Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давлати пирӣ аз кисаи фарзанд


Бадан Исматоваи 112-сола, сокини вилояти Хатлон даст ба дуои фарзандонаш аст

Бадан Исматоваи 112-сола, сокини вилояти Хатлон даст ба дуои фарзандонаш аст

Аксари бобову бибиҳои мо вақти худро дар хона ва дар вобастагии шадиди молӣ аз фарзандонашон мегузаронанд.

Хостаҳои онҳо ҳам хеле кам ба эътибор гирифта мешавад.

Бобои Наҷмиддини 78-сола, ки дарди шадиди по дорад, бо тавсияи дӯстону табибон мехоҳад ба осоишгоҳе барои муолиҷаву истироҳат равад. Нафақаи ӯ аз 300 сомонӣ зиёд аст, аммо ҷамъияти калони хона, ки аз даҳ фарзанду набераи зиёд иборат аст, имкон намедиҳад, ки хонаи худ дар Душанберо тарк кунад. Писарони бобои Наҷмиддин дар Русия ба мардикорӣ рафтаанд ва рӯзии ин хонаводаи серҷамъият нӯг ба нӯг аст.

- Ман қариб 40 сол кор кардам, заҳмати шабонарӯзӣ кашидам. Нафақа мегирам, аммо он ба харҷи зиндагӣ ва масрафоти хурдам мерасад. Шукр, писаронам зиндагиро таъмин мекунанд ва мо аз ҳеҷ чиз танқисӣ намекашем, лекин барои ба истироҳатгоҳ рафта роҳату фароғат кардан, рости гап, пул намерасад. Набераҳо хурд ҳастанд, мактаб мехонанд, бемор мешаванд. Ҳамаи ин пул мехоҳад.

Писаронам ҳамаи ин хараҷотро пардохт карда наметавонанд. Нархи истироҳат дар фароғатгоҳҳо бошад, хеле гарон аст. Фикр мекунӣ, беҳтараш ин пулро ба набераҳоят бидиҳӣ, ки шод шаванд. Аммо дарди пойҳоям хеле шадид аст. Варам кардаанд, базӯр роҳ мегардам, чунон месӯзад, ки... Лекин

Мисли оқои Абдулвоҳид аз Хуҷанд, бисёр нафақахӯрони тоҷик вақти худро бо нигоҳубини боғу ҳавлӣ пушти сар мекунанд

Мисли оқои Абдулвоҳид аз Хуҷанд, бисёр нафақахӯрони тоҷик вақти худро бо нигоҳубини боғу ҳавлӣ пушти сар мекунанд

таҳаммул мекунам, - гуфт ин пирамард.

Аммо ба фарқ аз бобои Наҷмиддин, хонум Кишварой сокини 65-солаи шаҳри Истаравшан имконоти хубтари истироҳату фароғатро доштааст. Ӯ мегӯяд, фарзандонаш ба тиҷорат машғуланд ва ӯ имкон дорад, ҳадди аққал дар истироҳатгоҳҳои маҳаллии вилояти Суғд аз тафси гармӣ панаҳ барад. Вай мегӯяд, ки бо сарфи хеле ками роҳкиро дар як сол 2 ё 3 маротиба ба табобату фароғат меравад:

- Шукри фарзандонам, мегӯянд: “Модарҷон, шумо хуб заҳмат кашидед, акнун роҳат кунед”. Ман 35 сол тӯпӣ дӯхтам. Фарзандҳоямро хонондам, соҳиби оила ва як бурда нон кардам. Акнун давлати пирӣ меронам. Ҳар вақте, ки гӯям, маро ба «Баҳористон», табобатгоҳи «Истаравшан», «Зумрад» ё Қайроқум мебаранд. Чашм нарасад, ҳоло ман хушбахтам ва сиҳату саломатам. Камтар чашмам намедид, ба наздикӣ ҷарроҳӣ кардам, дуруст шуд.

Феълан дар Тоҷикистон ширкатҳои зиёди сайёҳӣ имкони истироҳат дар осоишгоҳҳои маҳалливу хориҷиро фароҳам меоранд. Заррина Пулодова, раҳбари созмони саёҳии «Зара» мегӯяд, қимати истироҳати якрӯза дар фароғатгоҳҳои табобатии дохили кишвар аз 120 то 600 сомониро ташкил медиҳад. Қимати истироҳат, вобаста ба намудҳои хизматрасонӣ фарқ мекунад. Заррина Пӯлодова гуфт, бо вуҷуди мушкилоти молӣ, шумори муштариёни осоишгоҳҳои ватанӣ сол то сол меафзояд:

- Ҳоло дар зиндагии ҳамарӯза фишору асабоният бисёр аст ва мардум ҳам кӯшиш мекунанд бо даст ёфтан ба хурдтарин имконияти пулӣ, аз паи саломатиашон шаванд. Боиси хурсандӣ аст, ки ба фарқ аз солҳои пеш ҳоло назар ба хориҷиҳо, ҳамватанони мо бештар ба истироҳатгоҳҳои маҳаллӣ
Мардони бисёр маҷбуранд дар синни нафақа ҳам кор кунанд

Мардони бисёр маҷбуранд дар синни нафақа ҳам кор кунанд

муроҷиат мекунанд. Дар миёни онҳо ҷавонҳо зиёдтаранд, чунки кор мекунанд ва барои истироҳати худ маблағ доранд.

Давлатмурод Ҷумъаев ҷомеъашиноси тоҷик гуфт, ба ҳисобҳои иқтисоддонон, ҳоло дар Тоҷикистон аз ҳар даҳ нафар, шояд се нафарашон зиндагии “осуда" ва "хеле оливу шоҳона” доранд, боқӣ 50 то 70 дар сад ҳамоно дар ҳолати фақр ба сар мебаранд.

- Ҳамин сарватмандоне, ки камтар аз 15 дарсаданд, дар хориҷи кишвар ва дохил боҳазур истироҳату фароғат мекунанд. Як гурӯҳе аз миёни 15 дарсади мардуми доро ва наздик ба миёнаҳол баъзан ба худ иҷозаи дар осоишгоҳ фароғат карданро медиҳанд. Мардуми камбизоат давлати пирӣ намеронаду истироҳат ҳам намекунад. Имрӯз фарқ миёни доро ва камбизоат аз ҳад зиёд намоён аст. Барои мисол, дар деҳот, ба ҳисоби миёна, аз ҳазор нафар шояд ҳамагӣ даҳ нафар мошинҳои бошукӯҳ доранд, боқимонда қашоқанд, - мегӯяд ҷомеъашинос.

Табибон мегӯянд, ки тайи даҳ соли ахир ашхоси синну соли миёна ва аз 50-сола боло ҳарчи бештар аз дарди қалб ё фишори баланди хун азият мешаванд. Сабаби аслии марги бисёре аз сокинон хастагиву афсурдагии равониву ҷисмонии онҳост, мегӯяд ҷомеашинос Д.Ҷумъаев.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG