Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон гуфт, ки аз мухолифаташ зидди Роғун даст накашидааст


Узбакистон зидди изҳороти вазири энержии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода эътироз кардааст, ки даҳ рӯзи пеш гуфт, дар масъалаи Роғун миёни Душанбеву Тошканд ягон мушкиле вуҷуд надорад.

Узбакистон бо радди изҳороти Усмоналӣ Усмонзода -- вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, ки даҳ рӯзи пеш гуфт, миёни Душанбеву Тошканд дар масъалаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун нофаҳмие боқӣ намондааст, дубора ба ин мавзӯъ баргашт. Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон 1 август бо чопи баёнияи расмӣ гуфт, ки ҳанӯз мухолифати онҳо бо тарҳи Роғун дар Тоҷикистон поён наёфтааст ва Тошканд таҳти ҳеч шароит аз сохтмони ин нерӯгоҳ ҳимоят нахоҳад кард.

Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон мегӯяд, онҳо моҳи июли соли гузашта мавқеи ниҳоияшонро дар робита ба сохтмони Роғун ва ташхиси коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар нишасти Алмаато баён дошта буданд ва ҳоло низ дар ҳамон мавқеи худ ҳастанд.

Рустам Азимов

Рустам Азимов

Вазорат дар пайи ин гуфтаҳояш матни суханронии Рустам Азимов -- муовини нахуствазири Узбакистонро дар ҷаласаи соли гузаштаи Алмаато низ овардааст. Оқои Азимов он вақт гуфта буд, ки хулосаи ташхиси фаннӣ, зистмуҳитӣ ва иқтисодии Роғун аз сӯи коршиносони байнулмилалӣ ба меъёрҳои қабулшудаи ҷаҳонӣ мувофиқат намекунад.

Узбакистон аз оғоз мухолифи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон аст ва кишвари ҳамсоя барои тақвияти даъвояш ҳамеша маҳалли гӯё зилзилахези Роғун ва садди баланди онро далел пеш меорад. Тоҷикистон мегӯяд, садди нерӯгоҳи Роғун 335 метр баландӣ хоҳад дошт ва аммо ҳадаф аз он на “ҷазо” додани кишварҳои поёнобе мисли Узбакистон бо назорати обҳои минтақа, балки таъмини сокинони кишвар бо нерӯи барқи доимист.

Ҳоло дар маҳалли сохтмони Роғун корҳои барқароркунии нақби нерӯгоҳ идома дорад. Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон 22 июл дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, ки "баъди ба охир расидани асосноккунии техникии лоиҳа, ки аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ ва коршиносони байнулмилалӣ хеле мусбат арзёбӣ шуд, Тоҷикистон ба

Усмоналӣ Усмонзода

Усмоналӣ Усмонзода

корҳои барқароркунӣ идома медиҳад. Мо бо Узбакистон ягон мушкилӣ надорем. Дар баъзе ҷойҳо фикру мулоҳизаи онҳоро мешунавем. Ҳоло Тоҷикистон талош дорад, ки тамоми имкониятҳоро истифода карда, солҳои наздик мардуми кишварро пурра бо нерӯи барқ таъмин кунад."

Вазири энержӣ афзуд, барқарорсозии ду нақб ва сохтмони нақби сеюм, ки бо пешниҳоди Бонки Ҷаҳонӣ ба тарҳ ворид шудааст, ҷараён дорад ва солҳои наздик ду агрегати 400-мегаваттӣ фаъол хоҳанд шуд.

“Аз тамоми дунё ширкатҳо хоҳиши иштирок дар ин лоиҳа, аз ҷумла сохтмони сарбандро доранд. Дар ҳақиқат, дастгоҳҳои барқӣ қисман дар замони Шӯравӣ ва қисман дар якчанд соли охир аз Украина ва дигар кишварҳо ба Тоҷикистон ворид шудаанд. Ду комплект, дастгоҳҳои барқӣ, генераторҳо ва дигар лавозимотро пурра омода кардаем,” – илова кард Усмоналӣ Усмонзода.

Арзёбиҳои байнулмилалии сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки соли 2014 нашр шуд, нишон додааст, барои иҷрои ин тарҳ аз 3 то 5 миллиард доллар зарур мешавад. Давлати Тоҷикистон соли 2009 гуфт, нерӯгоҳи азими Роғунро аз ҳисоби худаш ва бе ширкати сармоягузорони хориҷӣ месозад ва барои ин маъракаи аксаран маҷбурии фурӯши саҳмияҳои Роғунро ба мардумро шурӯъ кард.

Дар солҳои 2010 то 2012 аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо бештар аз 800 миллион сомонӣ ҷамъ оварданд, вале баъдан ҳукумат зери фишори созмонҳои байнулмилалии молӣ фурӯши саҳмияҳоро қатъ кард. Дар куҷо нигаҳ доштани ин миллионҳо сомонӣ ҳам баҳси зиёдеро барангехтааст, ҳарчанд мақомот мегӯянд, ки ин пул ҳеч куҷо нашудааст ва барои бунёди Роғун сарф мешавад.

Нерӯгоҳи Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт, дар саргаҳи рӯдхонаи Вахш, дар сурати такмили сохтмонаш метавонад, солона 13,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид кунад, ки ҳам барои Тоҷикистон кофист ва ҳам метавонад ба Афғонистону Покистон содирот шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG