Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тамдиди ҳузури низомии Олмон дар Узбакистон


Нирӯҳои Олмон дар пойгоҳи Тирмиз. Акс аз бойгонӣ

Нирӯҳои Олмон дар пойгоҳи Тирмиз. Акс аз бойгонӣ

Узбакистон замоин ҳузури 110 афсару аскари артиши Олмон дар пойгоҳи ҳавоии Тирмизро тамдид кардааст. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки таҳти кадом шароит ва дар ивази чӣ миқдор пули иҷора?

Узбакистон дар охирин рӯзҳои бозмонда то анҷоми қарордоди қаблӣ замони будубоши нирӯҳои Олмон дар пойгоҳи ҳавоии Тирмиз, воқеъ дар наздикии марзи ин кишвари Осиёи Марказӣ бо Афғонистонро тамдид кардааст. Бахши узбакии Радиои Озодӣ аммо мегӯяд, ки на Узбакистон ва на Олмон то кай ва таҳти чӣ шароиту дар ивази чӣ миқдор пули иҷора имзо шудани қарордоди нави иҷораи ин пойгоҳи ҳавоӣ аз сӯи Бундесвер – вазорати дифои Олмонро эълон накардаанд.

Як намояндаи вазорати дифои Олмон ба шарти набурдани номаш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки қарордоди иҷораи пойгоҳи Тирмиз тамдид шудааст: “Бино ба иттилое, ки ман идорам, қарордод тамдид шуд. Кадом фосилае дар байн пеш наомад. Ҷузъиёти шартнома аммо ба ман маълум нест. Аз ин рӯ, аз ин бештар чизе дар ин бора гуфта наметавонам.”

Намояндаи дигари Бундесвер ба Озодӣ гуфт, азбаски тавофуқ шудааст, ки дар бораи ҷузъиёти ин шартнома бо расонаҳо сӯҳбат накунанд, ӯ низ ҳаққи ифшои ҷузъиёти тавофуқоти бадастомада миёни Берлину Тошкандро надорад. Ӯ афзуд: “Мо ҳоло наметавонем ҷузъиёти шартномаи байни вазоратҳои дифои Олмон ва Узбакистон дар мавриди пойгоҳи ҳавоии Тирмизро дар мазҳари ом муҳокима кунем. Чунки байни ҷонибҳо дар мавриди ифшо накардани ҷузъиёти ин санад тавофуқ шудааст. Ин ба масъалаи ҳаҷми пули иҷораи пойгоҳи ҳавоии Тирмиз низ дахл дорад.”

Дафтари матбуоти вазорати дифои Узбакистон, ки яке аз бастатарин идораҳо дар ин кишвари бе он ҳам сахт баста ба шумор меравад, дар мавриди қарордоди тамдиди замони будубоши нирӯҳои Олмон дар пойгоҳи ҳавоии Тирмиз ва шароити ин қарордод низ иттилоъ намедиҳад.

Қаблан рӯзномаи олмонии “Die Welt” хабар дод, ки суқути як чархболи низомии Олмон дар моҳи июли соли равон дар Узбакистон музокироти ҷонибҳо дар масъалаи тамдиди замони ҳузури нирӯҳои олмонӣ дар пойгоҳи Тирмиз ва шароити будубоши онҳоро дучори мушкил кардааст.

Акнун будубоши нирӯҳои Олмон дар пойгоҳи Тирмиз дар ҳоле тамдид ёфт, ки интизор меравад, то поёни соли 2014 ҳамаи нирӯҳои ҷангии НАТО аз Афғонистон берун кашида шаванд.

Сарбозони Олмон баъди як таркиш дар вилояти Лугари Афғонистон. Акс аз соли 2012

Сарбозони Олмон баъди як таркиш дар вилояти Лугари Афғонистон. Акс аз соли 2012

Дар ҳоли ҳозир дар вилоятҳои шимоли Афғонистон тақрибан 1600 сарбози Олмон хидмат мекунанд. Қарор аст, беш аз нисфи онҳо то поёни сол ба Олмон баргардонда шаванд. Нисфи дигари ин нирӯҳо ба хотири тамрини нирӯҳои амниятии Афғонистон ва кумакҳои дигар ба ниҳодҳои амниятии ин кишвар дар Афғонистон хоҳанд монд.

Як контингенти маҳдуди нирӯҳои Олмон дар пойгоҳи ҳавоии Тирмиз аз оғози соли 2002 маҳз ба хотири кумак ба нирӯҳои ин кишвари аврупоӣ ва аъзои дигари эътилоф дар амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон мустақар шуда буд.

Пойгоҳи Тирмиз баъди фурудгоҳи Манас як нуқтаи муҳими дигар дар масири шимолии таъмини нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон маҳсуб мешуд. Намояндаи вазорати дифои Олмон аммо гуфтааст, ҳатто бо вуҷуди хуруҷи нирӯҳои ин кишвар аз Афғонистон пойгоҳи ҳавоии Тирмиз барои Бундесвер муҳим боқӣ мемонад: “Бо вуҷуди анҷоми маъмурияти нирӯҳои байналмилалии ҳомии сулҳ дар Афғонистон, мо ба иҷрои вазифаи муҳими худ идома хоҳем дод. Ва ин ба маъноест, ки Тирмир як пойгоҳи ҳавоии муҳиме барои мо боқӣ мемонад.”

Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати Озодӣ, бо вуҷуди коҳиши шумори нирӯҳои Олмон дар Афғонистон, кадом нақшаи кам кардани 110 афсару аскари олмонии мустақар дар пойгоҳи Тирмиз матраҳ нест.

Олмон пойгоҳи Тирмизро аз 15 феврали соли 2002 ба ин сӯ истифода мекунад. Ибтидо Берлин ҳар моҳ барои иҷораи ин пойгоҳ ба Узбакистон 240 000 евро пардохт мекард.

Дар соли 2005, вақте дар пайи саркӯби хунини ошӯби Андиҷон Ғарб алайҳи ҳукумати Ислом Каримов таҳримот ҷорӣ кард, Узбакистон нирӯҳои Амрикоро аз пойгоҳи ҳавоии Хонобод берун кард. Вале Тошканд баъди Андиҷон ҳам монеъи идомаи ҳузури нирӯҳои Олмон дар пойгоҳи Тирмиз нашуд ва танҳо пули иҷораи ин пойгоҳ барои нирӯҳои Бундесверро бознигарӣ кард.

Ба ин тартиб, аз соли 2005 ҳаҷми пули иҷораи солонаи ин пойгоҳ то 12 миллиону 400 ҳазор евро боло бурда шуд. Ин қарордод бори дигар дар соли 2011 бозбинӣ шуд ва бар асоси тавофуқоти ҷадид, ҳукумати Олмон розӣ шуд, солона ба Узбакистон барои иҷораи пойгоҳи ҳавоии Тирмиз 15 миллиону 950 000 евро пардохт кунад. Ба сурати умум, дар ин 12 сол Олмон ба Узбакистон барои истифода аз пойгоҳи Тирмиз ҳудуди 150 миллион евро, муодили қариб 200 миллион доллар, пули иҷора додааст.

Сарбозони Фаронса дар гашти низомӣ ба шарафи 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон. 9 сентябри соли 2011

Сарбозони Фаронса дар гашти низомӣ ба шарафи 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон. 9 сентябри соли 2011

Тамдиди замони ҳузури нирӯҳои Олмон дар пойгоҳи ҳавоии Тирмиз дар ҳолест, ки ҳафтае пеш дар Душанбе маросими хатми ҳузури низомии Фаронса дар Тоҷикистон доир шуд. Фаронса танҳо кишвари узви НАТО ва эътилофи байналмилалии зиддитеррор буд, ки аз поёни соли 2001 ба ин сӯ ҳудуди 200 сарбоз, 6 тайёраи ҷангии «Мираж» ва 4 тайёраи низомиашро барои кумак ба нирӯҳояш дар Афғонистон дар фурудгоҳи Душанбе мустақар карда буд.

Ҳаҷми пули иҷорае, ки Фаронса барои ҳузури низомиаш ба Тоҷикистон пардохт мекард, то ҳол дар ягон ҷо эълон нашудааст. Аммо Порис дар ивази роҳ додани нирӯҳояш барои сохтани терминали нави фурудгоҳи Душанбе 19 миллион евро қарзи боимтиёз ҷудо кард. Ин терминал рӯзи 3 ноябр, дуруст як ҳафта баъд аз тарки фурудгоҳи Душанбе кардани нирӯҳои Фаронса, ба кор дароварда шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG