Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон гузаргоҳҳои марзӣ бо Қирғизистонро мебандад


Баъзе гузаргоҳҳои муҳими Қирғизистону Узбакистон ба таври якҷониба баста шудаанд

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, Узбакистон гузаргоҳҳои роҳи оҳан дар марз бо ин кишварро баста, вале сабаби ин тасмимашро то ҳол баён накардааст. Масъулони шӯъбаи равобити берунаи Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон ба Интерфакс гуфтаанд, ки "аз рӯзи 21-уми январ ҷониби Узбакистон гузаргоҳи "Қизил-Қия", "Карасуу", "Ҷалолобод", "Шамалдусай"-ро яктарафа бастаанд." Ҷониби Узбакистон гуфтааст, ки гузаргоҳи "Карасуу" ба иллати мушкили фаннӣ баста шудааст. Аммо дар мавриди гузаргоҳҳои дигар иттилое дода намешавад.

Аз ин пеш, сомонаи иттилоотии 24.кг аз қавли Абдиманап Кутушев, як узви парлумони Қирғизистон хабар дод, ки аз 15 гузаргоҳи марзии муштарак бо Узбакистон 9 гузаргоҳ ба таври якҷониба амал мекунанд. “Тавассути ин гузаргоҳҳо танҳо шаҳрвандони Узбакистон ҳаққи убур доранд, қирғизистониҳоро аз роҳ мегардонанд”,-гуфт ӯ дар ҷаласаи парлумонии рӯзи 19-уми январ.

Ин дар ҳолест, ки музокироти миёни мақомоти Узбакистон ва Қирғизистон барои коҳиши таниши атрофи моҷарои Сӯх дучори бунбаст шудааст. Ба иттилои волии Ботканд Ҷениш Раззоқов, музокироти миёни мақомоти Узбакистони ҳамсоя дар масъалаи дубора боз шудани нуқтаҳои марзӣ ва роҳҳои атрофи ҷазирақаламрави Сӯх аз 10 январ ба ин сӯ ҳеҷ пешравие надидаанд.

Масъулини хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтанд, ки аз рӯзи панҷшанбе, 17 январ бузургтарин гузаргоҳи марзии “Дӯстлик”, ки Ӯзбакистонро бо вилояти Ӯши Қирғизистон мепайвандад, бо дастури Тошканд баста шудааст. Айни замон, аз рӯи иттилои бахши қирғизии радиои Озодӣ, атрофи анклави қирғизии Барак, ки дар қаламрави вилояти Андиҷони Узбакистон ҷойгир аст, низ аз тарафи Тошканд баста шудааст. Ин ҷазирақаламрав, ки аз як русто иборат буда, аксари 1500 сокинаш қирғизтаборанд, тобеи ноҳияи Қаросӯи вилояти Ӯши Қирғизистон аст. Дастрасӣ ба ин деҳаи қирғизнишин аз як роҳи транзитӣ имконпазир аст, ки хоки Ӯзбакистон ба вилояти Ӯшро убур мекунад.

Заурбек Бахтибоев,
хабарнигори бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ки субҳи душанбе, 21 январ сокинони рустои Барак бо онҳо дар тамос шуданд ва ​гуфтаанд, ки аз 16 январ ба ин сӯ мақомоти Ӯзбакистон гузаргоҳи марзиро бо Барак баста нигоҳ медоранд.

  • Сокинони ин деҳа мегӯянд, ки захираҳои ғизо ва маводи сӯхт дар ҳоли тамом шудан аст, вале онҳо ҳанӯз ҳам намедонанд, ки роҳҳои рафтуомади онҳо кай боз мешаванд. Онҳо ба камбуди орду ангишт таъкид мекунанд, - гуфт Заурбек Бахтибоев. - Ин бошандагон шикоят кардаанд, ки ҳатто барои кору фаъолият низ наметавонанд аз қаламрави деҳа берун раванд.

Дар паи моҷарои миёни сокинони рустоҳои наздимарзии анклави Сӯхи Ӯзбакистон ва марзбонони Қирғизистон дар таърихи 5-6 январ, роҳҳои убуру мурури марз барои 60 ҳазор сокини Сӯх, ки аксарият тоҷиканд, баста шудааст. Моҷаро баъди он сар зад, ки сокинони рустои Ҳушёри анклави Сӯх, ки ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбакистон тааллуқ дошта, дар дохили ҳудуди вилояти Ботканди Қирғизистон ҷойгир аст, аз насбкунии хатҳои барқгузар (ЛЭП) дар минтақаи марзӣ аз ҷониби марзбонон қирғиз изҳори норизоият карданд. Дар авҷи ихтилофҳо сокинони ӯзбактабори Сӯх ба нишони эътироз аз кори марзбонони қирғиз ҳудудан 30 сокини рустои қирғизии тарафи муқобили марзро рӯзи 6 январ ба гарав бурданд. Дар натиҷаи музокироти мақомоти ду ҷониб, то нисфирӯзии 7 январ тамоми гаравгонҳо, аз ҷумла занону кӯдакон озод шуданд.

Мақомоти Ӯзбакистон ва Қирғизистон тасмим гирифтанд, ки моҷарои Сӯхро якҷо бо таъсиси комиссиюни муштарак таҳқиқ кунанд. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҷонибҳои ихтилофро ба хештандорӣ ва муколама даъват кардааст.

Анклав ё ҷазирақаламрави Сӯх вилоятҳои Ӯш ва Ботканди Қирғизистонро ба ҳам мепайвандад. Дар гузашта Узбакистон борҳо убуру мурур тавассути ин роҳро маҳдуд карда буд. Сокинони деҳаи Ҳушёр асосан тоҷиконанд, тақрибан 10 % сокинонаш ӯзбактабор мебошанд. Аз соли 1999 вақте ҷангҷӯёни исломӣ ҳамлаҳо болои манотиқи ҷанубии Қирғизистонро раҳандозӣ кардаанд, ҳукумати Узбакистон ҳузури низомиаш дар Сӯхро таҳким бахшидааст.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG