Пайвандҳои дастрасӣ

5,5 соли зиндон ба гумонбари асосии марги Ҳамза Икромзода


Баъди эълони ҳукми Исмоилов

Баъди эълони ҳукми Исмоилов

Гумонбари асосӣ дар марги маҳбус Ҳамза Икромзодаро ба 5,5 соли зиндон маҳкум кардаанд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти Тоҷикистон рӯзи 29 май корманди фаврии маҳбаси рақами як Маҳмуд Исмоилов – гумонбари асосӣ дар латукӯби маҳбус Ҳамза Икромзодаро ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Додситонӣ Исмоиловро ба баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, ки боиси ҳалокати инсон шудааст (моддаи 316, қисми 3) айбдор карда, қаблан аз додгоҳ барои ӯ 8 сол ҳукми зиндон тақозо карда буд.

Ин ҳукми додгоҳ ҳам наздикони Ҳамза Икромзода ва ҳам хешовандони собиқ корманди фаврии маҳбаси рақами як Маҳмуд Исмоиловро низ шадидан норозӣ гузошт. Ҳарду ҷониб изҳор доштанд, ки ба зинаи болоии додгоҳ шикоят хоҳанд бурд, то ин ин парванда бознигарӣ шавад.

Қозии мурофиа Рустам Мирзоев баъди анҷоми мурофиа бошитоб ба мошинаш нишаст ва аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ кард. Ин амр боиси норозигии хешовандони ҳам Икромзода ва ҳам Исмоилов шуд, ки ба тарафи мошини додрас чанд санг низ ҳаво доданд. Хешовандони Икромзода мегӯянд, ки додгоҳ мебоист афроди аслии дастдошта дар марги Ҳамза Икромзодаро пайдо мекард. Пайвандони Маҳмуд Исмоилов низ ба бегуноҳии ӯ исрор варзида мегӯянд, ки ӯро дар ин қазия як "гӯсфанди қурбонӣ" кардаанд.


Баъди додгоҳ

Баъди додгоҳ

Ин мурофиа дар боздоштгоҳи рақами яки Душанбе доир шуд. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои Маҳмуд Исмоилов – гумонбари асосӣ дар латукӯби Ҳамза Икромзода тибқи банди сеи моддаи 218 кодекси ҷиноӣ 8 соли зиндон пурсида буд.

Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор, ки бо иттиҳоми дуздӣ ва авбошӣ дар масба ба сар мебурд, рӯзи 20-уми сентябри соли 2012 дар зиндони шумораи аввали Душанбе ба ҳалокат расид. Наздиконаш бо пахши силсилаи аксҳои ҷасади Икромзода мегӯянд, ки вай дар натиҷаи шиканҷа ва ҳатто сӯзондани танаш бо дарзмол фавтидааст.

Аммо дар моҳи ноябр додситонии кулли Тоҷикистон баъд аз ташхиси ҷасад ба хулосае омада буд, Ҳамза Икромзода худро ба дор овехтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG