Пайвандҳои дастрасӣ

Нашри видеои Тоҷикистон аз Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ


Яке аз пиряхҳои азими Помир

Яке аз пиряхҳои азими Помир

Як кайҳоннаварди амрикоӣ видеои Парки миллии Тоҷикистонро, ки аз Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ бардоштаанд, дар Твиттер нашр кардааст.

Ҷефф Вилямс, кайҳоннаварди амрикоӣ, ки ду моҳ пештар ба Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ парвоз кард, як акс ва видеои зебоеро аз кайҳон нашр кард, ки Парки миллии Тоҷикистонро нишон медиҳад.

Дар ин видеои 1-дақиқаӣ, ки дар саҳифаи Ҷефф Вилямс дар Твиттер нашр шудааст, кӯҳҳои барфпӯши Помир дида мешавад. Ҷефф Вилмяс дар шарҳи ин видео навиштааст, "Парки миллии Тоҷикистон яке аз ноҳамвортарин минтақаҳои ҷаҳон дар Осиёи Марказӣ аст." Кайҳоннаварди амрикоӣ видеоро аз аскҳои панорамавӣ ки бо дурбини 400-миллиметрӣ бардоштаанд, омода кардааст.

Видеоро инҷо бубинед:

Парки миллии Тоҷикистон дар масоҳати 2.5 миллион гектар дар шарқи Тоҷикистон дар маркази мавсум ба "Гиреҳи Помир" ва маҳалли пайвастагии кӯҳҳои баландтарин дар континенти Евразия ҷойгир аст. Дар ин боғи миллӣ, ки дар феҳрасти ЮНЕСКО, муаасисаи илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, шомил аст, кӯҳҳои 7 ҳазор метрӣ низ ҳастанд ва пиряхҳои азимтарини ҷаҳон берун аз қутби шимол ва дар хушкӣ бо дарозии 1085 метр инҷо ҷойгиранд.

Дар ин қаламрав 170 рӯдхона ва бештар аз 400 кӯл вуҷуд дорад. Боғи миллии Тоҷикистон маҳалли зисти ҷонварҳои нодире ба мисли гӯсфанди Марко Поло, бабри барфӣ ва дигар паррандаву ҷонварони нодир аст ва бисёре аз ҷойҳои он дастнохӯрда боқӣ мондаанд.

Дар гузашта аксҳои ин минтақаро аз кайҳон гирифтаанд, вале чунин аксу видеои бо сифати баланд, ки кайҳоннаварди амрикоӣ нашр кардааст, бардошта нашудааст.

Ҷефф Вилямс ки моҳи март ба Истгоҳи Байналмилалии Кайҳонӣ рафт, ду моҳ аст, дар ин истгоҳ дар мадори курраи Замин давр мезанад ва аксҳои зебоеро аз дигар гӯшаҳои ҷаҳон ҳам нашр кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG