Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти нақлиёти вилояти Суғд мегӯянд, худдории Убакистон аз истифодаи роҳи оҳани шимоли Тоҷикистон сол то сол бо зиёни бештари ҳар ду кишвар анҷом меёбад.

Бахши нақлиёт ва коммуникатсия дар ҳукумати Суғд мегӯяд, ҳоло борбарии тронзитии Узбакистон тавассути роҳи оҳани Суғд се баробар кам шудааст. Тошмуҳаммад Ашӯров, мудири ин бахш мегӯяд: “Соли гузашта Узбакистон тавассути роҳи оҳани мо беш аз 670 ҳазор тонна ва дар 6 моҳи аввали соли равон ҳудуди 300 ҳазор бор интиқол дод. Сол то сол борбарии транзитии Узбакистон кам мешавад. Албатта, ин бо зарари иқтисодии ҳар ду кишвар анҷом меёбад.”

Ҷаноби Ашӯров афзуд, барои қиёс, то соли 2010 Узбакистон бо роҳи оҳани вилояти Суғд аз Тошканд ба минтақаи водии Фарғонаи худ ва баръакс солона 2 -2.5 миллион тонна бор интиқол медод ва аз ин Тоҷикистон 30 миллион доллар боҷи гумрукӣ мегирифт.

Рустам Дӯстқулов, муовини сардори хадамоти боркашонии корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар вилояти Суғд мегӯянд, коҳиши тронзити қаторҳои боркаши Узбакистон бо дастури Тошканд аз охири соли 2009 бастагӣ дорад. Тибқи он, гузаштани қатораҳои бору мусофирбари Узбакистон аз қаламрави Тоҷикистон манъ шудааст. Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир убури тронзитии қатораҳои нафту сӯзишворикашони Узбакистон аз Тошканд ба минтақаи водии Фарғонаи ин кишвар тавассути роҳи оҳани Суғд тақрибан ба нуқтаи сифр расидааст:

“Солҳои охир Узбакистон боркашониро аз Тошканд бо роҳи автомобилгарди ағбаи Қамчиқ аз Оҳангарон (Ангрен) ба ноҳияи Поп ба роҳ мондааст. Онҳо мехоҳанд, ки аз ағба тавассути туннел роҳи оҳан ҳам созанд. Аммо тавре, ки медонем, ин туннел сохта шавад ҳам, бо он фақат қатораҳои одамбар гузаронида мешавад, қатораҳои боркаш боз ҳам бо роҳи мо хоҳанд рафт.”

Ба гуфтаи масъулони хадамоти мазкур, аз ин кори Тошканд ҳам Тоҷикистон ва ҳам худи Узбакистон зарарҳои молӣ мебардоранд. Узбакистон маҳсулоти нафтиву дигарро аз Оҳангарон (Ангрен) то ноҳияи Поп тавассути роҳи автомилгарди гарданаи Қамчиқ бо харҷи роҳи 20 маротиба гарон аз роҳи оҳани Хуҷанд мерасонад.

Ин дар ҳолест, ки бино ба хабарҳо, Узбакистон сохтани роҳи оҳани барқии Андиҷон - Попро тавассути ағбаи аз сатҳи баҳр 2 200 метр баланди Қамчиқ шурӯъ карда, ҳадаф дорад водии Фарғонаро бо боқӣ манотиқи Узбакистон бидуни убури Тоҷикистон бипайвандад. Панҷ сол пеш Узбакистон тавассути ин гардана як роҳи мошингард ҳам сохт, ки ягона роҳи заминии иртиботӣ байни Тошканд ва водии Фарғона аст.

То бунёди он роҳ Узбакистон маҷбур буд интиқоли молу коло ва мусофирон ба се вилояти водии Фарғона дар шарқи он кишварро тавассути қаламрави вилояти Суғди Тоҷикистон анҷом диҳад. Душанбе он замон дар ивази ин роҳи тронзитӣ аз ҳамсояаш газу барқ, маҳсулоти нафтӣ ва миқдоре семент мегирифт.

Дар канори раҳо ёфтан аз вобастагии роҳи Тоҷикистон бузургтарин умедвории Тошканд аз сохтани роҳи оҳани Оҳангарон – Поп тавассути гардана ин аст, ки он Узбакистонро тавассути роҳи оҳани Чин–Қирғизистон-Афғонистон–Эрон, бидуни убури хоки Қазоқистону Русия ба Чину Аврупо хоҳад пайваст ва зарфиятҳои транзитиашро хоҳад афзуд. Тоҷикистон бо вуҷуди талошҳояш аз иҷрои ин тарҳи минтақаӣ берун монд.

Вале Тошмуҳаммад Ашӯров, мудири бахши нақлиёт ва коммуникатсия дар ҳукумати Суғд мегӯяд, Душанбе имкони дигаре дар даст дорад, ки ба худ роҳи дигари тронзитие ба хориҷ боз кунад ва худро аз зери бори миннати Тошканд раҳо кунад: “Мо роҳу равиши нави ҳалли ин мушкилро ёфта истодаем. Агар тарҳи роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон татбиқ шавад, мо ба баҳру Аврупо роҳ меёбем. Ва дигар вобаста роҳи оҳани Узбакистон намемонем. ”

Дар ҳоли ҳозир Душанбеву Хуҷандро танҳо роҳи автомобилгард пайваст мекунад. Ва Тоҷикистон дар боркашонӣ байни ин қисматҳои худ ва ба берун, вобастаи Узбакистон аст. Марзҳои Узбакистон аз соли 2000-уми милодӣ барои ҳаракати нақлиёти ин ду кишвар бастааст.

Аз нигоҳи иқтисодшинос Аброри Мирсаид, доктори улуми иқтисодӣ дар Донишгоҳи ҳуқуқ тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд, чунин равиши Тошкандро канор гирифтани худ аз ҷараёни ҷаҳонишавӣ меномад ва мегӯяд:

"Тошканд як сиёсати расонидани иқтисоди миллии худ ба мустақилияти комилро пеш гирифта, мехоҳад аминияти иқтисодии худро таъмин кунад ва тобеияташ аз иқтисоди ҷаҳониро коҳиш диҳад. Вале дар давраи ҷаҳонишавии кишварҳо ин гуна сиёсати ҷудоихоҳиву бартариҷӯӣ ва «дар инҳисори иқтисодӣ» гузоштани як кишвари ҳамсоя бар нафъи ягон давлати Осиёи Марказӣ нест."

Аз нигоҳи ин таҳлилгар, мушкили роҳ байни Узбакистону Тоҷикистон кӯтоҳмуддат аст ва равандҳои ҷаҳонишавӣ кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбакистонро маҷбур хоҳад кард, оянда боз ҳам ба низоми ягонаи энерживу нақлиётӣ баргарданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG