Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбакистон аз тор рӯй гардонд


Бобомурод Ҳамдамов, ҳунарманди мардумии Узбакистон

Бобомурод Ҳамдамов, ҳунарманди мардумии Узбакистон

Дар Узбакистон истифода аз тор, як сози мусиқии қадимиро мамнӯъ кардаанд, зеро ба қавли мақомот, тор асбоби мусиқии миллии мардуми он кишвар нест. Дастури шифоҳӣ барои истифода набурдани тор дар барномаҳои телевизионӣ ва ё оҳангҳо ба гуфтаи бахши узбакии Радиои Озодӣ аз “боло” содир шудааст.

Далели манъи навохтани тор, ба гуфтаи хабарнигорон, дар консерт барои меҳмонони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар ду моҳи қабл дида шуд. Бародарони маъруфи хоразмӣ Эшоновҳо, ки умдатан бо тор месароиданд, дар консерт бе тор ҳунарнамоӣ карданд.

Дар Вазорати фарҳанги Узбакистон иддао дар бораи манъи истифодаи торро рад мекунанд. Як мақоми ин вазорат ба хабарнигори бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, касе навохтани торро мамнӯъ накардааст ва ҳар кас хоҳад, метавонад истифода барад. Вале, ба гуфтаи ин мақом, онҳо бояд бидонанд, ки тор сози милли узбакӣ набуда, аз озарбойҷониҳост.

Таври маълум, озарбойҷониҳо торро сози мусиқии худашон медонанд, вале мардуми форс мегӯянд, ки торро ҳазорсолаҳо пеш онҳо офаридаанд. Ин асбоби мусиқӣ аз ҳар ҷое, ки набошад, ба ақидаи мақомоти Узбакистон, аз онҳо нест, пас набояд дар телевизионҳо дида шавад. Ҳоҷӣ Акбар Ҳамидов, овозхони мардумии Узбакистон мегӯяд, манъи навохтани ин соз кори нодуруст аст.

“Мумкин аст, дастур барои манъи навохтани торро як ду миллатгаро дода бошад. Ин сози мусиқиро солҳост, ки ҳунармандони мо менавозанд. Дар Узбакистон торро ҳазорон санъаткор навохтааст. Мо набояд созҳои мусиқиро ҷудо кунем, ки ба ин ё он қавм тааллуқ дорад,” – гуфтааст Ҳоҷӣ Акбар Ҳамидов.

Вале тор танҳо сози мусиқие нест, ки дар Узбакистон онро ғайримиллӣ гуфта, аз телевизионҳо дур карда бошанд. Аккордион ҳам ба феҳристи созҳои хориҷӣ ва ғайриузбакӣ афтодааст ва дар телевизионҳо дида намешавад. Ин сози мусиқиро мисли тор ҳар кас метавонад дар хона, дар маҳфилҳо навозад. Аммо дар консертҳое, ки дар телевизион намоиш дода мешаванд, тору аккордион набояд бошад.

Маълум нест, чӣ гуна мақомоти Узбакистон дастури навохтани созҳои миллиро ҳаматарафа амалӣ мекунанд ва меъёри оҳангу мусиқиҳои миллии узбакӣ ҳам маълум нест. Вале дастури навро як талоши дигари ҳукумати Узбакистон барои офаридани ҳуввияти миллӣ ва фарқ кардан аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ ва бахусус Русия медонанд.

Ҳукумати Узбакистон дар гузашта дастур додааст, ки либосҳо ва рафтору шеваи истироҳат ҳам миллӣ бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG