Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сабти нахустин клипи мусиқии Валиҷон Азизов дар Амрико


Валиҷон Азизов ва қаҳрамони клипи мусиқии ӯ

Валиҷон Азизов ва қаҳрамони клипи мусиқии ӯ

Овозхони маъруф имрӯзҳо дар шаҳри Лос-Анҷелеси ИМА клипи навашро сабт мекунад.

Дар нахустин таҷрибаи сабти оҳангаш дар ИМА Валиҷон Азизов эътироф кард, ки ҳаяҷонзада аст ва аз ҳама мухлисонаш тавассути радиои Озодӣ хост, ки ӯро дастгирӣ ва дар ҳақаш дуо кунанд. Таронаи «Дили ман» ба оҳанги Роберт Мирзоён ва шеъри Ризо Род эҷод шуда, клипмейкер ё масъули таҳияи клипи ӯ Беҳном Мокрӣ мебошад. Валиҷон Азизов мегӯяд, ки орзуи деринаи ӯ сабти клипи мусиқӣ дар Лос-Анҷелес буд, ки ҳоло амалӣ мешавад. Ӯ мегӯяд, ки ба хароҷоти зиёд чунин як клип гаронбаҳо дар Амрико аз пеш омода буд.

Валиҷон Азизов нагуфт, ки дар маҷмӯъ барои сабти навор чӣ қадар пул сарф кардааст, вале гуфт, ки ин корро ба хотири касби маҳбубият ва шиносоии бештари

Лаҳзае аз сабти клипи мусиқӣ

Лаҳзае аз сабти клипи мусиқӣ

ҳунари худ дар бозори мусиқии форсизабонон анҷом медиҳад. Валиҷон умедвор аст, ки клипи «Дили ман» дар шабакаҳои пештози тафреҳии форсизабонҳо, ба мисли «Next-1» ва РМС пахш шавад. Сабти клип дар соҳилҳои уқёнуси Ором, кӯчаҳои Лос-Анҷелес - пойтахти синамову ҳунари Амрико ҷараён дорад ва тақрибан ду рӯзи дигар идома мекунад. Ин овозхон ҳамчунин «як сюрпризи дигаре» барои мухлисонаш омода кардааст, ки навори он дар дар шаҳри бандарии Майами Бич сабт шудааст. Сюжет ва шеваи сабти наворро Беҳном Мокрӣ, як клипсози мустақили эронитарбор таҳия кардааст. Валиҷон Азизов мегӯяд, аз ин ҳамкорӣ хеле шод аст, зеро аз сабтҳои пешакӣ мебинад, ки кор бахубӣ ҷараён дорад.

Дар гузашта овозхонҳои дигари попи тоҷик, ба мисли Шабнами Сураё, Садриддини Наҷмиддин, Фарзонаи Хуршед, Ҷонибек Муродов ва дигарҳо талош кардаанд аз марзҳои Тоҷикистон фаротар рафта, ҳунари худро барои форсизабонони ҷаҳон тавассути сабти клипу ташкили консерҳои ҳунарӣ дар ИМА ва Аврупо муаррифӣ кунанд. Валиҷон Азизов эътироф мекунад, ки ба даст овардани ҳаводор ё мухлиси худ

Валиҷон Азизов ва Беҳрӯз Зеваров

Валиҷон Азизов ва Беҳрӯз Зеваров

дар бозори хеле калони овозхонҳои форсизабонон кори душвор аст, рақобат сахт ва бозореро мемонад, ки дар он танҳо моли хуб харидор меёбад.

Ӯ мегӯяд, талош дорад, таронаҳое бисарояд, ки барои ҷавонони аз 18 ба боло ва ҳамзабонон қобили қабул бошад. Валиҷон Азизови 33-сола карераи овозхониро дар солҳои 2002 аз гурӯҳи замоне овозадори «Эҳсон» шурӯъ кардааст. Ӯ мегӯяд, ҳамаи оҳангҳояш барояш азизанд, вале ҷои суруди «Ватан», ки ба матни Симини Беҳбаҳонӣ ва оҳанги Даврони Раҳматзод дар соли 2015 эҷод шудааст, махсус аст. Зимнан, ин оҳангро Валиҷон ният дорад барои ҳамватанонаш дар шаҳри Маскав, дар як консерте рӯзи 24 октябр тақдим кунад, ки баъди бозгашташ аз ИМА баргузор хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG