Пайвандҳои дастрасӣ

"Кӯдакон зорӣ карданд, ки мо гушна, вале Ҳоҷӣ ҳамин хел зад ки..." (ВИДЕО)


Раиси бозори "Назари нек"

Раиси бозори "Назари нек"

Раиси бозори "Назари нек" эътироф кардааст, ки ҳангоми латту кӯби наврасони ятим Зиёдбеку Эраҷ "худро идора карда натавонистааст." Зиёдбек дар натиҷаи ин латту кӯб ҳалок шуд ва Эраҷ то ҳол дар бемористон аст.

Шабакаи телевизионии СМ-1-и Хуҷанд наворҳои фаврии раёсати умури дохиларо бо эътирофи гуноҳи Рустам Ҷӯраев, раиси бозори “Назари нек”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нашр кард.

Дар ин навор Рустам Ҷӯраев, маъруф ба “Ҳоҷӣ Рустам”, ки ба куштани Зиёдбек Ҷӯраев, хонандаи 17-солаи мактаб-интернати шаҳри Чкалов чигуна латтукӯб кардани ин ятими гумонбар дар дуздӣ аз мағозаи “Сабрина”-и бозорашро ба муфаттишон нишон медиҳад ва мегӯяд, аз карда пушаймон шудааст. Зиёдбек Ҷӯраев ва хонандаи 16-солаи мактаб-интернати Чкалов Эраҷ Исоев шаби 15 ба 16 январ аз сӯи муҳофизони бозор бо гумони дуздӣ дар бозори “Сабрина” дастгир шуданд.

Зиёдбек Ҷӯраев

Зиёдбек Ҷӯраев

Аммо муҳофизон ва раиси бозор ба ҷои ба милиса супурдани ин ноболиғон онҳоро якҷоя зери мушту лагат мегиранд, ки дар натиҷа Зиёдбек дар ҷои ҳодиса ҳалок шуда, Эраҷ бо осеби мағзи сар дар бемористони шаҳри Чкалов то ҳол таҳти табобат қарор дорад.

“Ҳоҷӣ Рустам” дар ин навор мегӯяд: “Мо гумон кардем, ки дуздҳои касбӣ даромадаанд. Лекин худамонро идора карда натавониста, ҳамакаса задем. Аз кирдори кардаамон пушаймонем.”

Мақомоти умури дохила дар пайи ин ҳодиса Рустам Ҷӯраев, раиси бозори “Назари нек”, Аҳлидин Файзиев, сардори бахши бехатарӣ ва Бобурҷон Юсупов – посбони бозори “Назари нек” мутобиқи банди 110, қисми 3-юми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (қасдан расондани осеби ҷисмонӣ, ки сабаби ҳалокати одам шудааст) парванда боз карда, ҳарсеро боздошт кардааст.

Бобурҷон Юсупов, муҳофизи бозор дар ин навор масъулиятро ба гардани Ҳоҷӣ Рустам” меандозад. Ба гуфтаи ӯ, “Ҷӯраев Рустам наврасонро зада-зада, овард ва дар инҷо рост кард.”

ГУЗОРИШИ СМ-1:

Гуфта мешавад, Зиёдбек Ҷӯраев ва Эраҷ Исоев, ки падару модар надоштаанд, аз кассаи мағозаи “Сабрина” ҳамагӣ 386 сомонӣ ва миқдоре хӯрокворӣ гирифтаанд. Муҳофизи бозор эъитроф мекунад, ки “баъди боздошт он ду ноболиғ гуфтанд, ки мо гушна мондем, илтимос карданд, ки назанед. Лекин Ҳоҷӣ бо почаашу бо мушт ба сари синааш ҳамин хел зад, ки афтид ун бача. Дуюмашро ҳам зада ғалтонд баъд. Баъди афтодан (бо пояш нишон медиҳад) ҳамин хел- ҳамин хел мезад ба сараш.”

Ин муҳофиз ҳамчунин гуфт, ки раиси бозор то омадани милисаҳо онҳоро амр медиҳад, ки фаршу девори мағозаро аз хуни рехтаи он ду кӯдак тоза кунанд ва ба милисаҳо шаҳодат бидиҳанд, ки “гӯед, ки корд қатӣ ба мо ҳамла кард. Лекин онҳо вақте қапида овардем, зорию тавалло карданд, аммо муқобилият нишон надода буданд.”

Бино ба гузориши СМ-1, Зиёдбек Ҷӯраев ятими кулл аз ноҳияи Айнӣ буда, ҳамроҳ бо як хоҳару додараш дар мактаб-интернати Чкалов тарбият мегирифтанд. Ҷанозаи Зиёдбекро хешовандонаш дар ноҳияи Зафаробод ба хок супурдаанд. Эраҷ Исоев то ҳол дар бемористон аст ва табибон барои ҳифзи ҷони ӯ мубориза мебаранд.

Ин ҳодиса бо бераҳмии гӯшношунидаш мавҷи хашму ғазабро дар ҷомиа ба бор овардааст. Бисёриҳо раиси бозорро мазаммат мекунанд, ки ба ҷои сари ятимеро сила кардан, номи мӯҳтарами “Ҳоҷӣ”-ро паст зада, даст ба чунин рафтори ношоям задааст. Бархе мегӯянд, ин қазия то чӣ андоза ба пулу мол пойбанд шудани мардум дар Тоҷикистонро нишон медиҳад. Дар гузориши СМ-1 низ аз Ҳоҷӣ Рустам мазаммат кардаанд, ки чаро бо ин қадар дороӣ, аз ҷумла 3 ҳавлию 2 мошин, барои ҳамагӣ 386 сомонӣ нисбат ба ду кӯдаки ятими бе падару модар ин қадар бераҳмӣ кардааст?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG