Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мутахассисону геологҳои Тоҷикистон барои он дасту остин барзадаанд, ки кишвар ба бозори ҷаҳонии фурӯши металҳои нодир ворид шавад ва ҷойи Чинро дар ин бозор андаке ҳам бошад танг кунанд.

То се соли дигар ҳаҷми муомилот дар бозори ҷаҳонии металҳои нодир аз 8 миллиард доллар ҳам мегузарад. Ба гуфтаи мутахассисони тоҷик, захираҳои дастнохӯрдаи металҳои нодири ҷадвали Менделев ба мисли литиуми серхаридорхушбахтона дар замони шӯравӣ аз дасти Русия эмин монд ва ҳоло ҳукумат мехоҳад, бо қабули барномаи даҳсолаи кашфу омӯзиши металҳои нодир ин соҳаро тараққӣ диҳад. Раҳмонбек Бахтдавлатов, муовини раиси Саридораи геологияи Тоҷикистон, рӯзи 21-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Барномаи давлатии кашфу омӯзиши металҳои нодир барои солҳои 2015-2025 омода шудааст ва ба зудӣ ба дасти ҳукумат мерасад: “Барнома дар ҳоли мувофиқа кардан бо вазорату идораҳо аст. Рӯзҳои наздик ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мешавад ва ҳукумат онро дида мебарояд ва бо қарори махсус қабул мекунад.”

Вақти таъйини хати марзи Тоҷикистону Чин ва ба ихтиёри Чин гузаштани 1100 километри мураббаъ қаламрави Тоҷикистон дар соли 2013, мутахассисон мегуфтанд, ки бо вуҷуди кӯҳистонӣ буданаш, ин минтақа, захираҳои бузурги волфрам ва дигар металҳои нодирро дорад ва Чин ҳам махсус сари он қаламрав даъво кардааст.

Ба гуфтаи Раҳмонбек Бахдавлатов, омори аниқ дар бораи захираи металҳои нодир дар Тоҷикистон нест, вале бар тибқи ҳисобҳои пешакии мутахассисон, дар кишвар ин гуна металҳо зиёд аст ва омӯзишҳо ҳаҷми дақиқро нишон хоҳад дод. Шӯравии собиқ аз он сабаб ба металҳои рангаи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ накардааст, ки истихроҷи онҳо дар Русияву Қазоқистон осон будааст. Ҳарчанд Русия ба майдонҳои танталиум, самарий, гадолин ва дигар элементҳои нодири ҷадвали Менделеев дар Тоҷикистон даст нарасондааст, вале нуқраву тиллову мису сурмаву симоби кишварро бурдааст.

Изаттулло Ғаниев, профессори химия аз Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Бештар дар Қирғизистон, Қазоқистон ва худи Русия буд. Дар ин кишварҳо бештар вомехӯрд. Дар Тоҷикистон дар вилояти Суғд (Корхонаи собиқи Востоккредмет) кам-кам истеҳсол мешуд, вале ҳоло ба фикрам истеҳсол намекунанд.”

Чин бузургтарин фурӯшандаи металҳои нодир дар ҷаҳон аст ва соли гузашта бо коҳиши содирот, ширкатҳои бузурги аслиҳаву компютеру телефонсозиро ба таҳлука андохт, ки барои идомаи истеҳсол ба металҳои нодир эҳтиёҷи зиёд доранд. Чин соли 2013-ум 100 ҳазор тонна маъдани металҳои нодир истеҳсол кардааст, ки 90 дар сади тавлидоти ҷаҳониро ташкил мекунад. Ба гуфтаи Раҳмонбек Бахдавлатов, бо назардошти кам шудани захираву истеҳсоли металҳои нодир дар Чин, рушди ин арса ба манфиати Тоҷикистон мебошад:

“Асосан экспорти ин металҳоро Хитой мекунад ва ҳозир экспорташро камтар кардааст, вале давлатҳои Аврупову Америкаву Япония ба ин металҳо ниёзи калон доранд. Баъд, барои онки дар бозор як монополист набошад, давлатҳои дигар ҳам бошанд, аз ин ҷиҳат арсаи мазкур барои кишвари мо ояндадор аст.”

Металҳои нодир ҳоло ба таври фаровон дар телефону батареяҳо, мошину, сохтмону пулсозӣ ва арсаҳои зиёди дигар ба кор мераванд. Фарҳоди Салим, сафири Тоҷикистон дар Амрико ҳам аввали ҳамин моҳ мусоҳиба бо як хабаргузории Амрико гуфтааст, ки саноати истихроҷи фулуззоти қимматбаҳо ва нодир, ба арсаи фоидаовари иқтисоди кишвар табдил мешавад. Ӯ истихроҷи 2 тоннаву 674 кило тилло ва 1 тоннаву 800 кило нуқра дар соли 2013-ро мисол оварда ва гуфтааст, барои рушди соҳа ҳукумат барои қабулу иҷрои барномаи кашфу омӯзиши металҳои нодир омодагӣ мегирад.

Вале бо қабули барнома дари бозори ҷаҳонии металҳои нодир ба рӯи Тоҷикистон ба осонӣ боз намешавад ва ҳамроҳ шудан ба табақи Чин ҳам осон нест. Изатулло Ғаниев, профессори тоҷик мегӯяд: “Истихроҷи ин гуна металҳо хеле душвор аст, зеро онҳо дар табиат дар таркиби дигар элементҳо пайдо мешаванд ва ҷудо карда гирифтани онҳо бисёр душвор аст. Вале нархаш гарон аст.”

Дар воқеъ як тонна карбонати литиумто 7 ҳазор долларро ташкил медиҳад, вале технологияи истихроҷи он печидаву заҳматталаб аст, ки Чин ҳам дар он устод аст. Барои ҳамин Тоҷикистон барои ёфтани саҳми худ дар бозори металҳои нодир ғолибан барои сармоя ва ин технология дари ҳамсояи бузургашро хоҳад кӯфт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG