Пайвандҳои дастрасӣ

Манъи тарҷумаи манзуми Қуръон дар Ӯзбакистон


Шоири Халқии Ӯзбакистон, Ҷамол Камол

Шоири Халқии Ӯзбакистон, Ҷамол Камол

Кумитаи дини Ӯзбакистон ба нашри тарҷумаи манзуми Қуръон иҷоза надод. Китоби муқаддаси дини Исломро шоири шинохтаи узбак Ҷамол Камол ба забони шеър оварда буд.

Пас аз баҳсу баррасиҳои тӯлонӣ, Кумитаи давлатии умури дини Ӯзбакистон ба нашри Қуръон дар тарҷумаи шоири саршиноси ин кишвар Ҷамол Камол рухсат надод. Бино бар маълумоти расмӣ, аксари имом-хатибони масоҷиди Ӯзбакистон гуфтаанд, баргардони Қуръон ба шеър мумкин нест.

Ин тарҷумаро Шоири халқии Ӯзбакистон Ҷамол Камол, бо пешниҳод ва зери назари Шӯрои ҳомиёни ҷамъияти “Муфтӣ Бобохонов” анҷом додааст. Раҳбари ин шӯро Анвар Ҳусайнов мегӯяд: “Кумита ин асарро бо имом-хатибони як қатор вилоятҳо баррасӣ кард. Дар хулосаи онҳо омадааст, ки “Қуръон ҳаргиз ба шеър баргардон нашӯудааст.” Ин далел бисёр суст аст, чунки Қуръони карим ба забонҳои зиёде тарҷума шудааст, аз ҷумла ба англисӣ, фаронсавӣ, форсӣ. Ба русӣ ҳам баргардон шудааст. Ман ҳамчунин ба тарҷумаи назмии русии он раҳбарӣ мекунам.”

Раиси Шӯрои ҳомиёни ҷамъияти “Муфтӣ Бобохонов” дар суҳбатбо Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ ҳамчунин гуфт, ҳоло ин ниҳод дар посух ба хулосаи уламо номаи эътирозии худро омода ва ба Кумитаи дин пешниҳод кардааст. Вай изҳори умедворӣ кард, ки дар ҳамкорӣ бо Идораи мусулмонони Узбакистон ва дар чаҳорчӯби қонунҳои мавҷудаи ин кишвар хоҳад тавонист, ки тарҷумаи шеърии Қуръонро ба чоп расонад.

Муаллифи тарҷума, шоир Ҷамол Камол аз шарҳи қазия худдорӣ намуд. Ин дар ҳолест, ки матбуоти Ӯзбакистон аз ҷараёни кори ӯ дар баргардони Қуръон ба назм борҳо хабар дода ва гуфта буд, ки муовини раиси Идораи мусулмонони Узбакистон шайх Абдулазиз Мансур яке аз пуштибонони фаъоли ин лоиҳа аст.

То ин дам тарҷумаи ӯзбакии Қуръон, ки ба қалами донимшанди маъруфи ин кишвар Олтинхонтӯра Тарозӣ аз беҳтарин баргардонҳои китоби муқаддас ба забони ӯзбакӣ ба шумор меравад. Ин тарҷума дар қарни гузашта сурат гирифта, бо хатти арабиасоси ӯзбакӣ китобат ва нашр шудааст ва дар байни мусулмонони Ӯзбакистон эътибори хос дорад.

Аммо баргардони расмии Қуръон дар Ӯзбакистон соли 1991 дар маҷаллаи "Шарқ юлдузи" аз тарафи шайх Алоуддин Мансур чоп шудааст. Дертар баргардони шайх Абдулазиз Мансур низ нашр шуда, эътибор пайдо кардааст.

Дар Тоҷикистон даҳҳо тарҷумаи форсӣ-тоҷикии Қуръон нашр шуда, баргардони манзуми 30 порча аз ин китоби муқаддас бо иҷозаи Кумитаи дини Тоҷикистон дар соли равон ба хатти кириллик чоп шуд. Ин тарҷума ба қалами шоири эронӣ Умед Маҷид тааллуқ дорад.

Пештар, дар соли 2011 порчаҳое аз тарҷумаи манзуми Қуръон ба қалами донишманди эронӣ Ҳасани Роҳатии Сабзаворӣ низ дар Тоҷикистон мунташир шудаанд.

Дар соли 2013 Додгоҳи федеролии Русия, яке аз тарҷумаҳои Қуръонро ба забони русӣ тунгароёна эълон ва нашри онро манъ кард. Ин баргардон якҷо бо тафсир дар соли 2002 дар Арабистони Саудӣ аз тарафи Элмир Қулиев анҷом шуда буд. Ҳукми додгоҳ вокуниши манфии мусулмонони Русияро ба бор овард.

Дар солҳои 90 шоири тоҷик Саидалии Саид таҳти таҳрири рӯҳонии шинохта Исмоил Пирмуҳаммадзода китоби "Тафсири зарнигор"-ро нашр карда буд, ки дар он оятҳои Қуръон бо шеър тафсир мешуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG