Пайвандҳои дастрасӣ

Пермяков ба 10 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд


Додгоҳи Пермяков дар Гюмрӣ рӯзи 12 август шурӯъ ва анҷом шуд

Додгоҳи Пермяков дар Гюмрӣ рӯзи 12 август шурӯъ ва анҷом шуд

Сарбози пойгоҳи 102-и Русияро ҳамакнун мурофиаи нав дар додгоҳи Арманистон интизор аст, ки дар ин додгоҳ аз рӯи куштори 7 узви хонаводаи Аветисян муҳокима мешавад.

Додгоҳи низомии ҳавзаи Қафқози Шимолӣ дар муҳокимаи сайёри худ, ки дар шаҳри Гюмрии Арманистон рӯзи 12 август ҷараён гирифт, низомии пойгоҳи 102-и Русияро дар иттиҳомоти ворида гунаҳгор эълон кард. Додгоҳи Русия Валерий Пермяковро дар «фирори мусаллаҳона аз артиш, ғорати силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ, ҳифзу нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ» айбдор дониста, ӯро дар маҷмӯъ ба 10 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. дар давоми 10 рӯзи баъди ӯ ҳақ дорад, ки аз болои ин ҳукм шикоят кунад.

Вале иттиҳоми аз ин сангинтари Пермяков – куштори 7 узви оилаи Аветисян дар шаҳри Гюмрӣ дар моҳи январи имсол мебошад. Тамоми маводи ин парвандаро мақомоти тафтишотии Русия дар ихтиёри додгоҳи Арманистон гузоштаанд. Ин парвандаро, ки дар ҷомеаи Арманистон боиси эътирозу сару садои зиёд шуд, ҳамакнун додгоҳи маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Арманистон баррасӣ мекунад. Ба иттилои бахши Армании радиои Озодӣ, ҳоло тамоми маводи тафтишотӣ ба забони арманӣ тарҷума мешавад.

Валерий Пермяков моҳи январи имсол ба ҳангоми убури марзи Арманистону Туркия боздошт шуд. Ӯро дар куштори 7 узви оилаи Аветисян, аз ҷумла ду тифли хурдсол айбдор карданд. Тафтишоти муқаддамотӣ мегӯяд, ки Пермяков рӯзи 12 январ бидуни иҷозат масъулияти навбатдории худро канор гузошта, силоҳ дар даст вориди шаҳр шуд ва ба яке аз хонаҳои маҳаллӣ дар Гюмрӣ ворид шуда, 6 узви оиларо ба қатл расонд. Тифли маҷрӯҳи дигари хонаводаи Аветисян баъдан дар бемористон даргузашт. Дар лаҳзаҳои аввали боздошт Пермяков дар куштор иқрор шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG