Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Майли узбактаборон ба омӯзиши забони тоҷикӣ афзудааст"


Мақомоти вилояти Хатлон аз майли афзояндаи сокинони узбактабори минтақа барои аз худ кардани забони тоҷикӣ хабар доданд. Онҳо гуфтанд, ки дар чанд моҳи гузашта тақрибан 100 муаллими узбактабор дар ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус ва Носири Хусрав давраи кӯтоҳмуддати омӯзиши забони тоҷикиро гузашта, баъзе аз хонандагон низ худро дар мактабҳои тоҷикӣ сабт намудаанд.

Дар ҳама вохӯриҳо бо забони узбакӣ хатари ифротгароиро ба мардум мефаҳмонем. Талош мекунем, ки бо забони худашон гап занем, то моро хубтар фаҳманд. Худи ман узбакиро медонам ва бо забони узбакӣ суҳбат мекунам
Хосият Зарифова

Сокинони узбактабори минтақа мегӯянд, дар Тоҷикистон тамоми коргузорӣ ва аксар барномаҳои таълимӣ дар мактабу донишгоҳҳо ба тоҷикӣ сурат мегирад ва забони тоҷикӣ роҳи онҳоро барои кору фаъолият дар сохторҳои ҷамъиятиву давлатӣ боз мекунад. Дар вилояти Хатлон 157 мактаби дузабона, яъне тоҷикиву узбакӣ фаъолият дошта, 27 мактаб пурра таълимотро ба забони узбакӣ ба роҳ мондаанд. Дар онҳо дар баробари тоҷикон, 47 ҳазору 133 хонандаи узбакзабон ҳам таълим мегиранд.

“Чора нест”?

Бозоргул Саидова
Бозоргул Саидова

“Зоҳиран чораи дигар нест. Дар гузашта забони русӣ роиҷ буд ва ҳоло тоҷикӣ асосӣ шудааст. Барои онки бачаҳои мо бихонанду дар оянда ҷойгоҳ пайдо кунанд, бояд забони давлатиро хуб омӯзанд. Ин муҳим аст”, - гуфт яке аз сокинони ноҳияи Носири Хусрав.

Бозоргул Саидова – муовини раиси ноҳияи Носири Хусрав – рӯзи 11 апрел гуфт, ин тасмим кори таблиғу маъракаҳои ҷилавгирӣ аз гароиши сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъро то ҳадде осон кардааст. Вай афзуд, “соли 2002 бисёр узбакзабонҳои ноҳияи Носири Хусрав забони тоҷикиро намедонистанд. Дар ин муддат мактабҳои тоҷикӣ ифтитоҳ шуда, таблиғи омӯзиши забони давлатӣ ба роҳ монда шуд. Баъд аз панҷ сол мушкили надонистани забони давлатӣ дар миёни узбакҳо комилан аз миён меравад.”

Вазъ дар Шаҳритусу Қубодиён чӣ гуна аст?

Муҳокимаи ҳашт сокини ноҳияи Қубодиён ба ҷурми узвият дар созмони тундрави "Давлати исломӣ"
Муҳокимаи ҳашт сокини ноҳияи Қубодиён ба ҷурми узвият дар созмони тундрави "Давлати исломӣ"

Ноҳияи Носири Хусрав дар 250-километрии ҷануби Душанбе ҷойгир буда, шаст дар сади аҳолиаш узбакзабонанд. Як таҳқиқот нишон додааст, ки дар солҳои охир 5 дар сади онҳо забони давлатиро аз худ кардаанд. Мақомоти ноҳияи Носири Хусрав мегӯянд, дар ҳоли ҳозир 25 мактаб бо ду забон, яъне тоҷикӣ ва узбакӣ, фаъолият доранд. Дар ноҳияи Шаҳритус низ вазъ тақрибан ҳамингуна будааст. Аммо дар ноҳияи Қубодиён мақомот бештар талош доранд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро барои ҷилавгирӣ аз гароиши сокинон ба ифротгароӣ бо забони узбакӣ ба роҳ монанад.

Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, дар миёни узбакзабонҳои маҳаллӣ арзишҳои мазҳабӣ ва, инчунин, шумори муҳофизакорон бештар аст ва хатари гароиши ҷавонҳои маҳаллӣ ба гурӯҳҳои тундраве ба мисли “Давлати исломӣ” ҳам эҳсос мешавад. Вале камбуди маълумот ба забони барояшон фаҳмову дастрас як сабаби майл кардани онҳо ба ин идеяҳо ҳам мешавад.

“Бо забони онҳо гап мезанем, то хубтар фаҳманд”

Ноҳияи Шаҳритус
Ноҳияи Шаҳритус

Аз ин хотир, мақомот мегӯянд, дар баробари афзоиши таваҷҷӯҳ ба дарсҳои забони тоҷикӣ, бояд талош кард, ки бо забони модарии худашон дар бораи таҳаввулоти ахири ҷаҳон ва ҷараёнҳои хатарзо огаҳӣ дошта бошанд. Хосият Зарифова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Қубодиён, гуфт, “дар ҳама вохӯриҳо бо забони узбакӣ хатари ифротгароиро ба мардум мефаҳмонем. Талош мекунем, ки бо забони худашон гап занем, то моро хубтар фаҳманд. Худи ман узбакиро медонам ва бо забони узбакӣ суҳбат мекунам.”

Қубодиёни ҳаммарз бо Шаҳритус аз ноҳияҳои осебпазир гуфта мешавад ва баҳси ифротгароии сокинони деҳаи Қизилнишон номи ин ноҳияро дар сархатти хабарҳо қарор додааст. Аз ҳукумати ноҳияи Қубодиён дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз ин ноҳия 65 нафар ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайваста, дар миёни онҳо як марди 45 ва як зани 50-сола ҳам ҳастанд, ки пеш аз сафар ба Сурия боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

Ҷамъияте беш аз 1 миллион

Даромадгоҳи яке аз мактабҳои дузабона дар вилояти Хатлон
Даромадгоҳи яке аз мактабҳои дузабона дар вилояти Хатлон

Узбакзабонҳо дар Тоҷикистон беш аз 15 дар сади аҳолӣ ё 1 миллиону 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Бино ба як пажӯҳиши ду соли қабл, ӯзбактаборони Тоҷикистон худро бегона намеҳисобанд ва Тоҷикистонро ватани ҳақиқии худ медонанд. Пажӯҳиши мазкурро Брент Ҳайрман, муҳаққиқи Департаменти мутолеоти байнулмилалӣ ва улуми сиёсии Донишгоҳи низомии Вирҷинияи Амрико анҷом дода буд.

Дар назарсанҷӣ барои ин пажӯҳиш бисёре аз узбакзабонҳои Тоҷикистон, бахусус мардуми рустоҳо гуфтаанд, ки “байни тоҷикҳову узбакҳо ба ғайр аз забон ҳеч фарқ нест.” Аммо дар ин қатор онҳое низ будаанд, ки дар назарсанҷии ин пажӯҳиш аз роҳ наёфтани худ ба мақомҳо ва адами дастрасӣ ба ҷойи кори муносиб ба далели “узбак буданашон” шикоят намудаанд. Иддаое, ки мақомот қабулаш надоранд ва мегӯянд, ба ҳама намояндагони миллатҳо дар кишвар эҳтиром гузошта мешавад.

XS
SM
MD
LG