Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои интизомии Эрон ҳадя додани арӯсак (лӯхтак), гул ва шоколодро аз тарафи духтарон ва писарон ба якдигар дар Рӯзи Валентин, мамнӯъ эълон кардаанд.

Нерӯҳои интизомии Эрон ба иттифоқҳои касаба дар он кишвар дастур додаанд, ки монеи ҳадя додани арӯсак (лӯхтак), гул ва шоколод аз тарафи духтарон ва писарон ба якдигар дар Рӯзи Валентин шаванд.

Нерӯҳои интизомӣ дар хабарномае, ки дар вебсайти расмии Иттифоқҳои касабаи қаҳвахонаҳои Теҳрон мунташир шуд, гуфтааст, ки дар иттифоқҳои касаба набояд рамзҳое чун лӯхтак, гул ва шоколод аз сӯи духтарон ва писарон ба якдигар ҳадя шавад. Иттиҳодияи касабаи Эрон аз қаҳвахонаҳо хостааст, ки ин дастурро риоя кунанд.

Рӯзи Валентина ҳамасола дар чаҳордаҳуми феврал баргузор мешавад ва беш аз 15 сол аст, ки мавриди таваҷҷӯҳи мардуми Эрон қарор гирифтааст. Дар гузашта ҳадя кардани арӯсак, шоколод ва корти табрикӣ ба нишонаи "ишқ"-и тарафайн ба якдигар, бо мухолифатҳои ниҳодҳои фарҳангӣ, интизомӣ ва назоратӣ дар Эрон рӯбарӯ шуда буд.

Ин ниҳодҳо ва созмонҳо ҳамасола дар остонаи баргузории Рӯзи Валентин огоҳиномаҳои таҳдидомез барои пешгирӣ аз баргузории он пахш мекунанд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама ҳушдорҳо, ҳатто дар шаҳрҳое монанди Қум ва Машҳад ҳам ҷашнҳои вобаста ба ин рӯз аз тарафи духтарон ва писарони алоқаманд ба якдигар дар қаҳвахонаҳо ва дигар ҷойҳои умумӣ, баргузор мешуд.

Дар Тоҷикистон мухолифони ҷашни рӯзи Валентин ё рӯзи ошиқон низ кам нестанд. Афроди мазҳабӣ мегӯянд, аксар сокинони Тоҷикистон аз таърихи ин ид хабар надоранд. Ба қавли онҳо, агар ҷавонони тоҷик аз хусусияти динӣ доштани рӯзи ошиқон огоҳ шаванд, аз ҷашнгирии он даст хоҳанд кашид. Таьрихи ин ид ба давраҳои аввали масеҳият бармегардад ва ба номи роҳиби насронӣ Валентини Муқаддас пайванд дорад, ки бо фармони императори Рим Клавдийи 2 барои даъвати динӣ дар байни ҷавонон ба қатл маҳкум шуд.

Рӯзи қатли ӯ -- 14-уми феврал дертар аз тарафи калисои масеҳӣ қонунӣ гардид. Бо мурури солҳо саргузашти Валентин ба устураи ишқ табдил ёфт. Бино бар яке аз ривоятҳо император Клавдий шахсе унвон мешавад, ки намехост, сарбозонаш оиладор шаванд, зеро он гоҳ хуб нахоҳанд ҷангид ва Валентин, баръакс ба ошиқон дилсӯзӣ мекарду ба таври пинҳонӣ издивоҷи онҳоро созмон медод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG