Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканд хисороти Душанберо ҷуброн кард


Узбакистон ҳашт вагони қатори самти Душанбе-Конибодомро, ки моҳи гузашта дар қаламрави ин кишвар ба садама дучор шуд, таъмир кард ва ба Тоҷикистон супурд.

Маҳмадюсуф Абдураҳмонов, сардори хадамоти мусофирбарии ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон рӯзи 5-ум ноябр ба Озодӣ хабари таъмиру тармими 8 вагони идораи Роҳи оҳанро, ки дар Ҷиззахи Узбакистон тахриб шуда буданд, тасдиқ кард ва гуфт, ки ҳамаи вагонҳо баргардонида ва феълан ба истифода дода шудаанд. Ин манбаъ афзуд, «комиссияи фании мо ин вагонҳоро қабул кард ва он ӯҳдадорие, ки мақомоти идораи Роҳи оҳани Узбакистон бар дӯш гирифта буд, иҷро кардааст.»

Аммо дар хусуси ҷуброни зарари ҷисмонӣ дидани сарбозони Вазорати дифоъ ҷаноби Маҳмадюсуфов афзуд, ки ин масъалаи дигар аст ва ба соҳаи онҳо рабт надорад, чун онҳо танҳо дар мавриди вагонҳо талаби худро пеш гузошта буданд.

Қатори Душанбе – Конибодом бо 267 сарнишин, ки ҳудуди 200 нафараш наваскарон будаанд, субҳи 10 октябр дар роҳи байни истгоҳҳои Булунғӯр ва Ғаллаарал дар ҳудуди вилояти Ҷиззахи Узбакистон аз масир берун шуд. Худи ҳамон рӯз сарнишинони ин қаторро тавассути як қатори дигар ба истгоҳи Спитамени вилояти Суғд фиристодаанд. Дар натиҷаи ин садама 8 вагон тахриб шуда ва 44 наваскарони вазорати дифоъи Тоҷикистон маҷруҳ шуданд.

Ва тавре намояндагони мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, садама бо айби ширкати Роҳи оҳани Узбакистон рух додааст, зеро аз он ки қитъаи роҳи оҳан дар вилояти Ҷиззахро тармим мекард, ҷониби Тоҷикистонро дар ҷараён нагузоштааст.

Маҳмадюсуф Абдураҳмонов, сардори Хадамоти мусофирбари ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, ҷониби Узбакистон мебоист аз қабл мошинисти тепловозро аз суръати мумкини ҳаракат дар маҳалли таъмири роҳи оҳан огоҳ мекард, вале ин корро накард ва дар натиҷа бо суръати баланд ҳаракат кардани қатор дар ин қитъаи роҳ боиси садама шудааст.
XS
SM
MD
LG