Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Ҷаҳони варзиш»: Ҳавзи шиноварӣ ба таъмири асосӣ ниёз дорад


Дар барномаи навбатии маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» дар бораи вазъи кунунии ҳавзи ҷумҳуриявии шиноварии шаҳри Душанбе нақл мекунем.

Дар ин бора мусоҳибаи мо бо Алиаҳмад Мӯсоев, мудири мактаби варзишӣ оид ба навъҳои варзиши обӣ, ва Ҳақназар Бедимоғов, мураббии варзидаи шиноварӣ, ба шунавандагон пешкаш мешавад.

Меҳмонони барнома аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки феълан ҳавзи ҷумҳуриявии шиноварӣ дар вазъи ногувор мебошад. Ҳавзи шиноварӣ, ки соли 1971 ба истифода дода шуда буд, ба таъмири асосӣ ниёз дорад.

Дар ин барнома, ҳамчунин, хабарҳои тозаи варзишӣ ба шунавандагон пешкаш шудааст.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

XS
SM
MD
LG