷагии деҳқонии "Абдусаттор"-ро таъсис додам ва дар он дарахт шинондам, ки боғ шавад. Баъди шинонидани дарахт, аз панҷсад метр дурӣ тариқи қубурҳои пластикӣ аз чашма об кашида оварда, боғро сабзондем. Аммо афсӯс, ки ба мурод нарасидем", гуфт мусоҳиби мо.

Баҳси ҳамдеҳаҳо бар сари чашма се сол боз идома дорад ва гумон аст, ки солҳои наздик ҳал шавад. Кабир Азимов, сокини дигари деҳаи Ҳазрати Султон ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзе нест, ки барои оби чашма ҷанг нашавад. Ӯ мегӯяд, ки дар рӯзҳои сахт гову гӯсолаашро фурӯхта 600 метр лӯлаи пластикӣ харид, то оби чашмаро ба боғаш барад. "Ман ҳафтаҳо меҳнат карда, об овардам. Мо аз ин чашма ҳам об менӯшидем ва ҳам боғ сабз мекардем. Чашма бояд ҳамеша нигаҳбонӣ шавад, то хоку санг роҳи обро набанданд. Аммо ду соли ахир басахтӣ ба замини ҳамсоя ворид мешавем. Ба мақомоти маҳаллӣ ва додгоҳ чандин маротиба муроҷиат кардем, аммо роҳи ҳал наёфтанд. Агар ҳамин хел гӯсфандон як моҳи дигар рафту омад кунанд, ин чашма низ хушк мешавад", гуфт Кабир Азимов.

Аммо Маҳмадёр Давлатёров, сокини деҳаи Ҳазрати Султон ба Озодӣ гуфт, ки дар воқеъ барои 312 гектар замин санад дорад, аммо касеро аз об маҳрум накардааст. Давлатёров афзуд, ки ӯ имсол дар замини худ рамаи гусфандони наздиконашро сар додааст ва мегӯяд, бе ин ҳам ин алафҳо зери барфу борон мемонанд, беҳтар аст агар чорво дар он бичарад.

Аммо ҳамдеҳагони ӯ мегӯянд, ки мақомот бояд барои истифодаи чашма қарори мушаххас бароранд, зеро зиндагии мардуми деҳот аз кишту кор ва боғу обчакорӣ иборат аст ва агар ҳар соҳибзамин, чашмаву рудхонаҳоро аз худ кунанд, дигарон бояд дар фақру нодорӣ зиндагӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG