Пайвандҳои дастрасӣ

Бино ба хабари нашрияҳои Покистон, Узбакистон изҳори омодагӣ кардааст, ки ба ин кишвари Осиёи Ҷанубу Шарқӣ нерӯи барқ фурӯшад.

Ин дар ҳолест, ки қарор буд, асосан Тоҷикистону Қирғизистон бо бунёди хатти баландшиддати нерӯи барқ ба содиркунандагони барқи Покистон табдил ёбанд.
Ҳадафи аслии Тошканд ишғол кардани ҷои Тоҷикистону Қирғизистон дар бозори Покистон мебошад...

Вале дар марҳилаи феълӣ ҳеҷ кадоме аз онҳо қодир ба татбиқи зудраси ин нақша нестанд, ки дар натиҷа Тошкандро ба пештози бозори нерӯи барқ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ табдил медиҳад.

ТАРҲЕ ШИТОБКОРОНА


Ба навиштаи нашрияҳои Исломобод масъалаи содир намудани 1000 мегаватт барқи Узбакистон ба Покистон дар ҷараёни сафари нахуствазири ин кишвар Юсуф Ризо Гелонӣ ба Тошканд дар авохири моҳи гузашта ба даст омадааст.

Ба қавли Ойбек Усмонов, сафири Узбакистон дар Исломобод, шароити иҷрои чунин тарҳ мавҷуд аст, зеро Узбакистон ҳоло ба Афғонистон дар ҳаҷми 300 мегаватт нерӯи барқ содир мекунад.

Як намояндаи сафорати Узбакистон дар Тоҷикистон гуфт, тибқи хабаре, ки дар даст дорад, рӯзҳои наздик як ҳайъат аз Вазорати обу энергетикаи Покистон ба Тошканд сафар мекунад. Эҳтимол меравад, дар ин дидор масъалаи роҳҳои иҷрои пешниҳоди Узбакистон матраҳ шавад.



ИҚТИСОДИЁТ Ё СИЁСАТ?


Нашрияҳои покистонӣ мегӯянд, барои иҷрои тарҳи Узбакистон ибтидо бояд байни ду кишвар хатти баландшиддати барқ сохта шавад. Хатте, ки байни Узбакистон ва Афғонистон мавҷуд аст, иқтидори интиқоли 1000 мегаватт нерӯи барқро надорад.

Вале чаро дар чунин шароити ноомода ва бо як шитобзадагӣ Тошканд мехоҳад, пешниҳоди фурӯши барқи худро ба Покистон амалӣ кунад?

Иқтисоддони тоҷик, Ҳоҷимуҳаммад Умаров бар ин аст, ки "ин иқдоми ҳамкории Узбакистон бо Покистон як қадами сиёсӣ аст на иқтисодӣ, зеро барои интиқоли барқ ба Покистон хатти баландшиддат зарур аст ва гузашта аз ин барқи Узбакистон дар нисбати барқи Тоҷикистон чаҳор маротиба гаронтар аст. Ҳадафи аслии Тошканд ишғол кардани
Аммо барои таъмин намудани бозори Покистон бо нерӯи арзони барқ, Тоҷикистон бояд нерӯгоҳи Роғунро ба кор андозад ва ҳамчунин чандин нерӯгоҳи дигари барқи обӣ бунёд кунад...
ҷои Тоҷикистону Қирғизистон дар бозори Покистон мебошад."


Ҳарчанд нашрияҳои покистонӣ, аз ҷумла рӯзноми "News"-и чопи Исломобод бо ишора ба созишҳои қаблии байни Покистон ва Тоҷикистон, тарҳи навро "бозоршикании Узбакистон" номидааст, мақомоти Тоҷикистон ба он назари ором доранд.

Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, новобаста ба замони бунёди Роғун ва нерӯгоҳҳои дигари обию барқии Тоҷикистон бозори нерӯи барқ барои Тоҷикистон ҳамеша боз боқӣ хоҳад монд, зеро ба ҷуз аз Қирғизистон ҳеҷ кишвари дигари минтақа имкони фӯруши барқи арзонро нахоҳад дошт.

РЕҶА ВА ЭКСПОРТ


Ба ақидаи коршиносон дар сурати пешниҳоди барқи ба маротиб арзонтар харидор манфиати худро дар сафи аввал хоҳад гузошт. Аммо барои таъмин намудани бозори Покистон бо нерӯи арзони барқ, Тоҷикистон бояд нерӯгоҳи Роғунро ба кор андозад ва ҳамчунин чандин нерӯгоҳи дигари барқи обӣ бунёд кунад. Ин дар ҳолест, ки иҷрои тарҳи Роғун боз ҳам дар натиҷаи мухолифати сарсахтонаи Узбакистон ба он ба дарозо кашидааст.

Аз сӯи дигар барномаҳои фурӯши барқ ба хориҷа сокинони худи Тоҷикистонро як андоза нигарон мекунад, ки бо назардошти нархи нерӯи барқ, мумкин аст, ба тиҷорати хориҷии он аз таъмини бозори дохилӣ дида таваҷҷӯҳи бештар дода шавад. Аз ҷумла фурӯши нерӯи барқ ба Афғонистон дар семоҳаи аввали соли равон дар шароити бебарқии худи Тоҷикистон норозигии шаҳрвандонро ба вуҷуд оварда буд.

Ба гуфтаи сардори раёсати Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон дар умури нерӯгоҳҳои хурду миёна, Вайсиддин Саидов, "феълан аз рӯи имконоте, ки мо дорем, ҳудуди 17 миллиард киловат соате, ки истеҳсол мешавад боз 8 миллиарди дигар намерасад. Танҳо Роғун метавонад ин талаботро бароварда кунад."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG