Пайвандҳои дастрасӣ

Самандар Қӯқанов: "Сипос аз касоне, ки пуштибониам карданд"


Самандар Қӯқанов.

Самандар Қӯқанов.

Рӯзи 24 ноябр ба таври ғайричашмдошт яке аз зиндониёни сиёсӣ дар Узбакистон Самандар Қӯқанов, ки ҳудуди 24 соли умри худро дар пушти панҷараҳои зиндон сипарӣ кард, раҳо шуд.

Мӯҳлати зиндони Самандар Қӯқанов моҳи октябри имсол ба анҷом расида буд, вале додгоҳе дар вилояти Навоии Узбакистон мӯҳлати ҳабси ин вакили пешини Шӯрои олии Узбакистони Шӯравиро 3 солу 5 рӯз дароз кард.

Самандар Қӯқанов, ки дар таърихи Узбакистони мустақил дарозтарин муҳлати зиндонро пушти сар кардааст, билофосила пас аз раҳоияш аз маҳбаси шумораи 64/48 дар Зарафшон, бо "Озодлик"-- бахши узбакии Радиои Озодӣ, сӯҳбат кард.

Вай дар ин суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "табъаш олист ва вазъи саломатиаш низ хуб мебошад. Чизе, ки мехоҳам ба шумо бигӯям, 23 солу 5 моҳ гузашт. Барои касоне, ки тӯли ин муддат ба ман кӯмак карданд ва ин мавзӯъро матраҳ намуданд, орзуи муваффақият ва сиҳатмандӣ мекунам. Ба ҳамаи онҳо сипос ва табрикоти манро расонед. Ман наметавонам бо шумо калимоте аз хушҳолӣ бигӯям. Ман ин рӯзро 23 солу 5 моҳ мунтазир будам. Шукри Худованд, ки ҳоло ба озодӣ баромадам."

Самандар Қӯқанов дар идомаи суҳбаташ бар Радиои Озодӣ аз як гуфтаи шоири тавонои дузабона Алишер Навоӣ ёддовар кард, ки "бигузор дар қафаси тиллои садбаргҳо бирӯянд, аммо барои булбул лонаи вайронааш дар озодӣ хуштар аст. Қафас қафас аст, ҳеҷ чиз ба озодӣ баробар намешавад, ҳатто агар ту як пораи нон ҳам надошта бошӣ".

Хонаводаи Самандар Қӯқанов, зиндонии сиёсии Узбакистон, ки ба синни 72 расида, аз ин 23 солашро паси милаҳои зиндон гузарондааст, рӯзи гузашта аз озодии ӯ хабар доданд. Сардор, писари Самандар Қӯқанов, рӯзи 24 ноябр дар сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, раҳоии падарашро ба онҳо намояндагони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати корҳои дохилии Узбакистон расонданд.

Писари Самандар Қӯқанов зуҳри рӯзи гузашта дар суҳбат ба "Озодлик" гуфта буд, ки "ман ҳоло дар назди дарвозаи маҳбас аст. Падарам то ба ҳол берун набаромадааст. Агар пас аз як соат занг бизанед, ман ба шумо ҳама чизро мегӯем."

"Охирин мулоқотҳо лағв шудааст. Ба мо занг заданд ва гуфтанд, ки Самандар - акоро ба хона баред", навишт яке аз наздикони Самандар Қӯқанов ба Радиои Озодӣ рӯзи 24 нобяр. Ҳамин тариқ дар нимаи дувуми рӯзи 24 ноябр фарзандони Кӯқанов тариқи телефон ба Радиои Озодӣ аз озодии падарашон хабар доданд.

Қӯқанов дар таърихи Узбакистони мустақил дарозтарин муҳлати зиндонро пушти сар кардааст. Вай 2 июли соли 1993 бо айби исрофкорӣ дар амволи давлатӣ зиндонӣ шуд. Наздикону пайвандони вай мегӯянд, соҳибкор ва вакили узбак Қӯқанов, ки дар солҳои 1980 маъруфият касб карда буд, бо фармони бевоситаи Ислом Каримов -- президенти пешини Узбакистон зиндонӣ шудааст. Ислом Каримов рӯзи 2 сенябри соли ҷорӣ бар асари сактаи мағзӣ аз дунё даргузашт

Самандар Қӯқанов дар соли 1989 ҳамзамон бо Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон, ба мақоми вакилӣ интихоб шуда буд. Ин вакили парлумони Узбакистон ва директори пешини полоиши нафт дар Чиназ дар соли 1993 боздошт шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG