Пайвандҳои дастрасӣ

Пажӯҳиши тозаи Маркази иҷтимоии "Зеркало" мушаххас кардааст, ки 59 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон аз Рӯзи Валентин огаҳӣ доранд.

Қаҳрамон Бақозода, раиси Маркази таҳқиқдотии иҷтимоии "Зеркало" рӯзи 11-уми феврал зимни натиҷагирӣ аз назарсанҷии ин созмон ба радиои Озодӣ гуфт, ки «ин пурсиш дар миёни 1000 нафар одамони касбу кори гуногун дар манотиқи гуногуни кишвар тайи ҳафтаҳои охир анҷом дода шуд.»

Ба гуфтаи ҷаноби Бақозода, ин пурсиш маълум кардааст, ки дар Тоҷикистон аз мардҳо дида, бештари занон аз Рӯзи Валентина хабар доранд. Зеро тибқи пурсиши «Зеркало» 62 дарсади занон ва 56 дарсади мардҳо аз огаҳӣ доштани худ дар бораи Рӯзи Валентин изҳори назар карданд.

Дар пурсиш ба суоли он ки Рӯзи Валентинро ҷашн мегиред? 69 дарсад ҷавоби рад додаанд ва танҳо 31 нафар гуфтаанд, ки ин рӯзро таҷлил мекунанд.

Пурсиши мазкур нишон додааст, ки дар миёни минтақаҳои Тоҷикистон аз ҳама бештар дар вилояти Суғд 64 дарсади мардумаш аз Рӯзи Валентин огоҳӣ доранд. Дар Душанбе, вилоятҳои Хатлон ва Бадахшон камтар аз ҳар 10 пурсидашуда 6 нафар посух додаст, ки Рӯзи Валентинро медонад.

Ҳамчунин дар пайи ин пурсиш маълум шудааст, ки 41 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки дар ин рӯз ба наздиконашон туҳфа мекунанд ва 31 дарсади дигар гуфтаанд, ки Рӯзи Валентинро чун идҳои маъмулӣ таҷлил хоҳанд кард.

"Рӯзи ошиқон" ба зиндагиии ҷавонони Тоҷикистон ҳамагӣ чанд сол пеш ворид шудааст. Агар 10 сол пеш иди ошиқонро танҳо "ҷавонони шаҳрӣ" ҷашн мегирифтанд, ҳоло донишҷӯёну хонаводаҳои ҷавон низ ба сафи онҳо ҳамроҳ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки бархе аз ҷавонон ин идро қабул надоранд, аммо коршиносон мегӯянд, ҳаёти ҷавонон ба чунин як иди махсуси ҳиссиёти онҳо эҳтиёҷ дорад. Дар расонаҳои ахбори ом баҳсҳое ба миён омада буд, ки расми тӯҳфа ба дилдодагон як ҷузъи иди Наврӯз бошад, аммо ин ақида ҳам баён мегашт, ки дар кишвар Рӯзи Лайлӣ ва Маҷнун таъсис ёбад.

Дар сартосари дунё рӯзи "Валентин" бо харҷи зиёд таҷлил мешавад. Масалан, соли 2012 дар Амрико харҷи умумии аҳолӣ дар ин ид бештар аз 17 миллиард долларро ташкил додааст. Маъшуқон дар он ҷо ба якдигар бештар туҳфаҳои гаронарзиш тақдим мекунанд. Дар Тоҷикистон бошад, ҷавонон рӯзи ошиқонро бо арзиши на камтар аз 15 доллар ҷашн мегиранд. Яъне, бо як даста гули садбарг, корти табрикӣ ва тӯҳфаи хотирмон. Ҷавонони доро ҳамроҳи маъшуқаи худ ба тафреҳгоҳҳо мераванд.

Аммо дар Тоҷикистон мухолифони ҷашни рӯзи Валентин ё рӯзи ошиқон низ кам нестанд. Афроди мазҳабӣ мегӯянд, аксар сокинони Тоҷикистон аз таърихи ин ид хабар надоранд. Ба қавли онҳо, агар ҷавонони тоҷик аз хусусияти динӣ доштани рӯзи ошиқон огоҳ шаванд, аз ҷашнгирии он даст хоҳанд кашид. Таьрихи ин ид ба давраҳои аввали масеҳият бармегардад бармегардад ва ба номи роҳиби насронӣ Валентини Муқаддас пайванд дорад, ки бо фармони императори Рим Клавдийи 2 барои даъвати динӣ дар байни ҷавонон ба қатл маҳкум шуд.

Рӯзи қатли ӯ -- 14-уми феврал дертар аз тарафи калисои масеҳӣ қонунӣ гардид. Бо мурури солҳо саргузашти Валентин ба устураи ишқ табдил ёфт. Бино бар яке аз ривоятҳо император Клавдий шахсе унвон мешавад, ки намехост, сарбозонаш оиладор шаванд, зеро он гоҳ хуб нахоҳанд ҷангид ва Валентин, баръакс ба ошиқон дилсӯзӣ мекарду ба таври пинҳонӣ издивоҷи онҳоро созмон медод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG