Пайвандҳои дастрасӣ

Ӯзбакистон сафари занони то 35-соларо ба хориҷа маҳдуд кард


Бархе аз сокинони Ӯзбакистон шикоят кардаанд, ки сар аз ҳафтаи гузашта гирифтани раводиди сафари хориҷӣ барои занони то 35-сола мушкил ва ғайримумкин шудааст.

Мадина, ҷавонзани 28-солаи тошкандӣ ба Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, муроҷиати ӯ барои гирифтани визаи хуруҷӣ сабаби даъват ба мақомоти интизомӣ шудааст. Дар ин ҷо ӯро бозпурсӣ кардаанд, ки ба кадом мамлакат ва бо мақсади чӣ сафар мекунад. Ҳамзамон ба ӯ ҳушдор дода шудааст, ки агар ба хориҷа сафар мекунад, набояд ба “гурӯҳҳои гуногун шарик гардад”. Мақомоти расмии Ӯзбакистон мегӯянд, ҳадафи онҳо аз ин пурсуҷӯй ва ҳушдорҳо пешгирӣ аз ҳолатҳоест, ки бонувони ин кишвар дар хориҷа ба дасти афрод ё гурӯҳҳои ҷиноӣ наафтанд. Ба Мадина гуфтаанд, азбаски синнаш аз 35 поён аст, барои гирифтани раводиди сафар аввал бояд аз суҳбати раёсати корҳои дохилии вилоят гузарад.

Мадина мегӯяд: “Маро қариб якуним соат бозпурсӣ карданд. Чаро ба хориҷа меравед? Дар он ҷо бо чӣ машғул мешавед? Аз куҷо пул меёбед? Бо киҳо шинос ҳастед? Кай бармегардед? Ва ба ин монанд саволҳои зиёд. Мисли он буд, ки додситон маро пурсуҷӯ мекарда бошад.”

Айнан ба ҳамин мазмун сокини дигари Тошканд бо номи Ситора ба Радиои Озодӣ шикоят кард ва аз ӯ пурсидаанд, ки дар бораи кадом гурӯҳҳои ҷосусӣ ва динӣ маълумот дорад ва набояд ба онҳо бипайвандад.

Яке аз раҳбарони раёсати умури дохилии Тошканд бидуни зикри номаш ба Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, мақсади асосии ин сӯҳбатҳо пешгирӣ аз хариду фурӯш шудани занони ӯзбак дар хориҷа аст. Вай меафзояд, чунин амалия дар тамоми дунё вуҷуд дорад. “Ҳамаи давлатҳо барои ҳифзи занони то 35-сола аз қочоқ ва танфурӯшӣ аз чунин чораҳо кор мегиранд. Кормандони умури дохилӣ бо чунин занон сӯҳбат мекунанд ва барояшон роҳнамоӣ медиҳанд, ки дар ҳолати мушкил бояд ба куҷо рӯ оранд. Ин як машварат асту бас ва набояд аз он ҳаросанд.”

Аммо чанде аз занон, ки мавриди пурсуҷӯ қарор гирифтаанд, мегӯянд, аз онҳо бештар дар бораи ошноияшон бо гурӯҳҳои динӣ ва созмонҳои ҷосусӣ суол мешавад ва ин намояндаи ниҳодҳои интизомии Ӯзбакистон дар ин пайванд гуфт: “Дар хориҷа чӣ воқеаҳо рӯй дода истодааст, ҳамаамон медонем. Барои ҳамин мо занонро огоҳ мекунем, ки аз тамос бо афроди ношинос эҳтиёт кунанд. Аммо муҳимтарин масъала ба гурӯҳҳои ҷиноии хориҷӣ рабт дорад. Онҳое, ки ба хориҷа мераванд, мумкин аст, дар ноомади кор, террорист шаванд ё бо гурӯҳҳои ҷиноии қочоқи инсон рӯбарӯ гарданд. Барои ҳамин ба ин занон машварат дода мешавад, ки дар чунин ҳолат бояд ба кӣ телефон кунанд ва чӣ хел аз вазъи бад наҷот ёбанд.”

Вале Мадина мегӯяд, агар занони то 35-сола аз сӯҳбат гузаранд ҳам, ин барои гирифтани раводиди сафари хориҷӣ кофӣ нахоҳад буд. Бар замми ин, акнун талаб карда мешавад, ки аз раиси гузар низ тавсиянома гирифта шавад. Раиси гузар дар ин санад бояд ҳамчунин ному насаби ҳамаи аҳли оилаи шахсро зикр кунад. Ин хонум меафзояд, агар шахс бо раиси маҳалла муносибати хуб надошта бошад ё аз ниҳодҳои давлатӣ ба раис дастур дода шавад, кас чунин санад гирифта наметавонад ва аз раводиди сафар маҳрум мегардад.

Ба гуфтаи заноне, ки хостори гирифтани раводиди сафар хориҷӣ шудаанд, акнун рӯйхатти ҳуҷҷатҳое, ки бояд барои ин омода ва пешниҳод кунанд, дарозтар шудааст. Ба ғайр аз нусхаи шиноснома ва анкетаҳои Вазорати умури хориҷӣ ҳамчунин тавсияномаи раиси гузар, санади пардохти боҷи давлатӣ ва ризоияти ниҳоди умури дохилӣ зарур аст, ки баъд аз пурсуҷӯи ин мақомот дода мешавад. Пас аз супурдани ин санадҳо Мадина 20 рӯз интизор шудаву сипас раводид гирифтааст.

Бино бар қарори Девони Вазирони Ӯзбакистон, ки 6-уми январи соли 1995 қабул шудааст, шаҳрвандони ин кишвар барои сафар ба давлатҳои хориҷӣ ва аз ҷумла ба Тоҷикистон ва Туркманистон бояд раводиди хуруҷӣ гиранд. Мақомоти давлатӣ ҳақ доранд, ба шаҳрвандони “муайян” чунин раводид надиҳанд. Ахиран рассоми шинохтаи Ӯзбакистон Вячеслав Охунов эълом доштааст, ки аз шаҳрвандии ин кишвар даст мекашад, зеро мақомот ду сол ба ин сӯ барояш раводиди сафар ба хориҷаро намедиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG