Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон марзҳояшро ба рӯи ҳамсояҳо баст


Дар яке аз гузаргоҳҳои марзи Узбакистон
Дар яке аз гузаргоҳҳои марзи Узбакистон

Узбакистон аз 15 июн марзҳояшро барои равуои мардум ва убуру мурури нақлиёт бастааст. Гуфта мешавад, ин маҳдудиятҳо ба нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки рӯзҳои 23-24 июн дар Тошканд, пойтахти Узбакистон доир мешавад, рабт дошта, то 25 июн марзҳои Узбакистон ба рӯи 4 кишвари ҳаммарзаш – Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон – баста хоҳанд монд. Худи мақомоти Узбакистон дар бораи маҳдудиятҳои ҷоришуда дар роҳи равуои мардум ва ҳаракати нақлиёт дар марзҳои ин кишвар ҳанӯз шарҳи расмие надодаанд.

Вале Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи сарраёсати нирӯҳои сарҳадии Тоҷикистон рӯзи 15 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, равуо дар марзҳо аз ҷониби Узбакистон маҳдуд карда шудааст, вале тамоми нуқтаҳои сарҳадиву гумрукӣ аз тарафи Тоҷикистон дар марз бо Узбакистон ба сурати комил фаъолият доранд. Улуғхоҷаев гуфт, ҷониби Узбакистон аз қабл мақомоти марзбонии Тоҷикистонро дар ҷараён гузошт, ки убуру мурур аз марзҳояш ба далели омодагиҳои амниятӣ ба нишасти сарони Созмони Шанхай дар Тошканд маҳдуд карда мешаванд.

Чаро Узбакистон марзҳояшро мебандад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:09 0:00
Линки мустақим

Соҷира Ҷаколоева, сухангӯи Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 15 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи маҳдудиятҳои ҷоришуда дар марзҳои Узбакистон бо ҳамсояҳояш тафсилоти бештар дод:

Соҷира Ҷаколоева: Ҷумҳурии Узбакистон аз 15 то 25 июн убуру мурури шаҳрвандон, васоили нақлиёт ва борҳо аз Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ба қаламрави Узбакистонро манъ кардааст. Танҳо истисно ба сокинони ҷазирақаламрави Бараки Узбакистон, ки дар дохили ноҳияи Қаросӯи вилояти Ӯши Қирғизистон ҷойгир аст, дода шудааст. Сокинони Барак ҳақ доранд, тибқи режими маъмулӣ аз марзи Қирғизистону Узбакистон убуру мурур кунанд. Маҳдудиятҳои ҷоришуда ба сокинони Барак дахл надоранд.

Радиои Озодӣ: Аммо ба сокинони Сӯх – ҷазирақаламрави дигари Узбакистон чӣ?

Соҷира Ҷаколоева: Тамоми гузаргоҳҳои дигар дар марзи Узбакистон бо Қирғизистон баста шудааст. Аз ҷумла бо минтақаи Сӯх.

Радиои Озодӣ: Вале режими кори гузаргоҳҳои марзӣ аз тарафи Қирғизистон чӣ гуна аст?

Соҷира Ҷаколоева: Аз ҷониби Қирғизистон ягон маҳдудият ҷорӣ нашудааст ва мардум ва ҳам васоили нақлиёт аз тарафи Узбакистон ва кишварҳои дигари ҳамсоя метавонанд бидуни ягон мамониат ба қаламрави Қирғизистон ворид шаванд. Аммо ба тарафи Узбакистон, тавре дар номаашон гуфта мешавад, то 25 июн вуруди ҳам мардуму ҳам мошинҳо мамнӯъ аст.

Радиои Озодӣ: Дар ин номаи Хадамоти марзбонии Узбакиcтон оё сабаби расмии ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо дар марз гуфта шудааст?

Соҷира Ҷаколоева: Расман гуфта нашудааст, вале ба эҳтимоли ғолиб ин ба нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки рӯзҳои 23-24 июн дар Тошканд доир мешавад, бастагӣ дорад. Ин маҳдудиятҳо зоҳиран ба ҳамин нишаст рабт доранд.

Марзҳои Узбакистон дар маҷмӯъ 6221 километрро ташкил медиҳанд, аз ҷумла бо Қазоқистон – 2203 километр, бо Туркманистон – 1621 километр, бо Тоҷикистон – 1161 километр, бо Қирғизистон - 1099 километр ва бо Афғонистон – 139 километр.

Мақомоти Узбакистон дар пешорӯи маъракаву ҷашнҳо ва нишастҳои муҳим ҳамеша марзҳояшро ба рӯи кишварҳои ҳамсоя мебандад. Аз ҷумла ҳар сол дар остонаи рӯзи истиқлоли Узбакистон, ки 1 сентябр таҷлил мешавад, чанд рӯз қаблу чанд рӯз баъди ин ҷашн марзҳои Узбакистон ба рӯи ҳамаи ҳамсояҳояш баста мешаванд.

Ин иқдомҳое, ки ба гуфтаи мақомоти Узбакистон, ба далоили амниятӣ гирифта мешаванд, барои мардуме, ки бо зарурати рӯзгор, аз ҷумла барои аёдати хешовандон ё ширкат дар тӯю азои наздикони худ бояд ба Узбакистон сафар кунанд, дарди сари зиёд меофарад. Баста шудани марзҳо барои чанд ҳафта ба ширкатҳои тиҷориву соҳибкорони алоҳида, ки тиҷораташон бо Узбакистон ваё аз тариқи марзу қаламрави Узбакистон анҷом мешавад, низ мушкилоти фаровон эҷод мекунад ва дар амал боиси кунд шудани фаъолиятҳои тиҷорӣ ва коҳиши содироту воридоти худи Узбакистон дар ин рӯзҳои баста будани марзҳояш мегардад.

Сарони кишварҳои узви Созмони Шанхай
Сарони кишварҳои узви Созмони Шанхай

Созмони ҳамкориҳои Шанхай Чину Русия, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистону Тоҷикистонро муттаҳид мекунад. Чанд кишвари дигар, аз ҷумла Афғонистон, Муғулистон, Ҳинду Покистон ва Эрон дар ин созмон мақоми нозирро доранд. Нишасти Тошканд ба раёсати яксолаи Узбакистон дар Созмони Шанхай нуқтаи таммат мегузорад.

Интизор меравад, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ барои ширкат дар нишасти сарони Созмони Шанхай ба Тошканд сафар кунад. Дар Душанбе умедворанд, ки ин сафар ва мулоқоти эҳтимолии Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои узбакаш Ислом Каримов дар ҳошияи нишасти Шанхай битавонад ба ҳалли мушкилоти ҷамъшуда дар равобити Душанбеву Тошканд мусоидат кунад.

XS
SM
MD
LG