Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбакистон ду сокини боздоштшудаи Тоҷикистонро озод кард


Ҷамоати Патари ноҳияи Конибодом, дар наздикии марз бо Узбакистон

Ҷамоати Патари ноҳияи Конибодом, дар наздикии марз бо Узбакистон

Узбакистон ду сокини ноҳияи Конибодоми Тоҷикистонро аз боздоштгоҳе дар Қӯқанд раҳо кардааст. Алиҷон Исмоилов ва Қурбоналӣ Аслонов – сокинони ноҳияи Конибодом – як моҳ пеш дар минтақаи марзии Патар аз сӯи марзбонҳои узбак боздошт шуда буданд.

Вале сокини дигар ин маҳал Ҳайдар Қӯзиев, ки низ моҳе пеш аз ҷониби сарҳадбонҳои Узбакистон аввал захмӣ ва баъдан боздошт шуда буд, ҳанӯз озод нагардидааст. Эргаш Мамадҷонов, раиси кумитаи деҳаи Яккатераки ҷамоати Патари Конибодом ва амаки Ҳайдар Қӯзиев, 20 июл дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ин ду нафар ҷиянашро дар боздоштгоҳи Қӯқанд дидаанд .

"Ин ду ҷавон тахминан як моҳ пеш надониста хатти сарҳадро гузаштаанд ва сарҳадбонҳои узбак онҳоро дастгир карда бурдаанд. Онҳо дар боздоштгоҳи шаҳри Қӯқанд бо Ҳайдар Қӯзиев якҷоя нигаҳдорӣ мешудаанд ва паёми сиҳат будани ӯро расонданд," – гуфт ӯ.

Эргаш Мамадҷонов аз қавли ин ду сокини раҳошудаи Конибодом гуфт, ки Ҳайдар Қӯзиев аввал дар бемористони шаҳри Бешариқ табобат гирифта, баъд ба маҳбаси Қӯқанд бурда шудааст. "Онҳо гуфтанд, ки Ҳайдарро дар додгоҳ муҳокима карда, сипас ба ватан мефиристанд," - афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 20 июл аз раҳо шудани Ҳайдар Қӯзиев ва ба Тоҷикистон баргаштани вай хабар дод. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори дафтари матуботи Сарраёсати нирӯҳои марзбонӣ ба Озодӣ гуфт, шаҳрванди Тоҷикистон Ҳайдар Қӯзиев ду рӯз қабл саломат ба назди хешовандонаш ба Конибодом баргаштааст. Хабаре, ки дар ҳоли ҳозир дар Конибодом тасдиқ намекунанд.

Ҳайдар Қӯзиеви 30-сола рӯзи 23 июни соли равон дар вақти говбонӣ дар минтақаи пурра мушаххаснашудаи сарҳади миёни Тоҷикистону Узбакистон аввал аз тири марзбонҳои узбак захмӣ ва сипас боздошт гардид. Ба дунболи ин ҳодиса мақомоти маҳллӣ бо дархости Узбакистон шиносномаи Ҳайдар Қӯзиев ва як тавсифномаро дар бораи ӯ фиристодаанд.

Тавре Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ҳодисаи аз тири сарҳадбонҳои Узбакистон захмӣ шудани ин шаҳрванди Тоҷикистондар маҳалле сурат гирифтааст, ки ҳанӯз пурра аломатгузорӣ нашудааст.

Дар як соли охир ин бори дувум аст, ки дар ин минтақа марзбонҳои Узбакистон шаҳрвандони тоҷикро захмӣ карда, бо худ ба Узбакистон мебаранд. Моҳи июли соли гузашта марзбонҳои узбак Тулқинбой Усмонов ва Ҳушёр Қобилов – ду сокини ноҳияи Конибодомро вақти говбонӣ дар хоки Тоҷикистон дастгир карда, ба пойи Тулқинбой тир зада буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG