Пайвандҳои дастрасӣ

Евгения Василева ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд


Евгения Василева. Акс аз Интернет гирифта шудааст

Евгения Василева. Акс аз Интернет гирифта шудааст

Кумитаи тафтишоти Русия (КТР) дар бораи иттиҳоми расмии наздиктарин ҳамкори вазири собиқи дифои ин кишвар хабар дод.

Владимир Маркин, намояндаи расмии КТР рӯзи ҷумъа хабар дод, ки Евгения Василева, собиқ раиси департаменти моликияти вазорати дифои Русия аз рӯи парвандаи "Оборонсервис" дар «тақаллуб дар ҳаҷми махусусан калон» муттаҳам шудааст. Илова ба ин, бо қарори додгоҳи Хамовническии шаҳри Маскав хонум Василева ба ҳабси хонагӣ гирифта шудааст. Аз рӯи иттилои додгоҳ, мӯҳлати нигаҳдошти ӯ дар хона то ду моҳро дар бар хоҳад гирифт.

Котиби матбуотии додгоҳ ба матбуот гуфтааст, ки Василева аз суд дархост намуд, ки ӯро бар ивази 15 миллион рубл гаравпулӣ озод кунанд ва ё иҷоза диҳанд, ки дар фурсати ҳабси хонагӣ бо хешу наздиконаш иртибот дошта бошад. Тафтишот бовар дорад, ки Васелева ҳамроҳ бо дигар мақомдорони собиқ даст ба ғорати 360 миллион рубл даст задааст.


Дар таҳаввулоти дигари марбут ба қазияи фасод дар вазорати дифои Русия, гуфта мешавад, ки ходимони Кумитаи тафтишоти Русия дар як қатор манзилу хона ва дигар муассисаҳои маъмурии мақомоти собиқ кофтукоб анҷом додаанд. Владимир Маркин гуфтааст, ки тафтишоту кофтукоб дар тафреҳгоҳи "Подмосковье", ки аз 18 коттедж иборат буда, дар он муддати зиёд мақомоти вазорати дифоъ, аз ҷумла худи вазири собиқ Анатолий Сердюков ба сар бурдааст, анҷом гирифт.

«Ин манзилҳоро тӯли чанд соли охир ширкати «Амният ва мухобирот» иҷора мегирифт, ки муассиси он Александ Елкин ҳам ахиран боздошт шудааст», -
гуфт намояндаи Кумитаи тафтишоти Русия.

То имрӯз Кумитаи тафтишот панҷ парвандаи ҷиноиро аз рӯи ҳодисаҳои тақаллуб Анатолий Сердюков

Анатолий Сердюков

ба ҳангоми хариду фурӯши хонаву манзилҳо, саҳмияҳои қиъаҳои замини марбут ба ширкати "Оборонсервис" боз кардааст. Ин ширкат зери назари Вазорати дифои Русия амал мекард. Афроди боздоштшуда барои тақаллуб ва сӯиистифода аз мансаб муттаҳам мешаванд.

Аз рӯи тафтишоти пешакӣ, дар натиҷаи муомила бо моликияти вазорати дифои Русия ба буҷаи давлат дар ҳаҷми беш аз се миллиард рубл зарар ворид шудааст. Яке аз шахсиятҳои вирди забони матбуот дар шабу рӯзе, ки моҷаро сар зад, хонум Евгения Василева, аз наздиктарин ашхоси вазири пешини мудофеа будааст. Бархе расонаҳо ӯро маъшуқаи вазир меноманд ва мегӯянд. Дар хонаи 13-утоқаи вай дар маркази шаҳри Маскав, ки 300 миллион доллар арзиш дорад, се миллион рубл пули нақд, маводи гаронарзиши атиқа, даҳҳо наққошӣ ва ҷавоҳирот ошкор ва мусодира шудааст.

Айни замон, бо он ки то ҳол нафарони мақомдор аз рӯи ин парвандаҳо боздошт ва бозпурсӣ мешаванд, ҳанӯз сарнавишти худи вазири собиқ Сердюков маълум нест. Муфаттишон мегӯянд, эҳтимолан вай барои додани шаҳодат ба Кумитаи тафтишот даъват шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG