Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳкумияти сокини Узбакистон барои "ҷосусӣ" ба нафъи Тоҷикистон


Зиндони Отбозор дар вилояти Бухоро

Зиндони Отбозор дар вилояти Бухоро

Додгоҳи ҳарбии Узбакистон як сокини маҳаллиро ба иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон, ба 16 сол зиндон маҳкум кардааст.

Телевизиони давлатии Узбакистон эълон кардааст, ки додгоҳии ҳарбии он кишвар як сокини маҳаллиро ба иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон ба 16 соли зиндон маҳкум кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, дар як филми мустанад, ки шаби 4 апрел дар телевизиони давлатии Узбакистон пахш шуд, гуфта шудааст, ин мард аз авохири солҳои навади асри гузашта маълумоти арзишманд, аз ҷумла дар мавриди қисмҳои низомӣ дар ҷануби Узбакистонро дар ихтиёри хадамоти маъсуси Тоҷикистон гузоштааст.

Ин навор, ки "Хиёнаткор" ном дорад, дақиқ нагуфтааст, ки мурофиа кай ва дар куҷо сурат гирифтааст, аммо ба гуфтаи манбаъ, айдоршуда Шарифҷон Асроров, ки як марди миёнсол мебошад, дар ин навори телевизионӣ ба иттиҳомоти мазкур, "эътироф" кардааст.

Тибқи ин гузориш, Асроров бо ҳадамоти махсуси Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда ва дар мавриди мавқеи зиндонҳо дар Узбакистон, ва ҳамчунин қисмҳои низомӣ ва васоили мудофиавӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаҳои Сурхандарё, Қашқадарё ва Бухоро, маълумот ироа мекардааст. Тибқи ин гузориш, Асроров бо як шаҳрванди Тоҷикистон оила барпо кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол дар мавриди ин иддаои ҷониби Узбакистон, вокунише нишон надодаанд.

Тоҷикистон ва Узбакистон, ки аз солҳо ба ин тараф сари масоили обӣ бо ҳам муноқиша доранд, дар гузашта даҳҳо тан аз сокинонро барои ҷосусӣ ба нафъи якдигар, зиндонӣ кардаанд.

Соли гузашта дар муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Узбакистон нармишҳое ба миён омад ва дар моҳи декабри соли гузашта, машварати вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбакистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ҳайатҳои Тоҷикистону Узбакистон масъалаи дурнамои рушди минбаъдаи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро низ баррасӣ карда, баргузории чунин машваратҳои мунтазами сиёсиро "омили муайянсозӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои мавҷуда" донистаанд. Машваратҳои нахустини сиёсии Тоҷикистону Узбакистон дар сатҳи вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар баргузор шуд.

Таърихи равобити дипломатии Тоҷикистону Узбакистон аз 22 октябри соли 1992 оғоз мегирад. Вале Душанбеву Тошканд аз миёнаи солҳои 90 ба ин тараф, инак, ду даҳсола боз як даврони зиддунақиз ва пуртанишеро дар равобити худ пушти сар мекунанд.

Парвози ҳавопаймоҳо байни ду кишвари ҳамсоя аз соли 1992 қатъ шудааст. Узбакистон аз соли 1999, дар пайи талоши ҳамлаи ҷангҷӯёни Ҳаракати исломии Узбакистон ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ ба вилояти бо Тоҷикистон ҳамсояи Сурхондарё марзҳояш бо Тоҷикистонро минакорӣ кард. Тошканд ҳамин тавр, дар соли 2001 бо Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кард.

Марҳалаи дигари танишҳо байни Тошканду Душанбе ба соли 2010 бармегардад. Тошканд ба азми Душанбе барои сохтани нирӯгоҳи Роғун шадидан мухолифат варзида, алайҳи ин ҳамсояаш як силсила тадбирҳои иқтисодӣ андешид. Аз ҷумла Узбакистон аз шабакаи воҳиди нирӯи барқи Осиёи Марказӣ берун шуд ва бо ин камбуди бе он ҳам сангини нирӯи барқи Тоҷикистон дар мавсими сарморо боз ҳам сангинтар кард. Узбакистон ҳамчунин аз соли 2011 интиқоли газ ба Тоҷикистонро пурра қатъ кард ва дар поёни ҳамон сол бо баҳонаи “сӯди ками иқтисодӣ” роҳи оҳани Тирмиз – Амӯзанг, танҳо роҳи оҳан ба самти вилояти Хатлони Тоҷикистонро барчид.

Ҳамин тавр, ҳар сари чанд вақт аз боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи Узбакистон ва бо ҳар баҳона дар посгоҳҳои гумрукии Узбакистон барои муддатҳои тӯлонӣ дармондани борҳое, ки ба Тоҷикистон мераванд, гузоришҳо ба даст мерасанд.

Аммо мулоқоти ғайриинтизори руасои ин ду ҷумҳурӣ Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи сентябри соли 2014 дар пойтахти Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай сурат гирифт, умедҳоро дар ҳарду тарафи марз ба поёни ин “ҷанги сард” ва шикастани пиряхҳои дар ин ҳама солиёни танишҳо ҷамъшуда дар равобити Тошканду Душанбе аз нав бедор кард.

Ин нахустин дидори рӯбарӯи ин 2 раҳбар дар дастикам 6 соли охир буд ва дар он, тавре баъдан сухангӯи пешини вазорати хориҷаи Тоҷикистон Абдулфайз Атоев шарҳ дод, “масоили равобити ду кишвар ба се зина раддабандӣ карда шуда буд: масъалаҳои навбати аввал, ки ҳаллашон ногузир асту кӯшиши зиёд намехоҳад. Масъалаҳои навбати ду ва масъалаҳое, ки ҳаллашон вақти зиёд мехоҳад.”

Ба дунбол, дар моҳи январи соли 2015 муовини вақти вазири хориҷаи Тоҷикистон Парвиз Давлатзода пешниҳодҳои ҷониби Душанберо ба сафири Тошканд Шоҳқосим Шоисломов супурд, ки аз ҷумла равуои бидуни визаи сокинони ду кишвар ба қаламрави якдигар ба муддати то 30 рӯз ва ҳам эҳёи парвози ҳавопаймоҳо байни Душанбеву Тошкандро дар бар мегирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG