Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо сохта шудани роҳи оҳани Ангрен - Поп зоҳиран Тоҷикистон як қартаи дигари калидиаш дар баробари Узбакистонро аз даст медиҳад.

Ширкати роҳи оҳани Узбакистон - "Узбакистон темир йуллари" корҳои сохтмону насби роҳи оҳани Ангрен - Попро ба анҷом расондааст. Расонаҳои Узбакистон бо такя ба қавли масъулони ширкати "Узбакистон темир йуллари" навиштанд, ки дар тӯли се соли гузашта 123,1 километр роҳи оҳан сохта шуда, ҳудуди 20 километраш тариқи нақб мегузарад.

Бо сохта шудани ин роҳи оҳан Узбакистон аз вобастагияш аз қитъаи роҳи оҳани шимоли Тоҷикистон раҳо шуд. Қаблан барои убуру мурури қаторҳои Узбакистон ба вилояти Фарғона аз роҳи оҳани вилояти Суғд истифода мешуд ва дар баъзе аз гуфтугузорҳо Тоҷикстон ин қитъаи роҳи оҳанашро ба ҳайси қартаи калидӣ ба кор мебуд. Аммо ҳоло зоҳиран Тоҷикистон дар баробари Узбакистон боз як қартаашро аз даст дод.

Толиббой Ашӯров, як масъули соҳаи роҳу нақлиёт дар ҳукумати вилояти Суғд рӯзи 24−уми феврал дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, тайи чанд соли охир Узбакистон боркашониро тариқи роҳи оҳани Тоҷикистон хеле коҳиш дода буд. Вай афзуд: “Солҳои қаблӣ Узбакистон аз тариқи роҳи оҳани мо то 4 миллион тонна борро ба вилояти Фарғона интиқол медод. Бо нархҳои пештара мо аз ҳисоби транзити молҳои Узбакистон ҳудуди 28 миллион доллар фоида ба даст меовардем. Аммо солҳои охир боркашонӣ бисёр кам шуд, вагонҳои мусофиркашон комилан равуо намекунанд. Каму беш вагонҳои нафткашон буданд, ки аз Узбакистон ба самти Қирғизистон мегузаштанд.”

Ашӯров афзуд, Узбакистон бо сохтани роҳи Ангрен − Поп ба якборагӣ роҳи оҳани се вилояташро дар водии Фарғона − Марғелон, Қӯқанд ва Намангонро бо роҳҳои оҳани марказаш пайваст кард.

Узбакистон бо сохтмони ин роҳ ба якборагӣ вобастагиаш аз Тоҷикистонро лағв кард, аммо ба таъкиди Ашӯров, барои Узбакистон фиристодани нафт ва сӯзишворӣ ба Қирғизистон боз ҳам тариқи қаламрави Тоҷикистон муносиб ва арзонтар меафтад.

Қисмате аз роҳи оҳани Ангрен - Поп

Қисмате аз роҳи оҳани Ангрен - Поп

Дар гузашта Узбакистон ҳар сол барои убури қаторҳояш аз роҳҳои оҳани вилояти Суғд ба Тоҷикистон то 30 миллион доллар дар сол ҳаққи транзит пардохт мекард. Узбакистон ба хотири сарфа кардани ин маблағ, ки ба Душанбе на ба сурати нақд, балки асосан аз ҳисоби пули газ ва миқдоре сементу сӯзишворӣ пардохт мекард, чанд сол пеш аз тариқи ағбаи баландиаш 220-метрии Қамчиқ роҳи мошингардеро то ноҳияи Попи вилояти Намангон сохт, ки ин ва ду вилояти дигари водии Фарғонаашро бидуни убур аз ҳудуди вилояти Суғд бо дигар минтақаҳои он кишвар мепайвандад.

Баъди ин интиқоли борҳо аз тариқи роҳҳои оҳани вилояти Суғд ба Намангону Фарғона ва Андиҷон қариб 3 баробар кам шуд.

Амалан сохта шудани роҳи оҳани Поп-Ангрен ба маъноест, ки Тоҷикистон нафақат аҳамияти транзитиаш барои пайвастани Узбакистон бо водии Фарғонаашро аз даст медиҳад, балки ғолибан аз барномаҳои муҳими минтақавие, чун коридори роҳи оҳани Чин –Осиёи Марказӣ –Аврупо низ истисно мешавад. Дар соли 2013 Тоҷикистон ҳамин гуна асосан бо исрори Тошканд аз тарҳи роҳи оҳани Чин – Осиёи Марказӣ – Эрон берун гузошта шуда буд.

Бино ба гузориши Бонки ҷаҳонӣ, харҷи умумии ин тарҳи роҳи оҳан 1 миллиарду 633 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ки қариб 1,1 миллион доллараш аз ҳисоби “Узбекистон темир йӯллари” – ширкати давлатии роҳи оҳан, Сандуқи бозсозӣ ва рушд ва ҳам аз ҳисоби буҷаи давлатии Узбакистон таъмин мешавад. Ҳамчунин барои сохтани ин роҳи оҳани Поп-Ангрен Эксимбонки Чин ҳам 350 миллион доллар ҷудо кардааст.

Ҳар яке худро шоҳи мутлақ мешуморад...

Бӯрӣ Каримов, вазири собиқи нақлиёти Тоҷикистон ва ҳоло роҳбари Шӯрои кормандони нақлиёти кишварҳои узви ИДМ дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, талоши роҳбарони кишварҳои Осиёи миёна барои аз байн бурдани вобастагии байниҳамдигарӣ бар зиёни ҳамаи давлатҳост.

Бӯрӣ Каримов

Бӯрӣ Каримов

Бӯрӣ Каримов афзуд: “Узбакистон бо хариҷи маблағҳои зиёд талош кард, ки ҳам роҳи автомобилгард ва ҳам роҳи оҳанеро бисозад, ки ба роҳҳои шимоли Тоҷикистон вобаста набошад. Ин аз назари иқтисодӣ барои ҳар ду ҷониб ҳам зиёнвар аст, натанҳо барои Тоҷикистон. Дар кишварҳои Осиёи Миёна ҳар яке худро шоҳи мутлақ мешуморад. Яъне дар ин масъалаҳо сиёсат аз манфиатҳои иқтисодӣ пешӣ мегирад ва аз ин рӯ, роҳбарони минтақа ҳамин гуна тасмимҳои мегиранд, ки бар зиёни худашон аст.”

Қарор аст, масири роҳи оҳани Ангрен−Поп, ки аллакай сохта шудааст, аз моҳи июли соли 2016 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Ширкати роҳи оҳани Узбакистон мегӯяд, роҳи оҳани ҷадид баъди сохта шуданаш метавонад солона ҳудуди 600 000 мусофир ва то 4,6 миллион тонна борро бикашонад.​

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG