Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи Толибон дар шимоли Афғонистон кушта шуд


Афғонистон - Нерӯҳои амниятии Афғонистон дар атрофи фурӯдгоҳи Ҷалолобод, баъди суқути ҳавопаймои C- 300-и ИМА. 2 окбяри соли 2015.
Афғонистон - Нерӯҳои амниятии Афғонистон дар атрофи фурӯдгоҳи Ҷалолобод, баъди суқути ҳавопаймои C- 300-и ИМА. 2 окбяри соли 2015.

Мақомоти Афғонистон ва Толибон мегӯянд, ки як фармондеҳи аршади Толибон дар шимоли кишвар кушта шуд.

Сухангӯи вазорати дохилии Афғонистон Сиддиқ Сиддиқӣ рӯзи 27 феврал гуфт, ки Мулло Абдул Салом Охунд дар ҷараёни "як малиёти вежа" мавҳ шуд. Ӯ дар ин бора ҷузъиёти бештар надод.

Сухангӯи Толибон Забиҳуллоҳ Муҷоҳид ҳалокати Охундро по пахши як изҳорот тасдиқ кард.

Абдул Салом Охунд, фармондеҳи нерӯҳои Толибон дар вилояти шимолии Қундузро, дар гузашта низ чанд дафъа мурда эълон карданд, аммо ӯ ҳар дафъа зинда зоҳир мешуд.

Сухангӯи нерӯҳои Ийолоти Муттаҳида ба хабаргузории Reuters гуфт, ки нерӯҳои Амрико рӯзи 26 феврал ҳамлаҳои ҳавоиро ба Қундуз анҷом доданд аммо "тасдиқи натиҷааш" дастрас нашудааст.

Толибонду сол пайи ҳам маркази маъмурии вилояти Қундуз, шаҳри Қундузро ба муддати кӯтоҳ таҳти тасарруф дароварданд, ки боиси хиҷолати умдаи ҳукумати Кобул буд.

Марги Мулло Абдул Салом Охунд зарба ба Толибон аст, ки ҷангиёни он барои ҳамлаҳои баҳорӣ ба муқобили нерӯҳои давлатӣ омода мешаванд.

XS
SM
MD
LG