Пайвандҳои дастрасӣ

Муаллимае аз нанги писари "тундрав"-аш худро овехт


Шаҳодат Баҳодуроваи 53-сола дар пайи ҳабси писараш ба иттиҳоми ифротгароӣ худро овехтааст.

Дар Ӯзбакистон Шаҳодат Баҳодуроваи 53-сола дар пайи ҳабси писараш ба иттиҳоми ифротгароӣ худро овехтааст.

Рӯзи 14 январи соли ҷорӣ ҷасади Шаҳодат Баҳодурова, муаллимаи забон ва адабиёти ӯзбаки литсейи академикии рақами 100-и Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарёи Ӯзбакистон дар манзилаш кашф шудааст.

Ҳанӯз иллати худкушии ин модари ду писару як духтар маълум нест. Намояндагони Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Шаҳрисабз ба бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфтаанд, додситонӣ дар мавриди ин қазия тафтишотро оғоз кардааст.

Ба гуфтаи ҳамкорон ва ҳамсояҳои Шаҳодат Баҳодурова пас аз зиндонӣ шудани писараш ба ҷурми ифротгароӣ ин зан таҳти фишори кормандон ва раҳбарияти Хадамоти амнияти миллии Ӯзбакистон қарор дошта ва маҳз муносибати таҳқиромези ин афрод ӯро ба худкушӣ водор кардааст.

Як ҳамкори хонуми Баҳодурова мегӯяд: “Баъди зиндонӣ шудани писараш раҳбари литсей Шаҳодат Баҳодуроваро бо суханони “Писари ту ифротгаро аст” таҳқир карда ва ӯро сабукдӯш кард. Духтари Шаҳодат Баҳодурова низ аз донишкада ронда шуд. Ин занро такрор ба такрор мақомоти ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ барои бозпурсӣ даъват мекарданд. Дар ниҳоят, ин занро худро овехт. Дар номаи қабл аз маргаш дар ин бора навишта шуда буд”.

Бино ба иттилои манобеъи Радиои Озодӣ, ду соле қабл Шаҳзод Маҳмудхонов, писари хонуми Баҳодурова ба гумони узвият дар созмони ифротгаро ва паҳн кардани варақаҳои ифротгароӣ боздошт шуда буд.

Як ҳамкори дигари муаллима ба Радиои Озодӣ гуфт: “Замоне, ки ҳанӯз гуноҳи писараш исбот нашуда буд, муаллимаро дар маҳали кор ва зисташ шармсор карданд. Дар литсей навори видеоеро намоиш доданд, ки дар он писари Шаҳодат Баҳодурова варақа паҳн мекардааст”.

То ҳол ба Радиои Озодӣ имкони санҷидани ин иддао ва фарзияи аз камбуди пул дар буҷаи хонавода даст ба худкушӣ задани Шаҳодат Баҳодурова муяссар нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Сурат Икромов, раҳбари Гурӯҳи ташаббускори мудофеъони ҳуқуқи башари мустақил дар шаҳри Тошканд ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Ӯзбакистон дар ҳузури мардум шармсор кардани пайвандони маҳбусони мазҳабӣ як ҳодисаи маъмулӣ буда ва дар баъзе маворид ин амал авоқиби фоҷиаборро дар пай доштааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Икромов, ҳоло дар маҳбасҳои Ӯзбакистон ҳудуди 13 ҳазор нафар, ки бо далоили мазҳабӣ зиндонӣ шудаанд, нигаҳдорӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG