Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се раҳбари Толибони Покистон


Аъзам Тариқ
Аъзам Тариқ

Манобеи амниятии Покистон мегӯянд, ки дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои Афғонистон ва НАТО дар минтақаи Пактико се раҳбари Толибони Покистон кушта шудаанд. Ин манобеъ рӯзи 25 сентябр ба Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, гуфтанд, ки Раисхон – маъруф бо номи Аъзам Тариқ – сухангӯи Хон Саид, як гуруҳи Таҳрики Толибони Покистон рӯзи гузашта кушта шудааст. Манобеъ гуфтанд, ки писари Тариқ ва ду раҳбари Толибони Покистон аз Вазиристони Шимолӣ низ дар пайи ҳамлаҳо ба ҳалокат расидаанд, аммо аз онҳо ном набурданд. То ҳол на нирӯҳои Хон Саид ва на мақомоти Афғонистон дар бораи ин гузоришҳо вокуниш нишон надодаанд. Ҷиноҳи Хон Саид соли 2014 равобитро бо Мулло Фазлуллоҳ, раҳбари феълии Таҳрики Толибони Покистон қатъ кард буд.

XS
SM
MD
LG