Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ба Тоҷикистон омад.

Нимаи дувуми рӯзи панҷшанбеи 11 сентябр Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон ба манзури ширкат дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ворид Душанбе -- пойтахти Тоҷикистон шуд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе президенти Узбакистонро Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ ва мақомоти дигари давлатии Тоҷикистон истиқбол карданд. Нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай рӯзҳои 11-12 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ин нахустин сафари раисҷумҳури ҳамсоякишвар ба Тоҷикистон дар 6 соли охир ва агар мулоқоти рӯбарӯи онҳо низ сурат бигирад, пас нахустин дидори Каримов бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2010 ба ин сӯ хоҳад буд. Дар солҳои охир Раҳмон ва Каримов танҳо чанд дафъаи ангуштшумор ва он ҳам дар чорчӯби нишастҳои минтақавӣ, аз ҷумла мулоқоти сарони СНГ ё Созмони Шанхай мулоқот доштаанд.

Муносиботи Тоҷикистону Узбакистон пас аз касби истиқлоли онҳо дар соли 1991 ҳеҷ гоҳ тахту ҳамвор набуд, аммо пас аз азми қавии Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун вориди як марҳалаи наздик ба “ҷанги сард” шуд. Сараввал Узбакистон дар равуои озоди қаторҳои роҳи оҳани Тоҷикистон монеа эҷод кард ва баъдан қимати боҷи транзитиро барои ҳамсояаш ба таври бесобиқа то ба 60 дарсад боло бурд.

Хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон тариқи қаламрави кишварҳои Осиёи миёна рақобати бе ин ҳам тезутунди Тоҷикистону Узбакистонро боз ҳам афзоиш дод. Узбакистон бо баҳонаи таркиш дар яке аз кӯпрукҳои қитъаи роҳи оҳани Ғалаба – Амӯзанг танҳои роҳи оҳан ба вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистонро тахриб намуд. Ин қитъаи роҳ Тоҷикистонро барои кишварҳои узви НАТО дар амри берун кашидани аслиҳаю таҷҳизоти ҳарбӣ пураҳамияттар мекард. Узбакистон ҳамин тавр нархи гази табииро барои Тоҷикистон сол аз сол гарон карда, то ба 400 доллар расонд ва соли 2012 интиқоли онро барои Душанбе пурра қатъ кард.

Соли 2012 ихтилофҳои Тоҷикистону Узбакистон ба авҷи худ расид ва Ислом Каримов зимни як сафараш ба шаҳри Алма-Атои Қазоқистон бо як лаҳни тунд дар робита бо моҷарои тақсими оби дарёҳои фаромарзӣ ва бунёди сарбанди нерӯгоҳҳо дар минтақа гуфт: “Ташаннуҷ метавонад то ҳадде расад, ки натанҳо боиси муқовимат, балки сабаби ҷанги байни давлатҳо шавад.”

Пас аз ин мухолифати сарсахтонаи Каримов ба тарҳи Роғун Тоҷикистон бо сарпарастии молии Бонки ҷаҳонӣ арзёбии зистмуҳиттӣ ва фанниву иқтисодии ин нерӯгоҳро анҷом дод, ки тоза дар аввали моҳи сентябр бехатариву самаранокии онро тасдиқ кард.

Дар натиҷаи ин солиёни мухолифатҳо гардиши мол байни Тоҷикистону Узбакистон ба шиддат коҳиш ёфта, дар як соли охир ҳамагӣ 4, 6 миллион долларро ташкил кардааст, ки барои ду ҳамсоякишвар, албатта, хеле ночиз аст. Барои муқоиса, тиҷорати Тоҷикистон бо ҳамсояи дигараш - Афғонистони ҷангзада дар соли 2013 ба 174 миллион доллар расидааст. Яъне 40 маротиба бештар аз табодули молу коло байни Душанбеву Тошканд!

Ҳамин тавр, боз ҳам барои муқоиса бояд гуфт, ки дар соли 1999, замоне ки марҳалаи ихтилофҳо тоза сар мешуду аз Каримов дар Тоҷикистон ҳанӯз “Отамиз” ном мебурданд, гардиши мол миёни Тоҷикистону Узбакистон ба 445, 4 миллион доллар баробар буд. Яъне дар ин 15 сол тиҷорати ду кишвар қариб 100 маротиба коҳиш ёфтааст!

Бо вуҷуди ин ҳама мухолифатҳо таи ним соли ахир муносиботи Тоҷикистону Узбакистон таҳаввулотеро паси сар карданд, ки ба пиндори бархе аз коршиносон “аз нармиши андак дар равобити ду кишвар дарак медиҳанд.”

Баъд аз соли 2008 имсол Узбакистон барои бори аввал дар остонаи ҷашни истиқлоли давлатиаш гузургоҳҳои гумрукиашро бо Тоҷикистон набаст. Табрикоти президент Раҳмон ба муносибати рӯзи истиқлоли Узбакистон низ тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизиони давлатӣ қироат карда шуд. Каримов низ ба навбаи худ Раҳмонро ба муносибати солигарид 23-юми истиқлоли Тоҷикистон табрик гуфт:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG