Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон чаҳор узви ДИИШ-ро муҷозот кард


Додгоҳе дар шаҳри Ӯш, воқеъ ҷануби Қирғизистон чаҳор шаҳрванди ин кишварро бо ҷурми узвият дар гурӯҳи худхондаи "Давлати исломӣ" маҳкум ба зиндон кард. Кумитаи Амнияти Миллии Қирғизистон рӯзи 29 сентябр гуфт, ки ду қирғиз ва ду узбактабор ба мӯҳлати аз 10 то 18 сол зиндонӣ шуданд. Ин чаҳор марди ҷавон, ки номашон ошкор нест, барои тарҳрезии барномаи силсилаи амалҳои террористӣ дар Қирғизистон муҷрим эълон шуданд.

Ба гуфтаи Кумитаи Амнияти Миллии Қирғизистон гурӯҳи "Давлати Исломӣ" ин чаҳор нафарро дар ҳоле ба фаъолият ҷалб кардааст, ки онҳо дар Русия муҳоҷири корӣ буданд. Мақомоти Қирғизистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ мегӯянд, ки садҳо шаҳрванди онҳо дар солҳои ахир ба гурӯҳи худхондаи "Давлати Исломӣ" дар Сурияву Ироқ гаравидаанд.

XS
SM
MD
LG