Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номаи нахуствазири Узбакистон зидди сохтмони Роғун


Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон

Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон

Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон, дар як номаи расмӣ ба унвонии Қоҳир Расулзода – нахуствазири Тоҷикистон – аз имзои қарордоди Душанбе бо ширкати итолиёии "Салини Импреҷило" (Salini Impregilo S.p.A) барои сохтмони Роғун нигаронӣ кардааст. Мирзиёев дар номаи худ, ки ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон, рӯзи 19 июл фиристода шудааст, гуфтааст, Тоҷикистон бе сохтмони Роғун низ имкони ҳалли мушкили бебарқӣ дар кишварро дорад ва бояд аз роҳҳои бехатар кор гирад.

То кунун мақомоти расмии Тоҷикистон нагуфтаанд, ки оё ин номаи нахуствазири Узбакистонро гирифтаанд, ё на ва ҷавобаш чӣ хоҳад буд? Як манбаъ дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 20 июл гуфт, дар сурати дастрас шудани номаи Шавкат Мирзиёев мақомоти тоҷик онро баррасӣ карда, баъдан мавқеи худро рӯшан хоҳанд кард.

Қоҳир Расулзода

Қоҳир Расулзода

Бо ин ҳол, Шавкат Мирзиёев дар номааш гуфтааст, "исрори ҳукумати Тоҷикистон, ки талош дорад, бо ҳар роҳе набошад сохтмони Роғунро идома диҳад ва оқибатҳои ҷуброннопазири чунин қадамҳо водор мекунад, ки бонги хатар зада шавад."

Ӯ иддао кардааст, ки "як қатор пажӯҳишҳо дар макони сохтмон, аз ҷумла маҷмӯи таҳқиқоти байналмилалӣ таҳти сарпарастии Бонки Ҷаҳонӣ баргузор шуд ва исбот кард, ки сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба минтақаи Осиёи Марказӣ хатари бузурге дар пай дорад ва ин чиз дар изҳоротҳои раҳбарият ва коршиносони ҳамсоякишварҳо борҳо зикр ва ҳукумати Тоҷикистон хуб огоҳонида шудааст. Маҳз ба хотири ин хатарҳои хатарҳои технологӣ, экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии бузурги доштаи тарҳ Бонки ҷаҳонӣ аз сармоягузорияш даст кашид."

Узбакистон аз мухолифони сарсахти Роғун ба шумор меравад. Мақомоти он кишвар борҳо ташвиши худро аз сохтмони ин нерӯгоҳи барқи обӣ баён дошта ва гуфтаанд, ки Роғун сабаби фалокатҳои зистмуҳитӣ дар кишварҳои поёноб мешавад, ҳарчанд ташхиси байналмилалӣ собит кардааст, ки ин иддао асос надорад. Мақомоти Тоҷикистон низ дар гузашта борҳо гуфтаанд, ки ҳадаф аз сохтмони Роғун ташналаб гузоштани кишварҳои поёноби минтақа, аз ҷумла Узбакистон нест.

Маҳалли сохтмони Роғун

Маҳалли сохтмони Роғун

Ҳукумати Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғунро, ки “маргу зиндагӣ” барои кишвар медонад, рӯзи 1 июли соли ҷорӣ ба ширкати итолиёии ​“Салини Импреҷило С.п.А.” (Salini Impregilo SpA) бовар кард ва Созишномаро дар Душанбе ба имзо расонд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, маблағи умумии ин созишнома 3,9 миллиард долларро ташкил медиҳад. Танҳо маблағи сохтмони садди асосии нерӯгоҳ ба 1 милларду 950 миллион доллар баробар будааст.

Salini Impregilo баъди ҳамагӣ як ҳафтаи имзои қарордод дар бораи сохтмони Роғун эълон кард, ки ду чархаи аввали нерӯгоҳро дар соли 2018 ба кор хоҳад даровард.

Талошҳои Душанбе барои пайдо кардани сармоягузори хориҷӣ барои бунёди Роғун аз соли 1992 ба ин сӯ бенатиҷа мондааст. Сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар тақрибан 90-километрии шарқи Душанбе бо иқтидори 3600 мегаватт дар поёни солҳои 70-ум дар аҳди Шӯравии собиқ оғоз ёфт, вале баъд аз суқути иттиҳод қатъ шуд.

Роғун бо сарбанди 335-метрӣ мебоист, яке аз бузургтарин нерӯгоҳҳои дунё бо баландтарин сарбанд шавад, вале сели шадиди баҳори соли 1992 чанд нақби обпартои Роғунро бо гилу лой пур кард ва 70 метр сарбандашро ҳам шуст. Покистон дар соли 1992 бо ҳукумати вақти Тоҷикистон қарордод баста, барои Роғун ваъдаи 500 миллион доллар сармоягузорӣ карда буд, аммо ин қарордод дар пайи шурӯи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон иҷро нашуд.

Русия ҳам дар соли 1994 бо имзои як созишнома сохтани Роғунро бар дӯш гирифт, вале ин санад ҳам рӯи коғаз монд. Ҳукумати Тоҷикистон баъд аз ин ҳама талошҳои бебарори ҷустуҷӯи сармояи хориҷӣ дар оғози соли 2010 ба шурӯи мустақилона иншооти ҳаётан муҳим даст ба кор шуд ва дар як маъракаи нимаиҷбории фурӯши саҳмияҳои Роғун аз мардум ва корхонаву ширкатҳо тақрибан 186 миллион доллар ҷамъ овард, вале баъди ҳамагӣ се моҳ маҷбур шуд, таҳти фишори кишварҳои поёноб ва бо дархости созмонҳои байналмилалии молӣ саҳмияфурӯширо қатъ кунад.

Дар куҷо нигаҳ доштани ин миллионҳо доллар то кунун баҳсу суолҳои зиёдеро барангехтааст, ҳарчанд мақомот мегӯянд, ин пул ҳеч куҷо нашудааст ва барои бунёди Роғун сарф мешавад. Дар буҷаи соли 2016 барои идомаи сохтмони нерӯгоҳ 2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин маблағ дар муқоиса ба нишондоди соли гузашта 600 миллион сомонӣ бештар аст

Нерӯгоҳи Роғун дар сурати пурра мавриди баҳрабардории пурра қарор гирифтанаш солона 13,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид хоҳад кард, ки ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои минтақаҳои бузурги Покистону Афғонистон кофӣ аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG