Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, ки дар марз бо ҷумҳурии Узбакистон воқеъ аст, ба 5 ҳазор хонавода антеннаҳои телевизионӣ тақдим кардаанд.

Азбаски дар ин ноҳияи марзӣ шумораи узбактаборон зиёд аст ва ҳамзамон сокинон дар тамошои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон мушкилӣ доранд, мақомоти маҳаллӣ аз ҷумҳурии мардумии Чин 5 ҳазор адад антеннаи рақамии телевизионӣ дастрас ва дар навбати аввал ба хонаводаҳои узбактабор таслим кардааст, ки бештар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро тамошо кунанд ва забони тоҷикиро хуб омӯзанд.

Саъдулло Бекназаров, раиси ноҳияи Қубодиён, зимни тасдиқи ин хабар гуфт, дар ҳоле ки кайфияти навори барномаҳои телевизионии Тоҷикистон дар ин ноҳияи дурдаст бад буд, сокинони маҳаллӣ ба тамошои телевизионҳои узбакӣ ва русӣ ба воситаи моҳвора тарҷеҳ медоданд. Ҳамакнун бо тақдими антеннаҳои рақамӣ сокинон барномаҳои шабакаҳои тоҷикии телевизионро роҳат тамошо хоҳанд кард.

«Телевизионҳои Тоҷикистонро аксарият тамошо намекунанд. Ба ҳамаашон антеннаҳои хитоӣ додем, ки шабакаҳои кишвари худамонро тамошо карда, забони тоҷикиро омӯзанд, бо забони давлатӣ гап зананд. Кӯшиш мекунем, ки ҷавонон ҳам бо забони давлатӣ таҳсил кунанд, онро хуб балад бошанд. Ояндаи наздик боз 5 ҳазор адад аз чунин антеннаҳоро дастрас карда, ба мардуми маҳаллӣ мерасонем. Аз моҳи январ сар карда, ҳамин антенна мавҷи 14 канали телевизиониро ба тамошогар дастрас хоҳад кард», - афзуд С. Бекназаров.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз дастраскунандагони ин антеннаҳои рақамӣ мегӯянд, ҳамоно ба тамошои шабакаҳои телевизионии узбакӣ ва русӣ тарҷеҳ медиҳанд. Агар баъзеҳо дар шарҳи сабаб кайфияти пасти барномаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро мисол оранд, гуруҳи дигар аз муғлақбаёнӣ ва душворфаҳмии забони тоҷикии барномаҳо шикоят мекунанд.

Маликқул, сокини узбактабори Қубодиён мегӯяд, «Бисёри узбекзабонҳо агар одитар суҳбат кунӣ, тоҷикиро мефаҳманд. Лекин барномаҳои телевизион, баъзе газетаҳо чунон душворфаҳм аст, ки беихтиёр тамошои дигар каналро интихоб мекунӣ. Вақте мо ҷавонтар будем, шояд забони тоҷикӣ ҳам фаҳмотар буд, ҳоло агар ба забони адабӣ гап зананд, нисфи гап ва мақсадро сарфаҳм намеравем…»

Муҳаббат, зани 48-солаи узбактабор аз ноҳияи Қубодиён гуфт, «Филму консертҳои узбакиро бештар тамошо мекунем. «Билбоғ» филми хуб аст, боз аз шабакаи «Ёшлар»-и Узбакистон сериалҳоро мебинем. Охир барномаҳои телевизиони Тоҷикистонро сарфаҳм намеравем. Хуб мебуд, агар аз тариқи телевизион барномаҳои омӯзиши забони давлатӣ ба роҳ монда шавад, то ки арзандони мо ҳам онро хуб омӯзанд. Ҳоло бошад, фарзандонамон ба тамошои каналҳои ғайритоҷикӣ алоқаманданд».

Аммо дар ҳоле ки ҳукумати Қубодиён тасмим дорад, то поёни сол ба тамоми 24 ҳазор хонавода дар ин ноҳия чунин антеннаҳои рақамии телевизионӣ тақдим кунад, бархе сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ин антеннаҳоро мақомот ба онҳо ҳадя не, балки бо қимати 16 сомонӣ (3 доллари ИМА) фурӯхтаанд.

Таҳлилгарони маҳаллӣ мегӯянд, бо таваҷҷуҳ ба ноҳияи ҳамсарҳад бо Узбакистону наздики марзи Афғонистон будани навоҳии Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав, ба хотири пӯшиш додани халои иттилоотӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ таъсиси як шабакаи телевизионии минтақавӣ дар ин маҳал зарур аст.

Саъдулло Бекназаров, раиси ноҳияи Қубодиён мегӯяд, таъсиси як чунин шабакаи телевизионии минтақавӣ дар ин се ноҳияи ҳамсарҳад бо Узбакистон ногузир аст ва дар роҳандозии чунин тарҳ аз таҷрибаи телевизионҳои маҳаллӣ дар навоҳии сарҳадии вилояти Суғд дар оянда кор гирифта мешавад.

Аммо вай афзуд: «Ман дар Хуҷанд, Масчоҳи Кӯҳӣ будам, дар дигар ноҳияҳои ҳамсарҳад бо Узбакистони вилояти Суғд будам ва мушоҳида кардам, ки онҳо аз замонҳои пеш ба масъалаи телевизиону радиоҳои маҳаллӣ таваҷҷуҳи зиёд медиҳанд. Дар ин вилоят телевизионҳои зиёди маҳаллӣ таъсис дода шудаанд ва то ҷое барои таъмини амнияти иттилоотии кишвар саҳм мегузоранд. Аммо дар вилояти мо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ тамоми пояҳои бетонӣ, хатҳо ва дастгоҳҳои мавҷпароканиро хароб карда ва ё рабудаанд. Ҳоло барои эҳёи ин ҳама вақт зарур аст, аммо таъсиси чунин телевизиони минтақавӣ аз нигоҳи идеологӣ муҳим мебошад».

Сокинони рустоҳои навоҳии ҳаммарз бо Узбакистон аз он шикоят мекунанд, ки барномаҳои телевизиони вилояти Хатлон дар маҳалли зисташон низ қобили тамошо нест. Онҳо танҳо Шабакаи якуми ТВ Тоҷикистон ва «Сафина»-ро тамошо карда метавонистаанд. Ба сабаби сифати пасти барномаҳо, қисмате аз сокинони маҳаллӣ моил мешаванд ба тамошои барномаҳои шабакаҳои телевизионии «Ёшлар», ва «Тошканд-1»-и Узбакистон. Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки ин тамоюл метавонад боиси халалдор шудани амнияти иттилоотӣ дар манотиқи марзии Тоҷикистон гардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG