Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷониби Узбакистон 1500 сар моли сокинони ноҳияи Панҷакенти Тоҷикистонро, ки рӯзи 26 июл ба он тарафи марз бурда шуда буданд, баргардонд.

Узбакистон рӯзи ҷумъа 1500 сар моли чӯпонони ҷамоати Фаробро дар мавзеъи марзии «Қавзахона» ба соҳибонашон баргардонд. Мавлонқул Фузайлов, бародари сарчӯпон Ашӯр Фузайлов рӯзи 1 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамин ҳоло се чӯпонро ҳамроҳи рамаи 1500 гусфанд ва гов ба соҳибонашон баргардонданд.

Вай афзуд, «мо хеле хушҳол ҳастем, ки бародарам сарчӯпон Ашӯр Фузайлов ва бародари дигариам Мирзоулуғ Фузайлов ва Қамариддин Асриевро гардонданд ва ҳатто гӯсфандҳое, ки бо ҳар сабабе мурдаанд, лошаи онро ҳалол карда ба мо доданд, хурсандии сокинони ҷамоати Фароб ҳадду канор надорад.»

Дар вақти озод кардани чӯпонону гӯсфандҳо, фармондеҳи Қисми сарҳадбонии Тоҷикистон полковник Шераков ҳамроҳи муовин ва сарбозаонаш ҳузур доштаанд. Гӯсфандҳоро ходимони Қисми марзбонии Узбакистон таслим карданд.

Дафтари матбуоти Кумитаи марзбонии Узбакистон қаблан дар як изҳороти расмӣ гуфта буд, ки “бо назардошти вазъи душвори иҷтимоӣ ва иқтисодии аҳолии Тоҷикистон”, масъалаи бозгардонидани зиёда аз 1500 сар моли чӯпонони тоҷикро баррасӣ мекунад, ки рӯзҳои 26 и 28-уми июли соли 2014 дар марзи байни Узбакистон ва ноҳияи Панҷакенти Тоҷикистон мусодира шудаанд.

Ин изҳорот дар ҳоле нашр шуд, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз Узбакистон хоста буд, боздошти се чӯпон ва 1500 сар моли ҷамоати Фароби ноҳияи Панҷакентро, ки рӯзи 26-уми июл дар марзи Узбакистон нопадид шудаанд, тавзеҳ диҳанд.

Сокинони ҷаомати Фароб хабар дода буданд, ки марзбонони Узбакистон субҳи 26-уми июл Мирзоулуғ Фузайлов ва Қамариддин Асриевро боздошт намуда, тақрибан 1500 сар гӯсфанду бузи мардуми русто ва дигар деҳоти Панҷакентро ба ҳудуди Узбакистон бурдаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG