Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон алайҳи чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон парванда боз кард


Манучеҳр Бӯриев бинобар ноболиғ буданаш аз сӯи мақомоти Узбакистон раҳо шуд.

Манучеҳр Бӯриев бинобар ноболиғ буданаш аз сӯи мақомоти Узбакистон раҳо шуд.

Додситонии кулли Узбакистон алайҳи чаҳор сокини деҳаи Фароб, ки аз ҷониби марзбонони он кишвар дар мавзеи марзии ноҳияи Панҷакент 6 моҳ қабл боздошт шуда буданд, парванда боз намудааст.

Тибқи ин парванда, шаҳрвандони Тоҷикистон дар нақзи убури ғайриқонунии сарҳади Узбакистон айбдор мешаванд.

Норчучук Эшмуродова, як сокини Фароб, ҳамсари Мардон Бӯриеви 74-сола, ки дар бозоштгоҳи Тошканд нигоҳдорӣ мешавад, рӯзи 26-уми ноябр ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки аз додситонии кулли Узбакистон нома дарёфт кардааст. Ба гуфтаи Эшмуродова, дар он нома гуфта шудааст, ки Мардон Буриев, Сулаймон Бӯриев, Исрофил Билолов ва Шоҳрух Қосимов тибқи кодекси ҷиноии ин кишвар ба марзшиканӣ айбдор дониста шудаанд ва феълан нисбати онҳо тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Норчучук Эшмуродова афзуд, «ин номаро дар ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба духтарам таслим кардааст ва дар он шавҳарам, писарам ва ду хешованди дигарам бо моддаи 223 Кодекси ҷиноии Узбакистон бо марзшиканӣ айдор дониста мешавад.»

Вай гуфт, ки дирӯз намояндаи амнияти ноҳияи Панҷекат бо мазмуни нома ошно шуд ва хоҳиш кардааст, ки як нусхаи онро ба сафорати Тоҷикистон дар Узбакистон бояд фиристанд: «Ман як каме ором шудам, чунки дар ин нома зикр шудааст, ки вазъи саломатии шавҳарам ва наздиконам хуб аст. Лекин маълум нест, ки додгоҳи Узбакистон онҳоро чӣ ҷазо медиҳад».

Додситонии Тошканд алайҳи чаҳор сокини деҳаи Фароб дар моҳи августи ҳамин сол парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Рӯзи 10-уми июли соли равон, сарҳадбонҳои узбак шавҳару пайвандони Эшмуродоваро аз заминҳои кишташон дастгир карда бурданд.

Манучеҳр Бӯриев бо иттифоқи бобояш Мардон Бӯриеви 74, падараш Сулаймон Бӯриев ва ҳамдеҳагонаш Исрофил Билолов ва Шоҳрух Қосимов рӯзи 10-уми июли соли равон ғайб зада буданд. Мақомоти узбак дертар Манучеҳри ноболиғро раҳо карданд. Ин сокинони Фароб қаблан дар маҳбаси шаҳри Қаршии Узбакистон нигоҳ дошта мешуданд ва ҳоло ба Тошканд интиқол дода шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти тоҷик бо ҳамтоёни узбакистонии худ барои раҳоии Манучеҳр аз он кишвар машварат карда буданд ва вайро ба назди наздиконаш овардаанд.
XS
SM
MD
LG