Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси тӯлонии 13 маъмури пулис барои шиканҷа ва ришвахорӣ


Додгоҳи шаҳри Қаршии Узбакистон 13 маъмури пулисро барои содир кардани ҷиноятҳое аз қабили ришвахорӣ ва истифодаи шиканҷа ба муддати тӯлонӣ равонаи зиндон кардааст.

Додгоҳи шаҳри Қаршии Узбакистон 13 корманди пулиси ин минтақаро барои содир кардани ҷиноят, аз ҷумла истифодаи шиканҷа нисбат ба боздоштшудаҳо ва ришватхорӣ айбдор дониста, ба муддати тӯлонӣ равонаи зиндон кардааст. Ин афрод кормандони бахши ҷустуҷӯи ҷиноии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Қаршӣ буда, муҳокимаи онҳо паси дарҳои баста сурат гирифтааст.

Бар асоси ҳукми додгоҳи шаҳри Қаршӣ, ки дар ин бора манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ хабар доданд, Акмал Қултоев -- раҳбари бахши ҷустуҷӯи ҷиноӣ ба муддати 11 сол ва дувоздаҳ зердасташ аз 2,5 то ба 10,3 равонаи зиндон шудаанд. Тибқи ин парвандаи ҷиноӣ, ин кормандони пулис, инчунин, барои ришвадиҳӣ, боздошту нигаҳдории ғайриқонунии гумонбаршудагон ва ташкили гурӯҳи ҷиноӣ айбдор шудаанд.

Манобеи Озодӣ мегӯянд, ки сенздаҳ корманди пулиси шаҳри Қаршӣ моҳи ноябри соли ҷорӣ боздошт ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Зимнан, созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар мунтазам Узбакистонро барои истифодаи шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои ин кишвар интиқод мекунанд.

Аз ҷумла, дар соли 2007 Кумитаи алайҳи шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши худ аз "мавридҳои фаровони истифода шиканҷа ва рафтори ғайриинсонӣ дар маҳбасҳои Узбакистон" хабар дода буд.

XS
SM
MD
LG