Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вафо Ниятбеков сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таъйин шудааст.

Бо фармони вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов, рӯзи 3-юми март Вафо Ниятбеков сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ин вазорат таъйин шудааст.

Ӯ дар ин мақом ҷойгузини Абдулфайз Атоев шуд, ки ба унвони мушовир дар сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон ба фаъолияти худ идома медиҳад.

Вафо Ниятбеков то лаҳзаи таъинаш дар ин мақом, муовини сардори ҳамин раёсати вазорати умури хориҷӣ буд. Ӯ қаблан дар Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ба унвони таҳлилгар фаъолият кардааст.

Вафо Ниятбеков рӯзи 4-уми март дар як суҳбати кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамкориҳоро бо расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ барои тавсеаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон, идома хоҳад.

Таъйини Вафо Ниятбеков ба ин мақом дар ҳолест, ки дар авохири моҳи ноябри соли гузашта Абдулфайз Атоев, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мушовири сафири Тоҷикистон дар Туркманистон таъйин шуда буд.

Абдулфайз Атоев муддати дувуним сол -- аз апрели соли 2013 дар вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба унвони сухангӯ ё сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Тоҷикистон ифоаи вазифа кард.

Сухангӯи нави вазорати умури хориҷӣ Вафо Ниятбеков 37-сола буда ва соли 2001 аз риштаи равобити байналмилалии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро фориғуттаҳсил шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG