Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон ду сокини боздоштшудаи Тоҷикистонро "депорт" кард


Акси Ҳушёр Қобилов, яке аз ҷавонони ихроҷшуда

Акси Ҳушёр Қобилов, яке аз ҷавонони ихроҷшуда

Мақомоти Узбакистон ду сокини ноҳияи Конибодоми вилояти Суғдро, ки ба иттиҳоми марзшиканӣ боздошт карда буданд, 2 миллиону 300 ҳазорсӯмӣ ҷарима баста, аз кишварашон ихроҷ кардаанд.

Узбакистон ду сокини ҷавони ноҳияи Конибодоми вилояти Суғдро, ки дар охири моҳи июни соли ҷорӣ ба иттиҳоми марзшиканӣ боздошт карда буд, ба Тоҷикистон "депорт" намудааст. Тӯлқинбой Усмонов, яке аз ин ҷавонон, ки ҳангоми боздошт аз пояш тир хӯрда захмӣ гардид, рӯзи 24 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳе дар Узбакистон ҳар кадоме аз онҳоро барои гӯё марзшиканӣ 2 миллиону 300 ҳазор сӯм, муодили 4 ҳазору 500 сомонӣ, ҷарима бастааст.

"Дар додгоҳ ба мо гуфтанд, ки аз сарҳади Узбакистон гузаштаем ва бояд ин корро такрор накунем. Мо дар навбати худ гуфтем, ки аз сарҳад нагузашта будем, аз симхор дур будем. Вале гӯш накарданд, ҷарима бастанд ва сипас аз кишварашон ихроҷ намуданд," – афзуд Тӯлқинбой Усмонов.

Ба қавли ин сокини ноҳияи Конибодом, мақомоти Узбакистон онҳоро то гузаргоҳи Патар оварда, ба дасти марзбонҳои тоҷик супурдаанд. Вай илова кард, ки ҳоло захми пояш сиҳат нашуда, дар хона бо тавсияи табибон ба табобат машғул аст: "Поям ҳоло ҳам дард мекунад. Тир ба рони пойи ростам расид. Лангида, оҳиста – оҳиста роҳ мегардам. Чизи вазнин бардошта наметавонам."

Ба қавли мусоҳиби мо, ӯву рафиқаш - Ҳушёр Қобиловро сарҳадбонҳои узбак шоми 25 июн, ҳангоми говбонӣ дар наздикии хатти марз дастгир карда, вақти боздошт ба пойи Тӯлқинбой як тир задаанд. Дар ҳоле ки онҳо ва шоҳидони ҳол мегӯянд, ки ин ду ҷавони тоҷик сарҳади Узбакистонро нашикаста ё қасди гузаштан ба хоки ин кишварро надоштаанд, вале мақомоти сарҳадбонии Узбакистон бо нашри як иттилоия ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба талоши марзшиканӣ ва муқовимат ба сарҳадбонҳои ин кишвар муттаҳам карданд.

Ба гуфтаи мақомоти узбак, марзбонҳои он кишвар маҷбур шудаанд, ки дар пайи муқовимати ин ду шаҳрванди Тоҷикистон аввал ба ҳаво тир кушода, баъд ба пойи Тӯлқинбой Усмонови 30-сола тир зада, аз по афтонанд.

Мусоҳибони мо, Тӯлқинбой Усмонов ва Ҳушёр Қобилов мегӯянд, беш аз як моҳро дар зиндонҳои Узбакистон дар шароити сангин сипарӣ кардаанд. Мақомоти узбак баъд аз боздошт онҳоро аз ҳам ҷудо карда, Тӯлқинбойро наздик ба бемористони ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғона интиқол ва Ҳушёрро ба маҳбаси шаҳри Қӯқанд фиристодаанд.

Тӯлқинбой мегӯяд, "он ҷо шароити хеле бад дошт, дар як рӯз як бор ғизо медоданд. Бисёр азоб кашидам." Ҳушёр Қобилов, ҷавони дуюми аз боздошти Узбакистон раҳошуда мегӯяд, вай дар маҳбаси Қӯқанд дар шароити каме беҳтар нигаҳдорӣ мешуд ва як моҳро назар ба рафиқаш Тӯлқинбой сабуктар аз сар гузарондааст.

Ҳушёри 24-сола ва ҳам Тулқинбойи 30-сола ҳарду оиладор буда, ҳар кадом дуфарзандӣ доранд. Ҳар ду ҳам манзили худро надоранд ва дар хонаи падару модар зиндагӣ мекунанд ва ҳамсаронашон низ ҷое кор намекунанд.

Хатти сарҳади байни Тоҷикистону Узбакистон дар вилояти Суғд, ҳудуди 270 киламетр ҳанӯз муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Сокинони марзӣ вақти ҳезумкашӣ, шикор, говбонӣ ё зарурати дигар баъзан надониста ба мавзеъҳои баҳснок ворид мешаванд ва сарҳадбонҳои ин кишварҳо онҳоро дастгир ва ба сарҳадшиканӣ муттаҳам мекунанд. Дар мавзеи сарҳадии Патари Конибодом, ки Тӯлқинбойу Ҳушёр аз сӯи сарҳадбонҳои узбак он ҷо дастгир ва баъди беш аз 1 моҳи боздошт раҳо шуданд, як канал ё обгузари кӯҳна хатти сарҳади эҳтимолӣ дониста мешавад. Сокинони Патар мегӯянд, ки онҳо ба ин ҷо барои гову аспчаронӣ меоянд ва баъзан ба доми сарҳадбонҳои Узбакистон меафтанд.

XS
SM
MD
LG