Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи фурӯши ҳавопаймоҳои ҷангии "Golden Eagle" ба Узбакистон


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба далели узви созмони таҳти нуфузи Чин ва Русия будани Узбакистон аз Куриёи Ҷанубӣ хостааст, ки фурӯши ҳавопаймоҳои ҷангиро ба Тошканд қатъ кунад.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Куриёи Ҷанубӣ хоста, ки аз фурӯши ҳавопаймоҳои ҷангии навъи T-50 "Golden Eagle" ба Узбакистон худдорӣ кунад.

Вашингтон мегӯяд, ки Узбакистон узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС), созмони таҳти нуфузи Русия ва Чин аст ва имкон дорад, ин ҷангандаҳо ба дасти Русия ҳам биуфтанд.​ Инчунин, Амрико аз он нигаронӣ кардааст, ки харидории ҳавопаймоҳои ҷангии муосир ба ташаннуҷи равобити Узбакистон бо кишварҳои ҳамсоя мунҷар мешаванд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни дидори Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон аз Куриёи Ҷанубӣ дар моҳи майи соли ҷорӣ дар мавриди фурӯши 12 ҳавопаймои ҷангӣ бо маблағи умумии 400 миллион доллар тавофуқ ҳосил шуда буд. Дар моҳи апрели соли ҷорӣ вазирони дифои Куриёи Ҷанубӣ ва Узбакистон Хан Мин Ку ва Кобул Бердиев дар маврди ҳамкориҳои низомӣ ёддошти тафоҳум имзо карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи нашрияи Korea Times, мақомоти Куриёи Ҷанубӣ талош мекунанд, то Вашингтонро ба бехатар будани тавофуқи фурӯши ҳавопаймои ҷангӣ ба Узбакистон мутақоид кунанд.

Ҳавопаймоҳои ҷангии T-50 аз ҷониби ширкатҳои Lockheed Martin (ИМА) ва Korea Aerospace Industries – KAI (Куриёи Ҷанубӣ) сохта шуда, 70 дарсади ин тарҳ аз ҷониби Куриёи Ҷанубӣ сармоягузорӣ шудааст. Тибқи қонуни “Назорати судури таслиҳоти ИМА” ҳавопаймоҳои ҷангие, ки дар сохтани онҳо Амрико ширкат кардааст, танҳо бо ризоияти Иёлоти Муттаҳида ба фурӯш расонда мешавад.

То ҳол ҳавопаймоҳои ҷангии Т-50 ба Ироқ, Филиппин ва Таиланд содир шудааст.

XS
SM
MD
LG