Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ВИДЕО: Табошар (Истиқлол) дубора шаҳр мешавад


Шаҳри Истиқлол (Табошари собиқ), воқеъ дар 30-километрии шимоли Хуҷанд, ки баъди фурӯпошии Шӯравӣ рӯ ба харобӣ ниҳоду буд, дубора “ҷон” мегирад. Худойназар Амонзода, раиси шаҳри Истиқлол гуфт, ки ҳоло дар “Минтақаи саноатии Тоҷикистону Хитой” дар ин маҳал бо сармояи Чин панҷ корхона бунёд мешавад, ки калонтаринаш корхонаи металлургӣ аст.

Ӯ гуфт, “ҳоло сохтмон оғоз ёфта, ҳудуди 100 мутахассиси тоҷик ва 20 чинӣ кор мекунанд. Дар назар аст, корхонаи металлургӣ миёнаҳои соли оянда ба кор дарояд.” Амонзода мегӯяд, корхонаи металлургӣ дар қадами аввал солона 100 ҳазор тонна сурб ва рӯҳ истеҳсол карда ва 1300 коргарро ба кор ҷалб хоҳад кард. Ҳамчунин дар канори он корхонаҳои истеҳсоли аккумулятор, оҳак ва қисмҳои эҳтиётӣ бунёд хоҳанд шуд.

Чин барои бунёди ин корхонаҳо ба Тоҷикистон беш аз ним миллирд доллар сармоягузорӣ ваъда кардааст.

Шаҳри Истиқлол соли 1938 аз ҷониби Маскав дар атрофи корхонаи “Заря Востока” (ҳозира “Нури Ховар”) барои истеҳсоли маводи сӯхти мушак сохта шудааст. Ин шаҳри “дарбаста” маҳсуб меёфт ва дар он умдатан мутахассисон ва коргарони рустабор ва бархе олмониҳои асирафтода дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки ба кори сохтани шаҳри Истиқлол оварда буданд, кор ва зиндагӣ мекарданд.

Дар корхонаи “Заря Востока” солҳои 80-уми асри гузашта ҳдуди панҷ ҳазор нафар кор мекарданд. Вале дар ибтидои солҳои навади асри гузашта бо қатъи фаъолияти аслии ин корхона шаҳри Истиқлол низ аз равнақ бозмонд ва сокинонаш ба Русияву Олмон кӯч бастанд.

Аҳолии он аз тақрибан 20 ҳазор то зери 10 ҳазор коҳиш ёфт. Солҳои охир умеди эҳёи шаҳри замоне овозадори саноатии Истқлол боз тахминан 5 ҳазор сокини тоҷикро дар ин маҳал маскун кард. Ин шаҳр то соли 2003 Табошар ном дошт ва баъдан бо пешниҳоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон номи Истиқлолро гирифт.

Аммо оё ин навбат Чин бо рехтани сармоя барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ дар шаҳри Истиқлол коргарони худро дар шимоли Тоҷикистон ҷойгир нахоҳад кард? Мисли Русия, ки давраи Шӯравӣ маъмулан дар кишварҳои Осиёи Миёна чунин рафтор мекард. Худойнзар Амонзода, раиси шаҳри Истиқлол, дар посух ба ин савол чунин паёмадро аз эҳтимол дур донист.

Ӯ гуфт, бар асоси қарордод дар корхонаҳои нав 70 дарсад тоҷикон ва 30 дарсад чиниҳо кор хоҳанд кард. “Барои худи Хитой ҳам истифода аз коргарони маҳаллӣ муносиб аст, чунки мушкили онҳоро бо манзил ва шароити зист таъмин кардан аз байн меравад. Ба ҳамин хотир, коргарони корхонаҳои оянда асосан сокинони шаҳри Истиқлол хоҳанд буд. Барои аз маҳалҳои дигар овардани коргарон ҳам нақлиёту сӯзишворӣ даркор аст. Дар корхонаи сурбу руҳи Чин дар шаҳри Зарнисор ҳам беш аз 70 дарсад сокинони маҳаллӣ кор мекунанд,” – шарҳ дод ӯ.

Дар ҳоли ҳозир танҳо ҳудуди 800 сокини шаҳри Истиқлол дар корхонаҳои ин шаҳр ва корхонаи “Хуаксин Ғаюр Семент”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, воқеъ дар наздикии шаҳри Истиқлол кор мекунанд ва музди миёнаи онҳо ҳудуди 800 сомонӣ аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG